Комментарии
- 15 апр 2020 08:05Кисаи хуб неке якчо ша хато нависонден Падар хук бошад хукбонишкун инхелнест Падар хук бошад хуб бонишкун хукбонине
- Комментарий удалён.
- Комментарий удалён.
- 15 апр 2020 13:11э ааҳсан ба ин муаллимаи азиз ки чи қадар вазминиҳо ба мубориза бурданд
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Қиссаҳои ҳаёти
ИМТИХОНИ ЗИНДАГИ.
Кисми 3...
Модараш гуфт:
- У падари ту нест, агар туро дуст медошт, намепартофт. Аккалан як маротиба хабар мегирифт - гуён гиря кард.
Амончон ашки чашмони модарро пок карда гуфт:
- Модарчон, ман токати дигар ашки чашмони Шуморо дидан надорам, гиря накунед. Чи ки буд, хамаш гузашт. Ситора ба ман гуфт, ки падарам бемор аст. Ман мехохам уро бубинам. Гузаштагони мо гуфтаанд "агар падарат хук бошад, хукбони кун". Модарчон не нагуед, илтимос мекунам.
Модар ночор рози шуд. Амончон хурсанд шуда, аз рухсораи модараш бусид.
У хамрохи Ситора бо дастовезе ба хонаи падараш рафтанд. Онхоро зани падараш пешвоз гирифт. Падараш хоб буд, овози Ситораро шунида чашмашро кушода, бо Ситора гарму чушон холпурси кард. Ситора гуфт:
- Падар, ана Амончон барои хабаргирии Шумо омадааст.
Падараш ба Амончон нигох карда, забонаш лол шуд, ашк аз чашмонаш чори шуд. Бовар намекард, ки у хамин хел чавони зебо шудааст. Наход хамин писари ман бошад аз дил мегузаронид.
Амончон падарашро сахт ба огуш гирифт. Ашк аз чашмони падар чори мешуд. Падараш худро дар назди писараш гунахкор мехисобид. Ба руи писараш менигаристу, чизе гуфта наметавонист.
Амончон пурсид:
- Дада, ба Шумо чи шуд? Кучоятон дард мекунад. Ман Шуморо ба духтур бурда нишон дихам.
Падар чизе нагуфта мегирист. Зани падараш гуфт:
- Ду сол инчониб пойхояшон дард мекунад, холо рох гашта наметавонанд.
Амончон гуфт:
- Ман пагох барвакт омада, Шуморо ба духтур мебарам.
Падараш гуфт:
- Ташвиш накаш. Ман дуруст хастам.
Онхо хайру хуш карда ба хона омаданд. Ситора ба модараш гуфт:
- Саломатии падарам хуб нест, рох гашта наметавонанд.
Хабиба як охи чукуре кашиду чизе нагуфт.
Амончон падарашро ба духтурхо нишон дода, уро ба беморхона бистари кард. У харруз падарашро хабар мегирифт. Хонахои падараш таъмирталаб буд. Хамаи хонахои падарашро аз таъмири хушсифат баровард. Падараш каме бехтар шуда, ба хона омада хайрон шуда, аз занаш пурсид:
- Хонахоро ки таъмир кард?
Занаш гуфт:
- Амончон якчанд устохоро оварда, таъмир карданд.
Падараш аз хурсанди мегирист.
Як руз ба хонаи Хабиба як зан омада гуфт:
- Хохари мехрубон,, ман низ як зани аламзада хастам, ба назди Шумо ба як маслихат омадам - гуен гиря карда накл кард. Духтарчаам Дилшода вакти хафт мохагиаш бо пойхояш ба ангишти сухтаистодаи сандали афтода, панчахои хамаи пойхояшро сухт. Хозир рохгардияш безеб ва душвор аст. Ман мехохам уро табобат кунам.
Хабиба уро нагз мехмондори карда, саргузашти талхи худро накл кард. Шукр мекард,ки ба хамин рузи нек расид. Ба зан маслихати хуб дода, уро гусел кард. Зан хурсанд шуда, хайру хуш карда баромада рафт.
Амончон аз даромади корхонааш, хамаи маблаги аз хушдомани Ситора гирифтаро баргардонид.
Хушдомани Ситора рад карда гуфт:
- Ин хел накунед, мо бо розигиамон ба шумо ёрдам кардем. Дар назди иззату хурмат, инсонигари, якдигарфахми пул кадре надорад. Боре рахматии падарам гуфта буданд "Пулро дуст надоред,.аз кафои у надавед. Аз кафои инсонигари давед, аз паси ба мухточ мадад кардан давед".
Хабибаро аз чашмонаш ашк чори мешуд.
Амончон модар ва хушдомани Ситораро ба хонаи Худо Хач фиристонид. Онхо Макка ва Мадинаро зиёрат карда омаданд. Моххо мегузашт, Ситора писарчадор шуд. Хурсандии онхо хадду канор надошт. Зиндагии онхо оромонаю хурсандона мегузашт.
Як руз Дилшода (духтарчаи посухта) бо модараш ба хонаи Хабиба омад. Онхо якдигарро хохарвор ба огуш гирифтанд. Аз хурсанди ашк аз чашмонашон чори мешуд.
Модари Дилшода гуфт:
- Хохари мехрубон, Шумо ба дуруст шудани пойхои духтарам сабаб шудед. Дилшода акнун бедушвори рох мегардад.
Онхоро нагз мехмондори карданд ва Амончон онхоро то хонаашон бурда монд. Дилшода духтараки зебо буд. Хабиба бо кудо ва Ситора маслихат карда, ба хонаи онхо хостгор шуданд. Модари Дилшода хурсанд шуда, розиги дод. Амончон пеш аз туй ба назди падараш рафта, аз падар фотиха гирифт. Хамаи онхоро ба туй таклиф кард. Падар фотиха дода мегирист. Баъди туи Амончон, саломатии падараш бад шуд. Амончон шабу руз дар назди падар буд.
Як руз падараш Хабибаро даъват кард. Хабиба хамрохи духтараш ба наздаш омад. Ахволи шавхарашро дида рахмаш омад. Шавхараш аз Хабиба розиги пурсид.
Хабиба гуфт:
- Ман аз Шумо хафа нестам, ман рози хастам. Ин хама имтихони зиндаги буд, ки Худованд дар пешониам навишта буд - ва ашкашро пок карда хеста рафт. Падараш аз дасти Амончон об нушиду, чон ба хак супорид.
Зиндаги печу тоби зиёд дорад. Бояд ба хамаш шукр кард. Ба душворию талхии хаёт бояд токат кард. Аз гаму дарду душвори бояд рухафтода нашуд. Ин душворию талхии хаёт гузаранда аст. Рузе мерасад ин торики ба равшани, талхи ба ширини, гаму андух ба хурсанди мубаддал мешавад, чунонки гуфтаанд: Поёни шаби сиёх сафед аст.