Ишқи сархӯр Қисми 1...

Собир ба қавле бачаи талбидагии модар ба шумор мерафт, зеро баъд аз даҳ соли дар мазорҳо чароғ мондану аз Худо зора карданҳо ба дунё омада буд. Собир дусола буд, ки падараш аз дунё гузашт, вале Гулзор-хола дигар ёди шавҳар накарда, ба тарбияи писари ягонааш машғул шуд. Ин бонуи меҳнатӣ дар ҷавонияш говҷӯши номдоре буд ва баъди таъсис ёфтани аввалин фермаи шахсӣ дар ноҳия ӯро чун мутахассиси таҷрибадор ба кор даъват карданд. Собир низ ёрдамчии модар буду зиндагии тинҷу осудае доштанд, писарак баъди дарс дав-давон назди модар мерафту баъди кор онҳо якҷоя бо табъи болида ба хона бармегаштанд. Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Собир оҳиста-оҳиста қад кашида, ҷавони зебое шуд, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, бо маслиҳатҳои модари меҳрубон роҳи пойтахтро пеш гирифт. Азбаски дониши хуб дошт, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуда, дар риштаи иқтисод ба таҳсил сар кард. Гулзор-хола Худоро зора мекард, ки ба бачаи талбидааш тавфиқу имон диҳад то дар шаҳрҳои бегона ба роҳи баде нарвад. Собир баъд аз дарс худро ба ҳар кор мезад то пуле барои таҳсил ёбаду модари бечораашро камтар ғусса диҳад.
Лутфи қисмат
Дар наздикии хобгоҳи Собир супермаркети калоне буд, ҷавон бо яке аз кормандони он шиносоӣ дошту ҳар гоҳи омадани бор шиносаш ӯро ба ёрӣ даъват мекард. Бист-сӣ сомонӣ ҳам ёбад, хурсанд мешуд ҷавони камбағал, дар яке аз чунин рӯзҳо зани калонсоле омада, борфарории онҳоро назорат карда, ба ӯ хуб зеҳн монд. Шиносаш зери лаб ба Собир гуфт: -Агар раиса пурсад, ки ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, гӯй, ки писараммаи ман ҳастию барои ёриям омадаӣ, вагарна ҳардуямон аз кор мемонем. Ҳамин дам зан гуфтугӯи онҳоро шунидагӣ барин, Собирро наздаш ҷеғ зада гуфт:- Ту ҷавони нағз ин ҷо чӣ кор мекунӣ?- Собир, ки дар умраш дурӯғ нагуфта буд, чунин посух дод: -Ману Бароталӣ, ана ҳамин корманди шумо ҷӯраем, ӯ танқисии ҳаёти маро медонад, аз ин рӯ баъзе корҳо пайдо шавад, даъватам намуда, пули гирифтаашро бо ман тақсим мекунад. -Дасти якдигарро гирифтан нағзу ту аслан чӣ ҳунар дорӣ,- бозпурсӣ кард раиса,- ман донишҷӯям, падар надорам, модарам дар як фермаи шахсӣ говҷӯш аст, бисёр мехоҳам, ӯро ташвиш надиҳам. Бо шунидани иқрори рӯирости ҷавон симои раиса тағир ёфт ва илова кард: - Ман туро ба ҳайси маслиҳатчӣ дар растаи маҳсулоти ширӣ ба кор мегирам, аз фардо баъди дарс ба кор биё!- Пеш аз хайрухуш раиса боз савол дод:-Номат чӣ буд? -Собир,- саросема ҷавоб дод ҷавон.- Бароталӣ, рафиқи тасодуфии Собир, ки аслан бачаи шаҳр ва бемиён буду танҳо барои фаровардани борҳои вазнин рафиқи қишлоқияшро ҷеғ мезад, ин гуна ранг гирифтани воқеаро дида, ба китфи Собир тап-тап зада, изҳори хурсандӣ кард: -Як зиёфат қарздор шудӣ ҷӯра, агар донӣ, ки маслиҳатчии растаи маҳсулоти ширӣ чанд сомонӣ маош мегирад, аз хурсандӣ кафида мемурӣ!
Меҳрубонии раиса
Собир аз барори кораш хурсанд ба хобгоҳ баргашту рӯзи дигар пеш аз соати корӣ ба коргоҳ ҳозир шуд, раиса низ расида омад ва ба сарвари мағоза марди мӯйлабдори ҷиддӣ фармон дод, ки ба коргари нав нозукиҳои корашро фаҳмонад. -Ман Собирҷонро барои он ба растаи масолеҳи ширӣ ба кор гирифтаам, ки аз рӯи гуфти худаш модараш як умр говҷӯш будааст,- бо ханда гуфт раиса, ки атрофиён дар ҳузураш ӯро Сайҳуна Бахтиёровна меномиданд. Собирҷон аз таҳти дил ба кор часпид, ӯ ғайр аз маслиҳат додан ба харидорон, ки ин шир чӣ гуна асту ин қаймоқ чӣ хел, боз ба тозагии растааш, ки аслан кори дигарон буд, аҳамияти ҷиддӣ медод. Раиса зуд-зуд омада, корманди навро ба сӯҳбат мекашид, маоши Собирҷон ҳазор сомонӣ бошад ҳам, “ту донишҷӯй ҳастӣ” гуфта, ба вай панҷсад сомонии дигар иловагӣ дод. Пас аз ду моҳи корӣ раиса ба Собирҷон гуфт, ки сехи коркарди шир кушоданисту ӯро барои бастани шартнома ба деҳа ба фермае мефиристад, ки модараш он ҷо кор мекунад. Ҷавон аз ин таклиф худашро гум карда, чӣ гуфтанашро намедонист, аммо Сайҳуна бо нигоҳи гарму меҳрубонона гуфт: Ман барои ин ба ту пул медиҳам ва аз мудири ферма талаб мекунам, ки ба модарат чун намояндаи мо маоши иловагӣ муқаррар намояд. Собирҷон ба ин зани меҳрубон бо миннатдорӣ нигариста, розӣ шуд, охир кӣ чунин бахтро пеши по мезанад, боз дар ҳамин замона. Давом дорад...

Комментарии

  • 28 авг 2023 19:45
    Раиса ошики Собир барои хами хуби кардест хамаш як афсона но интересно успокоит нервы
  • 28 авг 2023 22:43
    Давомаш
  • 28 авг 2023 22:43
    Кай
  • 31 авг 2023 08:40
    Давамаша навис мардум ждать дорад
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • 18 сен 2023 22:52
    Охирш ранги кинои хомиён шуд ку
  • Комментарий удалён.
  • 24 сен 2023 13:20
    Собирҷон, ки акнун курси аввалро хатм мекарду бори аввал ба деҳа мерафт, аз ҳисоби пулҳои ҷамънамудааш барои модараш як телевизори плазмавӣ, телефони мобилии нав, куртавору пойафзол харид, боз раиса барои модарат тӯҳфа гӯён, қанду қурси зиёду як ҷуфт гӯшвораи тилло низ харида дод. Модар писарашро бо савғои зиёд, хандону болидарӯҳ фарбеҳу сафеду покиза дида, сараш ба осмон расид. Ҳамон бегоҳ ҳамкорони модараш бо ҳамроҳии мудири ферма Асад-амак ба дидани Собирҷон омаданд, ҳама занон дар нӯги остинашон барои бачаи донишҷӯяшон чизе оварда буданду Гулзор-хола дастархони идона ороста, онҳоро меҳмон кард. Дар омади гап Собир дар бораи раисаи накӯкор ва шартномааш гап кушода, сари ҳамкорони модарашро ба осмон расонд. Асад-амак аз ҷояш хеста, Собирро ба оғӯш кашида гуфт: -Гулзор, ту як писар дорию шаҳбоз-писар, беҳуда намегӯянд, ки гӯсолаи шуданӣ, аз хушаи думаш маълум аст! Инака бин-а, дар пойтахт истода ғами фермаи моро хӯрда гаштааст!- Ҳамин тавр Собир мушкили ҳамкорони модарашро осон карду пас аз як моҳ Сайҳуна Бахтиёровна мошини махсусро ҳар ҳафта чор бор барои харидани шир ба деҳаи онҳо мефиристод. Дар як муддати кутоҳ, таъмири капиталии ферма гузаронида шуду яхдонҳои бузург барои нигаҳдории шир шинонида шуданд. Гулзор-хола ба писари қоматбаланди зебояш, ки акнун ба риштаи ғоибона гузашта, дар сехи коркарди шири Сайҳуна роҳбар буд, ба ҳавас нигариста Худоро шукрона мекард. Сафари хориҷа Ҳарчанд Сайҳуна зуд-зуд Собирро ба тарабхонаҳо даъват кунаду дар бораи вай ҳама чизро донад ҳам, боре ҳам аз зиндагии шахсияш лаб во намекард, вале… Як рӯз Сайҳуна ба назди Собир омада гуфт: -Собирҷон, тайёриятро бин, ба Туркия меравем, як таҷҳизоти коркарди қаймоқро харидорӣ намудан лозим, якҷоя бошем, беҳтар аст. Собир бо дилу ҷон розӣ шуд, Сайҳуна ҳуҷҷатҳои ӯро барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ талаб карду баъди ду ҳафта аллакай онҳо дар Туркия буданд. Собир бори аввал дар хориҷа буду дар муносибат бо одитарин ашё душворӣ мекашид, Сайҳуна бо меҳрубонӣ ёрияш мекарду бо шухӣ мегуфт: -Ҳолӣ бало мешавӣ, балое, ки боз маро дарс мегӯӣ! Шаби аввали мусофират онҳо то дер сӯҳбат карда, баъд ҳар кас ба ҳуҷраи худаш гузашт, шоми дигар онҳо ба меҳмонхонаи бошукӯҳе рафтанду пас аз ғизои шом ҳар ду ба ҳуҷрае гузаштанд, ки як рахти хоби хеле бошукӯҳ дошт. Сайҳуна Собирро гарм ба оғӯш кашида, лабонашро ба лабони ҷавони ҳайратзада гузошт, Собир худро гум кард, зеро бори аввал гармии оғӯши занро медид, аммо майи сурхе, ки Сайҳуна ба ӯ дору аст гӯён, нӯшонида буд, таъсири
  • 24 сен 2023 13:24
    таъсири худро гузошту.... Ишқи нобаробар Субҳ Собир худро дар оғӯши Сайҳуна дарёфта, шарм дошт, аммо зан аз нав лабони бӯсахоҳашро ба лабони ҷавон часпонида, ӯро аз шарм раҳониду гуфт: - Собир, ман аз ту бист сол калонам, ҳатто аз модарат ду сол калонам, вале чӣ кунам, ба ту ошиқ шудаам. Медонӣ, баъде, ки шавҳарам ба ман хиёнат карда, ба духтархолаам, ки дугонаи беҳтаринам низ буд, издивоҷ кард, дилам аз ҷинси мард монд, вале ҳамон рӯзе туро дидам, худамро зан эҳсос кардам. Фарзанди ягонаи ман Ясмин аз ту як сол бузургтар аст, бисту як сол дорад ва ҳамроҳи шавҳараш дар Канада зиндагӣ мекунад. Ӯ афғонеро дӯст дошт ва ба нею нестони ман нигоҳ накарда, ҳамсари ӯ шуда ба Канада рафт, инак ман мондааму давлату сарватам, хонаҳои бошукӯҳу холиям. Як апа дорам, дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, дар як сол як бор дидор мебинем. Падару модарам аз дунё рафтаанд, бо хешу таборам аз дасти духтархолаам гап намезанам, ба онҳо бовар намекунам, мардони зиёде мехоҳанд диламро ба даст оранд, вале дили ман дар дасти туст, чӣ бояд кард?- Ду ҳафтаи бо ҳам дар хориҷа будан Собирро волаю шайдои Сайҳуна кард, ҷавони дар умраш оғӯши занро надида ширеш барин ба зани ҳамсоли модараш часпида буд. Зану шавҳар Баъди сафари Туркия Собиру Сайҳуна никоҳи мусулмонӣ намуда, зиндагии якҷоя оғоз карданд. Дар хонаи панҷҳуҷрадори серҷиҳозу зебои маркази шаҳр, дигар тамоми кору бори Сайҳунаро Собир ба анҷом мерасонид. Пас аз як соли зиндагии якҷоя писарчаашон Самирҷон ба дунё омаду дигар барои Собир фарқе надошт, ки ҳамсараш ҳамсоли модараш аст ё аз бибияш. Вале панҷ соли дар пойтахт будани Собир ба охир расиду ӯ донишгоҳро хатм карда, дипломашро гирифт, вале алаккай чун тоҷир дар ҷомеа мавқеи худро ёфта буд. Сайҳуна баъди тавлиди писараш хеле кам ба тиҷораташ мароқ зоҳир мекард ва ҳама кору борашро шавҳари ҷавонаш ба субут мерасонид. Ба хотири ба писараш додани насаби худаш Собир бо Сайҳуна аз ақди никоҳи давлатӣ гузашта, зану шавҳари қонунӣ шуданд. Собир ҳар дафъа ба хабаргирии модараш бо мошини гаронбаҳои хориҷӣ ва тӯҳфаҳои зиёде мерафт, ин дафъа ҳам чунин буд, вале Гулзорхола писарашро бо табъи гирифта хушомадӣ намуда гуфт:
  • 24 сен 2023 13:25
    Бачам, ман пир шудаам, агар ягон дӯстдошта дорӣ, бигӯ то ба хостгорӣ рафта, армон шиканам, то кай бо сари қоқ танҳо мегардам? Духтурон мегӯянд, ки аҳволи дилам он қадар хуб нест… -Собирҷон модарашро зиёд дӯст медошт ва гапро ба дигар сӯ бурда гуфт:-Очаҷон, ягон дугонаатонро ҳамроҳ гирифта, ба осоишгоҳи «Баҳористон» рафта, дам гирифта биёед. Баъд масъалаи зангирии манро ҳал мекунем. Холаи Гулзор розӣ шуд ва баъди омадан аз осоишгоҳ занг зада, Собирро ба маслиҳат даъват кард
  • 24 сен 2023 13:45
    Қисми 3
    Давомаш ... Собир чандин бор Сайҳунаро зорӣ кард, ки “биё туро бурда, бо модарам шинос кунам”, вале зан метарсид, ки хушдоманаш аз худаш ду сол калон будани келинашро фаҳмида, дилкаф нашавад. Аслан Сайҳуна аз сину солаш даҳ-понздаҳ сол ҷавон метофт, вале чун дар бари Собир шинад, калонияш маълум буд. Зан барои аз даст надодани шавҳари ҷавонаш дар Эрон ҷарроҳии пластикӣ карда, таровати рӯяшро барқарор карда бошад ҳам, пажмурдагии гарданаш аз синну соли соҳибаш дарак медоданд. Сайҳунаро ҷудоӣ аз Собир баробари марг бошад ҳам, ғаму дардашро фурӯ нишонда, чанд бор ба ӯ гуфт, ки “ту бояд зани ҷавон гирӣ”, вале ҷавонмарди гандаошиқ аз зани пираш дил канданӣ надошту ӯро баробари ҷонаш дӯст медошт. Боре Сайҳуна ба Собир гуфт: -Собирҷон, агар дилат барои меҳнатҳоят сӯзад, ман дороиямро ба ту тақсим мекунам, вале ту зани ҷавон гир!- Собир чанд рӯз бо вай гап назада, ҳатто аз тиҷорат даст кашида, ба кор даромаданӣ шуд, ӯ қатъӣ фарёд зад:- Сайҳун, дороият ба худат насиб кунад, ман ба кори дигар мегузараму ба тиҷорати ту дахл намекунам, вале аз баҳри тую фарзандам намегузарам! -Акнун, ки Собир назди модараш мерафт, Сайҳун пеш аз сафар шавҳари ҷавонашро ба оғӯш гирифта гуфт:-Собирҷон, дили модаратро нашикан, бигузор ӯ арӯси хушкардаашро ба хона оварда, армон шиканад. Ҳозир ҳама дузана, гоҳ бо ӯ мемонӣ гоҳ бо ману Самирҷон. Аммо Собирҷон бо навозиш мӯйҳои парешони зани пирашро навозиш карда посух дод: -Сайҳун, ман як тора мӯйи ту ва нохуни пойи Самирамро ба садҳо духтари ҷавон иваз намекунам. Ту бо ин зебоию латофат аз сад духтар болотарӣ, ҳар чӣ бодо бод, ба модарам мегӯям!- Онҳо чанд дақиқаи дигар ҳамдигарро аз оғӯш сар надода, чун ҷавонони навхат бӯсобӯсӣ карданду баъд хайрухуш намуданд… Маслиҳати сархӯр Холаи Гулзор писарашро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, аз нуқлу навои аз бозори Панҷшанбеи Хуҷанд хариднамудааш назди ӯ гузошта, сари масъалаи зангирӣ омад. Модар чанд духтари зери чашм кардаашро пеши писараш таърифу тавсиф намуда, дар чашмонаш шарораеро надида гуфт: -Бачаҷон, агар ягон духтари шаҳриро дӯст дошта бошӣ, бигӯ ман зид нестам, э- исто ҳамон раисаи накӯкор ягон духтур ё ҷиян надорад, ки келин кунам?!- Бо шунидани исми раиса дар ҷисми Собирҷон рашъа афтода бошад ҳам, бо мулоиматӣ гуфт:-Очаҷон, ман медонам, ки шумо барои ман шуда, умратонро хазон кардед, вале ман хоҳишатонро иҷро карда наметавонам, зеро зану фарзанд дорам!- Ранги зан канд, лабонаш пир-пир парида, шаппотие ба рӯи писараш зада фарёд кард, -наход ту писар дорию модарат бедарак?!- Собир дид, ки ҳоли модараш бад шуда истодааст, ӯро ба мошинаш бор карда, ба духтур бурд, вале талоши духтурон фоидае набахшиданд, Гулзор-хола баъди се рӯзи кашмокашӣ бо марг ҷон ба ҷонофарин дод. Собир маъракаҳои сею чили модарро дода, ба шаҳр назди зану фарзандаш баргашт, Сайҳуна худро дар марги модари Собир гунаҳгор дониста, нолаю фиғон бардошт. Аммо шавҳари ҷавонаш ӯро тасалло дода гуфт: -Ман фақат гуфтам, ки зану фарзанд дорам, аммо нагуфтам занам кист? Имрӯз шӯи ҷавону зани пир зиндагии хурамонае доранд, аммо фардо чӣ мешавад номаълум