tajikpress
27 апр

Хатари мағзшӯӣ дар муҳоҷират ва тӯъмаи густардаи гурӯҳҳои ифротӣ

Гурӯҳҳои манфиатдори террористиву экстремистӣ бо истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мебаранд ва ҷавонони ноогоҳу гумроҳро ба доми худ меафкананд.
Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз интернет ҷавонони ноогоҳу гумроҳро ба доми худ меафкананд ва зарурӣ аст, ки дар ин бора ба дидгоҳҳои афроду ниҳодҳои муҳими дохили кишвар андохта шавад ва ба роҳкорҳои онҳо назар афканда шавад.
Мақомоти Русия дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва то ин дам 11 нафар зода ва ё шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан ва ё кӯмак дар ин ҳодиса ба ҳабси пешакӣ фиристод. Ин ҳодиса масъалаи дар муҳоҷират мағзшӯӣ шудан ва ба равияву гурӯҳҳои гуногун гаравидани муҳоҷирони тоҷикро зиёд намуд.
Эмомалӣ Раҳмон: Шомилшавии ҷавонони мо ба гурӯҳҳои террористӣ афзудааст
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли равон таъкид намуд, ки “дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”. https://tajikpress.com/2024/04/27/%d1%85%d0%b0%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%93%d0%b7%d1%88%d3%af%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d2%b7%d0%b8%d1%80%d0%b0%d1%82-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d3%af%d1%8a%d0%bc%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.