ПАРВОЗИ НАВБАТӢ БО ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ФРАНКФУРТ-ДУШАНБЕ

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо қарор доранду тасмими ба Тоҷикистон баргаштанро доранд, расонида мешавад, ки 28 июли соли 2020, соати 12.30 (ба вақти Олмон) парвози чартерӣ тавассути хатсайри Франкфурт-Душанбе сурат мегирад.
Фурӯши чиптаҳо мустақиман аз ҷониби ширкати “Сомон эйр” тибқи рӯйхатҳои тасдиқгардида ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар бобати сабти номи худ бетаъхир ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва ё дигар намояндагиҳои дипломатии кишварамон дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кунед.
Роҷеъ ба нархи чипта ва харидорӣ мустақиман ба намояндагии ширкат +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (93) 7777 459, call-center@somonair.com муроҷиат намоед.
Аз мусофирон дархост мегардад, ки ҳадди аққал 3 соат қабл аз парвози тайёра ба фурӯдгоҳи Франкфурт ам Майн ҳозир шаванд.
Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандоне, ки тавассути тайёра аз кишварҳои дигар ба фурӯдгоҳи Франкфурт ам Майни Олмон парвоз мекунанд, расонида мешавад, ки қабл аз парвоз ба самти Олмон аз масъулони ширкати хизматрасон дархост намоянд, то бағоҷи онҳо аз маҳалли шурӯъи парвоз то ш. Душанбе ба расмиёт дароварда шавад(check baggage to final destination), то бағоҷ баъди расиданаш дар фурӯдгоҳи Франкфурт ба хатсайри Франкфурт-Душанбе таҳвил дода шавад.
Шакли дигари таҳвили бағоҷ бинобар ҳанӯз ҳам мавҷуд будани маҳдудиятҳои хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи Франкфурт ғайриимкон буда, тарки маҳалли транзит бидуни раводиди шенгенӣ ғайриимкон аст.
Дар сурати пайдо шудани ҳамагуна саволҳои иловагӣ, бахусус ҳангоми мавҷуд будани душвориҳо дар атрофи раводидҳои муҳлаташон анҷомёфта лутфан бо рақами мобилии +4915213073751, consulat@botschaft-tadschikistan.de бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар тамос шавед.
Барои шинос шудан ба муқаррароти нав ҳангоми қарор доштан дар фурӯдгоҳҳои Олмон ва убури марз лутфан ба сомонаи Сафорат ворид шавед: https://www.mfa.tj/tg/berlin/view/6140/lagvi-mahdudiyathoi-safar-ba-ittihodi-avrupo-va-muqarraroti-nav-dar-furudgohho Барои нафароне, ки озими Олмон мебошанд, хоҳиш мегардад, ки қабл аз харидории чипта бо хатсайри Душанбе-Франкфурт бо консулгарии Олмон дар Душанбе дар тамос шаванд.
Хоҳишмандем, иттилои мазкурро ҳадалимкон ба нафарони хоҳишманд таҳвил (repost) диҳед.

Комментарии

Комментариев нет.