Дах аломати дили мурда...

1 - Дили мурда он дилест, ки Худоро шинохт, аммо ҳақашро ба ҷо наовард.
2 - Дили мурда он дилест, ки даъво мекунад Худову Расулашро дуст дорад, аммо пайрави аз Паёмбар (с.а.в) намекунад.
3 - Дили мурда он дилест, ки Қуръонро мехонад, аммо ба он амал намекунад.
4 - Дили мурда он дилест, ки неъматҳои Худоро мехурад, аммо шукрашро намекунад.
5 - Дили мурда он дилест, ки медонад шайтон душмани уст, аммо аз он пайравӣ мекунад.
6 - Дили мурда он дилест, ки мегуяд
ки Биҳишт ҳақ аст, аммо ба даст оварданаш талош намекунад.
7 - Дили мурда он дилест, ки мегуяд Дузах ҳақ аст, аммо аз он фирор намекунад.
8 - Дили мурда он дилест, ки медонад маргу мавт ҳақ аст, аммо барои маргаш омодагӣ намебинад.
9 - Дили мурда он дилест, ки ба айбҳои мардум машғул аст, аммо айбҳои худро намебинад.
10 - Дили мурда он дилест, ки дусташро дар қабристон мегуронад, аммо аз он ибрат намегирад.

Комментарии

  • 19 мая 2019 20:13
    Офарин ҳазор раҳмат зиндабошен