Муаллиф А.Хочи…Ин лаҳза гӯшаи пардаи ҳарирро бардошта, аввал Салим ва баъд тарҷумонаш ба назди нимкат омаданд. Салим ба Гулрафтор наздик шуда, аз пешониаш бӯсид, ки аз ин бӯса ба бадани ӯ рашъа дамид. Эҳсос намуд, ки нисбати ин марди то дирӯз барояш тамоман бегона як меҳре дар дилаш соат ба соат бештар гардида истодааст. Ҳар чи ҳам набошад, ин мард аввалин касе буд, ки ӯро ҳамчун зан эҳтиром кард ва нисбати ӯ инсонвор муомила намуд. Гулрафтор ба суханони тарҷумон, ки аз забони Шайх гап мезад, гӯш дод: -Ба гумонам, Шумо сахт хаста шудед. Ҳоло ба наздамон нафаре, ки ақди никоҳи моро мебандад, меояд. Баъд ҳамроҳ ба боғ рафта, андак сайр мекунем, шояд хастагиатон рафъ гардад. Гулрафтор ба тарҷумон нигариста гуфт: -Ман розӣ. Вале баъд аз никоҳ дар ватани ман арӯсу домод ба хонаи хоб медароянд, на ба боғ барои сайругашт мераванд… Шайх пас аз шунидани ин гуфтаҳои Гулрафтор аз забони тарҷумон табассуме карду бори дигар аз рухсораи духтар бӯсид… …Дар як лаҳза гурӯҳи занҳои лологӯй ва мардони мусиқанавоз атрофи нимкати Гулрафторро печонида гирифтанд. Салим бо як ҳаракати чолокона ба паҳлӯи Гулрафтор баромада нишаст. Баробари омадани як марди калонсоли либоси дарози сап-сафед дар бар ҳама хомӯш шуданд. Ин марди болобаланди нуронӣ тасбеҳи дарози худро ба як сӯ гузошта, аз бағал Қуръони Каримро баровард. Ӯ дурудароз хутбаи никоҳро хонд ва мардуми ҳалқазада даст ба фотеҳаи кӯтоҳ бардоштанд. Баъд муллои араб хам шуда аз Салим чизе пурсид. Дар навбати худ Шайхи Тиллоӣ ин саволро ба тарҷумоне, ки ҳамеша дар паҳлӯяш ҳозиру нозир буд дод. Тарҷумон ба Гулрафтор нигариста пурсид: -Исми шарифи қиблагоҳатон чист? Гулрафтор аввал ба мазмуни савол сарфаҳм нарафт. Аммо пас аз лаҳзае ба худ омада гуфт: -Номи падарам Солеҳ, модарамро ҳам гӯям? -Не, ташаккур,-хандид тарҷумон. Ин хандаи ӯ ба ҷониби духтар рашки яклаҳзаинаи Салимро овард, ки ӯ ба тарҷумон нигоҳи сахте кард. Тарҷумон забонаш гирифта, базӯр бо арабӣ «номи падарашон Солеҳ будааст» гуфт. Ин рашк аз чашми Гулрафтор пинҳон намонд ва ӯ зери лаб табассуме кард… Мулло номи тоҷикии Гулрафторро, ки маънояшро намефаҳмид, бо номи арабии падараш Солеҳ якҷо карда, аз Гулрафтор чизе пурсид. Духтар бо фаросат дарёфт, ки аз ӯ розигиашро барои ба никоҳи Салим даромадан мепурсанд. Бо даст ба тарҷумон ишора намуд, ки худро заҳмат надиҳад. Як муддат нафасашро дарун гирифт ва бо гӯшаи чашм ба авзои Шайхи Тиллоӣ нигоҳ кард. Шайх бо умед ба даҳони ӯ чашм дӯхта буд. Дар дил хандаи Гулрафтор омад. Аммо аз ин беш азоб додани Салимро ба худ эб надида бо забони арабӣ гуфт: -Наъам… (бале!) Садои чапакзании атрофиён оҳи сабуки кашидаи Шайх Салимро дар худ ғарқ кард… Чун наздик омад, як мавҷи пурқувваттаре ба пешвозаш омад ва пои Гулрафторро то буҷулак тар кард. Аммо аз зери об ҳанӯз ҳам Салим наменамуд. Духтар сарашро ба ҳар тараф гардонда, аз байни мавҷҳо Шайхи худро мекофт, вале бенатиҷа. Мавҷҳои баҳр гоҳ болою гоҳ поён шуда, гӯё ба ҳоли духтари кӯҳистон, ки чӣ будани баҳри ҳақиқӣ ва мавҷи онро намефаҳмид, механдиданд. Ба назари Гулрафтор чунин намуд, ки аз байн чанд соат гузашт. «Ӯ куҷо шуд? Баҳр ба коми худ кашид? Оббозиро намедонист магар?» Дар як лаҳза дар майнаи духтар ҳазорон андеша чарх заданд. Боз лаҳзае дар ҷой истода, ба нимторикӣ гӯш дод, лек ба ҷуз овози мавҷзании баҳр дигар чизеро намешунид. Тоқаташ тоқ шуду аз ин сӯ ба он сӯ лаб- лаби баҳр ба давидан даромад. «Ӯро мавҷи баҳр ба коми худ кашид. Эҳ худованд, наход ту маро барои ҳамин чанд дақиқаи хушбахтӣ офарида будӣ? Канӣ он фариштае, ки маро як шабу як рӯз саодатмандтарин инсони рӯи олам карду боз ғайб зад? Ё ҳамаи ин як саробею хобе беш набуд?» Духтар бемадорона дар ҷояш нишаст. Дигар маҷоли ҳаракату пои равон надошт. Пироҳани ҳарираш аз чакраҳои мавҷи баҳр тар шуда, ба баданаш часпида буданд. Пайкари зебои ӯ, ки гӯё барои рашки дарахтони нахли соҳили Баҳри Сурх офарида шуда буданд, аз гиряи дарунӣ меларзид. Гулрафтор сарашро байни зонуҳояш гирифта, ҳиққосзанон мегирист. Мавҷи ашки ӯ он лаҳза аз амвоҷи баҳр кам набуд ва ғами ӯро ягон киштӣ, ки то имрӯз дар ин баҳр шино кардааст, бардошта наметавонист. Духтар мотам дошт. Мотами охирин дар умри кӯтоҳи худ. Баъд аз лаҳзае ҳиққоси гиряи Гулрафтор бозмонд. Китфонаш дигар намеларзиданд. Сарашро аз байни зонуҳояш боло карда, бо кафи даст ашкҳои худро хушк мекард. Ӯ тасмими ниҳоӣ гирифт ва азмаш қатъӣ буд. Бо як ҳаракати чобукона аз ҷояш хест. Бо дастонаш мӯйҳои парешонашро ба қафо партофту қоматашро рост кард. Дар ин лаҳзаҳо беҳтарин наққоши мониқалам ҳам он суратеро, ки духтари соҳили баҳр дошт, тасвир карда наметавонист. Дар равшании моҳ, дар соҳили баҳр, дар пасманзари дарахтони нахл ин олиҳаи зебоӣ ба худ қарор дод, ки охирин дақиқаҳои умри худро дар ҳамин ҷо гузаронад ва занҷираи умри худро дар ҳамин ҷо барканад. Бо ҳамин мақсад ба он сӯе, ки бори охир шайхи тиллоӣ қадам ниҳода ба об даромада буд, равон шуд. Об аввал то миёнаш расид ва зӯрии мавҷи баҳр гӯё ӯро ба оғӯши худ қабул карданӣ набошад, пайкари наҳифашро ба қафо мепартофт. Аммо духтар бо азми қатъӣ боз ба пеш, ба оғӯши марг худро партофтанӣ буд. Ин мубориза бо мавҷ чанд лаҳза идома ёфт. Аз куҷое дар паси ӯ пайкари дигаре пайдо шуда, ба духтар расид ва ӯро озод аз байни мавҷҳо боло карду ба сӯи соҳил баргашт. Як лаҳза Гулрафтор гумон кард, ки ӯ ба мақсадаш расиду ҳоло дар оғӯши фариштаи марг аст. Аммо «фариштаи марг» бадани гарм дошт ва бо ҳарорат рӯю мӯи ӯро мебӯсид. Чашмони худро кушода, ба рӯи нафаре, ки ӯро болои даст медошт, нигоҳ карду қариб аз ҳуш рафт: Пайкари ӯ рӯи дастони Шайхи Тиллоӣ қарор дошт. Салим оҳиста ӯро болои реги нарми соҳил гузошт, вале духтар баргашта бо ҳарорат дастонашро ба гардани вай ҳалқа карда, ба сӯи худ кашид. Намехост, ки ганҷи ёфтаи ӯро на баҳр, на аҷал ва на каси дигар аз ӯ рабояд. Аз чашмони Гулрафтор ашк равон гашт. Шайх бо майли тамом аз ин ду сарчашма об менӯшид. Ӯ ба забони худ ким чиҳо гуфта ишора ба паси дарахти нахл мекард. Гулрафтор танҳо ҳамин қадар фаҳмид, ки Шайхи Тиллоӣ пинҳонӣ аз об баромада, дар паси дарахти нахл руст шуда будааст ва ҳамаи рафтори духтарро то он замоне, ки ӯ азми худкушӣ мекунад, аз камингоҳи худ назорат мекардааст. -Илоҳӣ ин шӯхии духтаркушат аз сарат монад,-ин дуои духтар, ки ба забони модариаш садо дод, барои Шайх нофаҳмо буд ва ӯ бо аломати савол ба чеҳраи Гулрафтор назар кард. Духтар ба ҷои ҷавоб боз ҳам сахттар Салимро ба оғӯш кашида, реги нарми соҳили Баҳри Сурхро ба худ болин интихоб намуд. Дар ду рӯзи охир ин дуюмин кӯшиши худкушии Гулрафтор буд, ки ҳарду дафъа ҳам ба ҷои ба оғӯши марг афтидан ба оғӯши ҷавонмарди дилхоҳаш меафтид. Алҳол, Худованд ба ӯ меҳрубон буд… …Субҳро Гулрафтору Шайх Салим дар соҳили баҳр пешвоз гирифтанд. Аҷаб сапедадаме доштааст ин сарзамин. Агар дар ватани Гулрафтор баъд аз дамидани субҳ, то офтоб аз паси кӯҳҳо баромадан хеле вақт гузарад, дар ин ҷо баъд аз чанд дақиқа хуршед аз паси оби баҳр, гӯё аз даруни об пас аз оббозӣ баланд мешуд. Гулрафтор худро аз оғӯши Салим оҳиста берун кашид, то ки ӯро бедор накунад. Баъд пироҳани нафиси худро аз бадан дур андохта, урён ба оби гарми баҳр даромад. Ин дафъа ӯ худро ғарқ карданӣ не, балки мисли офтоб аз навозиши мавҷҳои баҳр баҳра бурданӣ буд. Аз соҳил дур нашуда, хеле оббозӣ кард. Хост ба соҳил баргардад, аммо якбора аз пояш дар зери об чизе кашида, ба об афтонд. Хост аз ҷояш бархезад, вале чизе аз ду банди пояш дошта, хестан намемонд. Ба даҳонаш оби шӯри баҳр даромад… «Наҳанг…» якбора ба хотираш ин ҳайвони баҳрӣ расид, ки аз китоби ҷуғрофия дар мактаби миёна хонда буд. Аз рӯи шунидаш ин моҳии калон одамро зинда ба зинда ба коми худ мекашид. Духтар ҷадал мекард, ки халос шавад, вале панҷаҳои гирое аз банди пояш ба боло ҳаракат мекарданд ва оқибат миёнашро ҳам печонида гирифтанд. Кӯшишҳои Гулрафтор барои халос шудан аз чанголи «наҳанг» натиҷа намедоданд. Ва ниҳоят… «наҳанг» ӯро озод бардошта, аз сатҳи об баланд карду… духтар худро дар оғӯши Шайхи Тиллоӣ дид. Салим кай бедор шуда ба баҳр даромадааст ва чи тавр ноаён омада, аз зери об ӯро ба банд даровардааст, ҳеҷ ақли духтар намерасид. Ӯ бо овози баланд қаҳ-қаҳ зада дубора худро ба об андохтанӣ шуд, аммо дигар аз чанголи «наҳанг» раҳо шуда наметавонист ва Шайх ӯро ба соҳил баровард. Онҳо ба курсии дарози зери дарахти нахл омаданд ва ҳамон замон аз куҷое хизматгори нимбараҳнае рӯи даст қаҳваи гарм дар наздашон ҳозир шуд. Салим ба Гулрафтор ишораи нӯшиданро кард ва худаш аввалин шуда, аз рӯи лаълии дар дасти хизматгор буда қаҳваи ҳанӯз ҳавраш ба ҳаво баромадаистодаро рӯи даст гирифт ва як ду қулт нӯшида, боз ба болои лаълӣ гузошт. Гулрафтор ҳам аз ӯ пайравӣ намуд. Қаҳваи гарми каме ширин ба бадани ӯ, ки пас аз оби баҳр хунукиро эҳсос менамуд, гӯё ҷони нав даровард. Гулрафтор дар ин лаҳзаҳо худро хушбахттарин инсони рӯи олам меҳисобид. «Барои хушбахтӣ он қадар чизи зиёде лозим набудааст…» - беихтиёр аз дил гузаронд ӯ ва сӯи Салим нигоҳ кард. Шайх аз нигоҳи духтар рамуз гирифта, ба хизматгор чизе гуфт ва лаълии дасти ӯро бо қаҳва якҷо гирифта болои курсӣ гузошт. Хизматгор чӣ тавре, ки ноаён пайдо шуда буд, ҳамин тавр ғайб зад. Пас аз лаҳзае дар назди онҳо боз ҳамон тарҷумони афғон пайдо шуд. «Бечора, аз афташ шаби дароз дар паси кадом дарахти соҳил нахобида баромадааст…»- аз дил гузаронд Гулрафтор. Аммо аз чеҳраи тарҷумон на хастагӣ ва на ягон аломати норозигиро пайдо кардан имкон надошт. Дар ин кишварҳо хизматгор дар вақти адои хизмат ҳаққи хастаю норозӣ шуданро надошт. Иҷрои вазифаи ба дӯшгирифта бо кадом роҳе набошад, муқаддас ҳисоб меёфт. Салим ба тарҷумон бо оҳанги нарм хеле чиз гуфт ва афғон онро тарҷума кард: -Бонуи ман, шумо хеле хаста шудед. Ҳоло ба хона рафта субҳона мехӯрем ва ман аз паси корҳоям меравам. Тайёр шавед, бегоҳ бо тайёра ба Итолиё ба муддати як ҳафта сафар мекунем. Он ҷо ман ба мисли ҳамин бӯстонсаро маконе дорам. Сафари тӯёнаи худро он ҷо мегузаронем. Агар хоҳед, ба Суис, ба сайри он ҷо меравем… Гулрафтор бодиққат гуфтаҳои тарҷумонро гӯш карду гуфт: -Шайх ҳарчи гӯянд, фармонбардорам. Аммо ман шиноснома надорам ва наметавонам бо тайёра парвоз кунам… Тарҷумон ин гуфтаҳои духтарро ба Шайх тарҷума кард ва Салим бо овози баланд қоҳ-қоҳзанон хандиду бо ашки равон ба тарҷумон чизе гуфт. -Шиносномаи шумо ман ҳастам. Тайёраи ман дар ихтиёри шумост. Магар ҳанӯз нафаҳмидаед, ки ба чӣ касе ба шавҳар баромадаед? Аз байни ин ҳама худпурсиҳо танҳо ба як саволаш ҷавоб пайдо кард: ӯ дигар духтар набуд…идома дорадБознашр аз Оила
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
Аруси шайхи тиллои кисми 7
Муаллиф А.Хочи
…Ин лаҳза гӯшаи пардаи ҳарирро бардошта, аввал Салим ва баъд тарҷумонаш ба назди нимкат омаданд. Салим ба Гулрафтор наздик шуда, аз пешониаш бӯсид, ки аз ин бӯса ба бадани ӯ рашъа дамид. Эҳсос намуд, ки нисбати ин марди то дирӯз барояш тамоман бегона як меҳре дар дилаш соат ба соат бештар гардида истодааст. Ҳар чи ҳам набошад, ин мард аввалин касе буд, ки ӯро ҳамчун зан эҳтиром кард ва нисбати ӯ инсонвор муомила намуд. Гулрафтор ба суханони тарҷумон, ки аз забони Шайх гап мезад, гӯш дод: -Ба гумонам, Шумо сахт хаста шудед. Ҳоло ба наздамон нафаре, ки ақди никоҳи моро мебандад, меояд. Баъд ҳамроҳ ба боғ рафта, андак сайр мекунем, шояд хастагиатон рафъ гардад. Гулрафтор ба тарҷумон нигариста гуфт: -Ман розӣ. Вале баъд аз никоҳ дар ватани ман арӯсу домод ба хонаи хоб медароянд, на ба боғ барои сайругашт мераванд… Шайх пас аз шунидани ин гуфтаҳои Гулрафтор аз забони тарҷумон табассуме карду бори дигар аз рухсораи духтар бӯсид… …Дар як лаҳза гурӯҳи занҳои лологӯй ва мардони мусиқанавоз атрофи нимкати Гулрафторро печонида гирифтанд. Салим бо як ҳаракати чолокона ба паҳлӯи Гулрафтор баромада нишаст. Баробари омадани як марди калонсоли либоси дарози сап-сафед дар бар ҳама хомӯш шуданд. Ин марди болобаланди нуронӣ тасбеҳи дарози худро ба як сӯ гузошта, аз бағал Қуръони Каримро баровард. Ӯ дурудароз хутбаи никоҳро хонд ва мардуми ҳалқазада даст ба фотеҳаи кӯтоҳ бардоштанд. Баъд муллои араб хам шуда аз Салим чизе пурсид. Дар навбати худ Шайхи Тиллоӣ ин саволро ба тарҷумоне, ки ҳамеша дар паҳлӯяш ҳозиру нозир буд дод. Тарҷумон ба Гулрафтор нигариста пурсид: -Исми шарифи қиблагоҳатон чист? Гулрафтор аввал ба мазмуни савол сарфаҳм нарафт. Аммо пас аз лаҳзае ба худ омада гуфт: -Номи падарам Солеҳ, модарамро ҳам гӯям? -Не, ташаккур,-хандид тарҷумон. Ин хандаи ӯ ба ҷониби духтар рашки яклаҳзаинаи Салимро овард, ки ӯ ба тарҷумон нигоҳи сахте кард. Тарҷумон забонаш гирифта, базӯр бо арабӣ «номи падарашон Солеҳ будааст» гуфт. Ин рашк аз чашми Гулрафтор пинҳон намонд ва ӯ зери лаб табассуме кард… Мулло номи тоҷикии Гулрафторро, ки маънояшро намефаҳмид, бо номи арабии падараш Солеҳ якҷо карда, аз Гулрафтор чизе пурсид. Духтар бо фаросат дарёфт, ки аз ӯ розигиашро барои ба никоҳи Салим даромадан мепурсанд. Бо даст ба тарҷумон ишора намуд, ки худро заҳмат надиҳад. Як муддат нафасашро дарун гирифт ва бо гӯшаи чашм ба авзои Шайхи Тиллоӣ нигоҳ кард. Шайх бо умед ба даҳони ӯ чашм дӯхта буд. Дар дил хандаи Гулрафтор омад. Аммо аз ин беш азоб додани Салимро ба худ эб надида бо забони арабӣ гуфт: -Наъам… (бале!) Садои чапакзании атрофиён оҳи сабуки кашидаи Шайх Салимро дар худ ғарқ кард… Чун наздик омад, як мавҷи пурқувваттаре ба пешвозаш омад ва пои Гулрафторро то буҷулак тар кард. Аммо аз зери об ҳанӯз ҳам Салим наменамуд. Духтар сарашро ба ҳар тараф гардонда, аз байни мавҷҳо Шайхи худро мекофт, вале бенатиҷа. Мавҷҳои баҳр гоҳ болою гоҳ поён шуда, гӯё ба ҳоли духтари кӯҳистон, ки чӣ будани баҳри ҳақиқӣ ва мавҷи онро намефаҳмид, механдиданд. Ба назари Гулрафтор чунин намуд, ки аз байн чанд соат гузашт. «Ӯ куҷо шуд? Баҳр ба коми худ кашид? Оббозиро намедонист магар?» Дар як лаҳза дар майнаи духтар ҳазорон андеша чарх заданд. Боз лаҳзае дар ҷой истода, ба нимторикӣ гӯш дод, лек ба ҷуз овози мавҷзании баҳр дигар чизеро намешунид. Тоқаташ тоқ шуду аз ин сӯ ба он сӯ лаб- лаби баҳр ба давидан даромад. «Ӯро мавҷи баҳр ба коми худ кашид. Эҳ худованд, наход ту маро барои ҳамин чанд дақиқаи хушбахтӣ офарида будӣ? Канӣ он фариштае, ки маро як шабу як рӯз саодатмандтарин инсони рӯи олам карду боз ғайб зад? Ё ҳамаи ин як саробею хобе беш набуд?» Духтар бемадорона дар ҷояш нишаст. Дигар маҷоли ҳаракату пои равон надошт. Пироҳани ҳарираш аз чакраҳои мавҷи баҳр тар шуда, ба баданаш часпида буданд. Пайкари зебои ӯ, ки гӯё барои рашки дарахтони нахли соҳили Баҳри Сурх офарида шуда буданд, аз гиряи дарунӣ меларзид. Гулрафтор сарашро байни зонуҳояш гирифта, ҳиққосзанон мегирист. Мавҷи ашки ӯ он лаҳза аз амвоҷи баҳр кам набуд ва ғами ӯро ягон киштӣ, ки то имрӯз дар ин баҳр шино кардааст, бардошта наметавонист. Духтар мотам дошт. Мотами охирин дар умри кӯтоҳи худ. Баъд аз лаҳзае ҳиққоси гиряи Гулрафтор бозмонд. Китфонаш дигар намеларзиданд. Сарашро аз байни зонуҳояш боло карда, бо кафи даст ашкҳои худро хушк мекард. Ӯ тасмими ниҳоӣ гирифт ва азмаш қатъӣ буд. Бо як ҳаракати чобукона аз ҷояш хест. Бо дастонаш мӯйҳои парешонашро ба қафо партофту қоматашро рост кард. Дар ин лаҳзаҳо беҳтарин наққоши мониқалам ҳам он суратеро, ки духтари соҳили баҳр дошт, тасвир карда наметавонист. Дар равшании моҳ, дар соҳили баҳр, дар пасманзари дарахтони нахл ин олиҳаи зебоӣ ба худ қарор дод, ки охирин дақиқаҳои умри худро дар ҳамин ҷо гузаронад ва занҷираи умри худро дар ҳамин ҷо барканад. Бо ҳамин мақсад ба он сӯе, ки бори охир шайхи тиллоӣ қадам ниҳода ба об даромада буд, равон шуд. Об аввал то миёнаш расид ва зӯрии мавҷи баҳр гӯё ӯро ба оғӯши худ қабул карданӣ набошад, пайкари наҳифашро ба қафо мепартофт. Аммо духтар бо азми қатъӣ боз ба пеш, ба оғӯши марг худро партофтанӣ буд. Ин мубориза бо мавҷ чанд лаҳза идома ёфт. Аз куҷое дар паси ӯ пайкари дигаре пайдо шуда, ба духтар расид ва ӯро озод аз байни мавҷҳо боло карду ба сӯи соҳил баргашт. Як лаҳза Гулрафтор гумон кард, ки ӯ ба мақсадаш расиду ҳоло дар оғӯши фариштаи марг аст. Аммо «фариштаи марг» бадани гарм дошт ва бо ҳарорат рӯю мӯи ӯро мебӯсид. Чашмони худро кушода, ба рӯи нафаре, ки ӯро болои даст медошт, нигоҳ карду қариб аз ҳуш рафт: Пайкари ӯ рӯи дастони Шайхи Тиллоӣ қарор дошт. Салим оҳиста ӯро болои реги нарми соҳил гузошт, вале духтар баргашта бо ҳарорат дастонашро ба гардани вай ҳалқа карда, ба сӯи худ кашид. Намехост, ки ганҷи ёфтаи ӯро на баҳр, на аҷал ва на каси дигар аз ӯ рабояд. Аз чашмони Гулрафтор ашк равон гашт. Шайх бо майли тамом аз ин ду сарчашма об менӯшид. Ӯ ба забони худ ким чиҳо гуфта ишора ба паси дарахти нахл мекард. Гулрафтор танҳо ҳамин қадар фаҳмид, ки Шайхи Тиллоӣ пинҳонӣ аз об баромада, дар паси дарахти нахл руст шуда будааст ва ҳамаи рафтори духтарро то он замоне, ки ӯ азми худкушӣ мекунад, аз камингоҳи худ назорат мекардааст. -Илоҳӣ ин шӯхии духтаркушат аз сарат монад,-ин дуои духтар, ки ба забони модариаш садо дод, барои Шайх нофаҳмо буд ва ӯ бо аломати савол ба чеҳраи Гулрафтор назар кард. Духтар ба ҷои ҷавоб боз ҳам сахттар Салимро ба оғӯш кашида, реги нарми соҳили Баҳри Сурхро ба худ болин интихоб намуд. Дар ду рӯзи охир ин дуюмин кӯшиши худкушии Гулрафтор буд, ки ҳарду дафъа ҳам ба ҷои ба оғӯши марг афтидан ба оғӯши ҷавонмарди дилхоҳаш меафтид. Алҳол, Худованд ба ӯ меҳрубон буд… …Субҳро Гулрафтору Шайх Салим дар соҳили баҳр пешвоз гирифтанд. Аҷаб сапедадаме доштааст ин сарзамин. Агар дар ватани Гулрафтор баъд аз дамидани субҳ, то офтоб аз паси кӯҳҳо баромадан хеле вақт гузарад, дар ин ҷо баъд аз чанд дақиқа хуршед аз паси оби баҳр, гӯё аз даруни об пас аз оббозӣ баланд мешуд. Гулрафтор худро аз оғӯши Салим оҳиста берун кашид, то ки ӯро бедор накунад. Баъд пироҳани нафиси худро аз бадан дур андохта, урён ба оби гарми баҳр даромад. Ин дафъа ӯ худро ғарқ карданӣ не, балки мисли офтоб аз навозиши мавҷҳои баҳр баҳра бурданӣ буд. Аз соҳил дур нашуда, хеле оббозӣ кард. Хост ба соҳил баргардад, аммо якбора аз пояш дар зери об чизе кашида, ба об афтонд. Хост аз ҷояш бархезад, вале чизе аз ду банди пояш дошта, хестан намемонд. Ба даҳонаш оби шӯри баҳр даромад… «Наҳанг…» якбора ба хотираш ин ҳайвони баҳрӣ расид, ки аз китоби ҷуғрофия дар мактаби миёна хонда буд. Аз рӯи шунидаш ин моҳии калон одамро зинда ба зинда ба коми худ мекашид. Духтар ҷадал мекард, ки халос шавад, вале панҷаҳои гирое аз банди пояш ба боло ҳаракат мекарданд ва оқибат миёнашро ҳам печонида гирифтанд. Кӯшишҳои Гулрафтор барои халос шудан аз чанголи «наҳанг» натиҷа намедоданд. Ва ниҳоят… «наҳанг» ӯро озод бардошта, аз сатҳи об баланд карду… духтар худро дар оғӯши Шайхи Тиллоӣ дид. Салим кай бедор шуда ба баҳр даромадааст ва чи тавр ноаён омада, аз зери об ӯро ба банд даровардааст, ҳеҷ ақли духтар намерасид. Ӯ бо овози баланд қаҳ-қаҳ зада дубора худро ба об андохтанӣ шуд, аммо дигар аз чанголи «наҳанг» раҳо шуда наметавонист ва Шайх ӯро ба соҳил баровард. Онҳо ба курсии дарози зери дарахти нахл омаданд ва ҳамон замон аз куҷое хизматгори нимбараҳнае рӯи даст қаҳваи гарм дар наздашон ҳозир шуд. Салим ба Гулрафтор ишораи нӯшиданро кард ва худаш аввалин шуда, аз рӯи лаълии дар дасти хизматгор буда қаҳваи ҳанӯз ҳавраш ба ҳаво баромадаистодаро рӯи даст гирифт ва як ду қулт нӯшида, боз ба болои лаълӣ гузошт. Гулрафтор ҳам аз ӯ пайравӣ намуд. Қаҳваи гарми каме ширин ба бадани ӯ, ки пас аз оби баҳр хунукиро эҳсос менамуд, гӯё ҷони нав даровард. Гулрафтор дар ин лаҳзаҳо худро хушбахттарин инсони рӯи олам меҳисобид. «Барои хушбахтӣ он қадар чизи зиёде лозим набудааст…» - беихтиёр аз дил гузаронд ӯ ва сӯи Салим нигоҳ кард. Шайх аз нигоҳи духтар рамуз гирифта, ба хизматгор чизе гуфт ва лаълии дасти ӯро бо қаҳва якҷо гирифта болои курсӣ гузошт. Хизматгор чӣ тавре, ки ноаён пайдо шуда буд, ҳамин тавр ғайб зад. Пас аз лаҳзае дар назди онҳо боз ҳамон тарҷумони афғон пайдо шуд. «Бечора, аз афташ шаби дароз дар паси кадом дарахти соҳил нахобида баромадааст…»- аз дил гузаронд Гулрафтор. Аммо аз чеҳраи тарҷумон на хастагӣ ва на ягон аломати норозигиро пайдо кардан имкон надошт. Дар ин кишварҳо хизматгор дар вақти адои хизмат ҳаққи хастаю норозӣ шуданро надошт. Иҷрои вазифаи ба дӯшгирифта бо кадом роҳе набошад, муқаддас ҳисоб меёфт. Салим ба тарҷумон бо оҳанги нарм хеле чиз гуфт ва афғон онро тарҷума кард: -Бонуи ман, шумо хеле хаста шудед. Ҳоло ба хона рафта субҳона мехӯрем ва ман аз паси корҳоям меравам. Тайёр шавед, бегоҳ бо тайёра ба Итолиё ба муддати як ҳафта сафар мекунем. Он ҷо ман ба мисли ҳамин бӯстонсаро маконе дорам. Сафари тӯёнаи худро он ҷо мегузаронем. Агар хоҳед, ба Суис, ба сайри он ҷо меравем… Гулрафтор бодиққат гуфтаҳои тарҷумонро гӯш карду гуфт: -Шайх ҳарчи гӯянд, фармонбардорам. Аммо ман шиноснома надорам ва наметавонам бо тайёра парвоз кунам… Тарҷумон ин гуфтаҳои духтарро ба Шайх тарҷума кард ва Салим бо овози баланд қоҳ-қоҳзанон хандиду бо ашки равон ба тарҷумон чизе гуфт. -Шиносномаи шумо ман ҳастам. Тайёраи ман дар ихтиёри шумост. Магар ҳанӯз нафаҳмидаед, ки ба чӣ касе ба шавҳар баромадаед? Аз байни ин ҳама худпурсиҳо танҳо ба як саволаш ҷавоб пайдо кард: ӯ дигар духтар набуд…
идома дорад
Бознашр аз Оила