Муаллиф Рачабали Файзуллоев

ХАМСАР БАЪДИ БЕМОРИ ШАВХАРАШРО ПЕШ КАРД!
( кисса )
-Мардак хамсояхо ба хабаргирии амаки Шаидулло рафтанд, хез хамрохи онхо бар сари болини хамсояи бемор рафта, як хабар гирифта биё,- нидо кард хамсарам.Ман ки машгули мутоилаи " Самаки айёр" будам, китобро ба чевони китобхо гузошта, аз чои бархостам.Вокеан хамсарам дуруст мегуяд.Ба сари болини бемор рафтан аз фазилатхои неки инсони аст.Худованд инсонро, ки офарид, ба у ранчу дард ва шифояшро низ медихад.
Шаидуллое, ки як умр Россияро ватан мегуфт, имруз дар ихотаи зану фарзандонаш дар Точикистони азиз дар бистари бемори аст.
Рузе ки уро аз мулки рус оварданд, ба хабаргирияш рафта будам.Бечора аз шиддати ранчу дард пусту устухон шудааст.
Аз зиндагии дар Росия доштааш накл мекарду изхори пушаимони мекард, ки дар зарфи кариб 15 сол зану кудакхояшро боре ёд наоварда буд.
Шаидулло соли 2004 ба Москва рафт.Он вакт хамаги чилсола буд.Баъди як соли мухочират кадом зани русеро ба хотири хонааш ба зани гирифт.Зиндагияш руз то руз хуб мешуд.
Клавдия Тарасова хам уро хеле дуст медошт.Ин зани рус баъди талок гирифтан аз шавхари аввалааш, ки маизада буд, Шаидуллоро хамчун шавхар интихоб кард.
Хамсари точикаш апаи Робиямо харчанд аз хонадор шудани шавхараш бо Клавдия бохабар буд, аммо ба такдир тан медоду фарзандхоро бо азобу машаккат калон мекард.Шавхари бемехр дар ин 16 соли зиндачудои боре ёди кудакони хурдсолаш накард.Дар ин кадар муддат хамаги панч ё шаш маротиба ба хона маблаги пули фиристоду халос.Кудакон харчанд ба падар телефон мекарданд, аммо у ба зангхои онхо чавоб намедод.
Соли 2017 Шаидулло ба бемории канд гирифтор шуд.Як соли дароз табобат карда бехбудие надид.Клавдия хам баъди бемор гаштани шавхараш ба у чандон ахмият намедод.Шаидулло дид, ки руз то руз ахволаш бадтар шуда истодааст, чиптаи хавопаимо харида ба ватан омад.Харчанд 15 сол дар ватан набуд, хамсару кудакони ташнаи огуши падар уро хуб кабул карданд.
Шаидулло имруз дар бистари бемори мухточи нигохубини оила ва фарзандонаш аст.
Рузи омаданаш ба хабаргирияш рафта будам.Бисёр афсус мехурд, ки дар ин кадар гузашти солхо як бор ба хабаргирии оила ва фарзандонам наомадам.
- Лаънат ба хамон инсонхое, ки мисли ман зани никохию фарзандонашонро партофта ба духтарону занхои дигар миллатхо хонадор мешаванд,- афсус хурда мегуяд Шаидулло. Вакте ки кувваю кудрат дори, зани рус нигохат мекунад, хамин ки бемор мешави, ё ягон бало ба сарат меояд, хамон замон аз хонааш пешат мекунад,- хасрат карда мегуяд хамсояаам.
Накли Шаидуллоро шунида ба андеша меравам.Дар хакикат хамсарони точики мо дар зиндаги пуртокат, дар мехру мухаббат беназиранд.Хеч зане аз миллати гаир мисли занхои точик пуртокат, бо сабру бо тахаммул нестанд.Занхою хохарони мо бо хама ранчу дардхо, бо хама камбудихои зиндаги бардошт мекунанд.
Мо мардхо бояд ба кадри мехру мухаббат ва вафодории онхо бирасем!

Комментарии

  • 20 дек 2020 05:45
    Ин хел холатхо бисёр шудаги,ба кадри зани точик намерасанд. Вакте Ки бемор шуданд зани рус нигох намекунанд, баргашта ба назди фарзандони точику зани точик худ мебиён. Вакту умри нагзи худро бо дигарон гузаронида вакти вазнини бепулишон беморишонба аз дасташое кор намебиёд мебиён. Занхои точики мо пуртокат, боз кабул мекунанд.
  • 20 дек 2020 06:17
    Офарин ба занхо, ки боз чунин шавхарони худро нигохубин мекунанд!