БАҲРОМ ФИРӮЗ

ДУХТАРИ ПАДАР
Булӯр имрӯз аз мактаб бо авзои гирифта, озурдахотир баргашт. Падараш — Ҳалими духтур дар руи чорпояи зери воиш чорзону нишаста рӯзнома мехонд. Вай духтарашро бедимоғ диду рӯзномаро аз даст канор ниҳод ва ба пиёла аз чойники дар наздаш буда чойи гарм рехт. Падар аз рӯи духтараш чашм наканда, лаҳзае авзои ӯро ба мушоҳида гирифту сонӣ пурсон шуд:
— Ҳа, духтарам, табъат хира барин, чӣ гап шуд?.. Бетоб нашудӣ? Ё баҳои хуб нагирифтӣ? — Баъди салому алейк падар аз Булӯр ҳолҷӯӣ кард.
Булӯр сархам омада дар як лаби чорпоя амонат нишасту ҷои он, ки саволи падарро ҷавоб гӯяд, саросема пурсид:
— Дадаҷон, Салими шайтон кӣ? Медонед?
Падар хавотиромез ба рӯи духтарак нигарист ва сипас як табассуми дардолуд даври лабонаш давид, вале он ҳам зуд барҳам хӯрд.
— Ин номро аз кӣ шунидӣ, кӣ гуфт, духтарам? — падар андаке безобита шуд, қиёфааш ҷиддӣ гашту бо диққат ба чашми Булӯр нигарист. — Кӣ гуфт? Чӣ гуфт? Ку, аввал бигӯ, ман бифаҳмам.
— Айби Гулчин, дадаҷон, — Булӯр бидиррос зада саросема сухан сар кард. — Ман… ман китобамро дар хона фаромӯш кардаам. Муаллима супориши хонагиро мепурсиданд. Ба Гулчин «як бор китобата те» гӯям, надод. Як бахил, ки… Баъд, ман вай катӣ қаҳрӣ шудам. Наҷиба ҳаст-ку, дугонаи ман, дадааш — сартарош, медонед? Вай ҳам Гулчин катӣ қаҳрӣ шуд. Сонӣ Холдона ҳам ногап шуд. Мо ҳар се дугонаем-дия. Ана, сонӣ Гулчин ба бачаҳо маро ганда карда ҳар хел гапҳо гуфтааст. Сонӣ онҳо бахилӣ карда “ту доим ҳамин хел, худат ногап шавӣ агар, дигарона ҳам ногап мекунӣ” гӯён, ман катӣ ҷанг карданд. Ҳамаашон бахилӣ мекунанд. Наҷибаю Холдона худашон аз Гулчин безор. Гулчин бахил, доим ягон чиз пурсед агар, нест, нарас, худат ҳал кун, китоби худата фаромӯш накун мегӯяд. Дадаҷон, бовар мекунед, агар ба дафтараш як бор нигаред, ҷонаш мебарояд. Боз ба бачаҳо гуфтаст, ки ман ба Наҷибаю Холдона ҳар чиз дода, Гулчин катӣ гап назанед мегуфтаам. Дурӯғ мегӯяд, дадаҷон. Гапи вай катӣ бачаҳо ба ман тараф шуданд, ҷониби Гулчина гирифта моро мазоҳ карданд. Хуррам катӣ Фарҳода фардо ба муаллим мегӯям, Фарҳода медонед, ҳу, ҳамон касалӣ, очааш омада буд, ба хонаашон рафтед-ку. Дигар бор наравед, дадаҷон…
— И-и, ин тавр нагӯй, духтарам, айб аст. Ҳаргиз ин тавр нагӯй.
— Онҳо мана “ту шайтон, ту набераи Салими шайтон, шайтонӣ накун” гуфта… ҳиқ… ҳи…
Булӯрро гиря гулӯгир карду дигар суханашро давом дода натавонист. Оби дидааш марҷон барин рехту рӯяшро шуста ба куртааш фуромад. Падар ба пиёла чой рехту ба Булӯр дод.
— Бигир, чой бинуш… Гиря накун. Чашмонатро бо муштат намол… Аз ҳамсинфонат наранҷ. Агар ба ту дуруштӣ карда бошанд, фикр кун. Бояд фикр кунӣ. Хато кардаӣ. Духтари боақл зудранҷ намешавад, агар тасодуфан ба вай дуруштӣ кунанд ҳам, як-ду бор ба дил намегирад.
— Барои чӣ шайтон мегӯянд?
— Гулчин катӣ бесабаб ногап шудаӣ, дугонаҳоят ҳам ба ту пайравӣ кардаанд, яъне, ту онҳоро ба роҳи бад бурдаӣ. Ин кори шайтон аст мегӯянд. Ҳай, афсӯс… Бояд ба Наҷибаю Холдона мегуфтӣ…
— Онҳо худашон… Бачаҳо дурӯғ мегӯянд. Ин кори Гулчин…
— Бас, нагӯй. Ҳар кас гуноҳашро дар назди рафиқон тан нагирад, радди маърака мешавад. Агар ту ҳам ба маслиҳати нағз гӯш накунӣ, Салими шайтон мегӯянд.
Падару духтар хомӯш монданд. Ҳалими духтур озурдаю сархам пешониашро мемолид, Булӯр маъюс нишаста ба қулфи портфелаш бозӣ мекард.
— Салими шайтон кӣ, дадаҷон? — баъди хеле сукут Булӯр ба сухан даромад. — Барои чӣ ман набераи вай? — Ҳоло ӯ гунаҳгорона нигоҳашро аз чашми падар мегурезонд.
— Ту набераи вай не, духтарам. Салими шайтон ба мо бегона аст, — гуфт падар ғамгин оҳе кашида. — Духтари хубрафтор шав, ин тавр намегӯянд.
— Вай худаш кӣ, ҳозир дар куҷо?
Ҳалим ба духтар чӣ ҷавоб гуфтанашро андешида лаҳзае сукут кард, худ ба худ даст афшонд ва сипас гуфт:
— Ин қисса дароз аст… Калон шавӣ, худат мефаҳмӣ.
— Камакак гӯед… дадаҷон… — наздиктар нишаста зорӣ кард Булӯр — Ҳамту, ду-се сухан катӣ… Бачаҳо медонанду ман не…
Ҳалим ба чашми духтар нигариста ба вай дилаш сӯхт, баъд чойникро бо ангуштонашро нақора навохту розӣ шуд:
— Хуб, мегўям. Балки донистанат авлотар аст. Аз ин воқеа сабақ гир, — гуфт падар гӯё ба худ мегуфта бошад, чашмонашро аз як нуқта наканда. Сонӣ оҳиста сухан сар кард: — Номи падари ман Салим будаст. Вай аслан ба ту бояд бобо бошад, лекин мо кайҳо ӯро аз ҳуқуқи падарӣ ва бобоӣ маҳрум карда будем. Вай ба мо на падар аст, на бобо… Ҳамту, дигарон барин Салими шайтон мегӯем. Барои чӣ? Ана, гӯш кун…
Ҳалим аз рӯи шунидаҳояш ба Булӯр аз саргузашти Салими шайтон баъзе воқеаҳоро ҳикоят кард.
…Салими шайтон дар ҷавонӣ ба шаҳр рафта, ба донишгоҳ дохил мешавад. Мегӯянд, ки бо шарикдарсонаш худписанду номуросо будаст. Лекин ба муаллимону сардорон тамаллуқ карда наздикию улфатӣ меҷустаст. Ҷояш ояд, хабаркашӣ мекардаст. Очаат мегӯянд-ку, шайтон дар дили ҳар якеи мо хона дорад, аммо мо ба ақли худ тан дода кор мекунему ба хоҳишу иродаи шайтон таслим намешавем. Аммо шайтони дилаш ба Салим зӯрӣ мекунаду вай бо амри он дурӯғ мегӯяд, ба одамон хиёнат мекунад, якеро бо дигаре ҷанг меандозад.
— Ҳамту, бе ин хел гапҳо гӯед. Кӯтоҳ карда гӯед, чӣ кор кард? — тоқати Булӯр тоқ шуду сухани падарро бурид.
— Босабр шав, одами бетоқат ҳама чизро рӯякӣ мефаҳмаду ба таҳи гап сарфаҳм намеравад, сонӣ худашро доно тарошида мегардад. Агар бафурҷа нагӯям, ту таҳи ин ҳарфҳоро намефаҳмӣ. — Падар лаҳзае таваққуф кард. Аз саргузашти падари оворааш чӣ гуна ба тарзи оддӣ ба духтараш ҳикоя кунад, то ки вай матлабро ба дурустӣ идрок намояд, чиро бояд гуфту чиро не, вай меандешид. Ҳамаи саргузашти падари бемурувватро гуфтан нашояд. Даркор ҳам не.
— Дар донишгоҳ ба онҳо як муаллимае дарс мегуфтааст, ки шогирдон аз дарсаш баҳраи дуруст намегирифтаанд, яъне донишманд набудаст, ба саволи донишҷӯён ҷавоби комил дода наметавонистаст. Раҳбарон ба норозигии шогирдон эътибор накардаанд. Оқибат, шогирдон машварат кардаанду рӯзе ба дарси он муаллима надаромадаанд. Фақат чор кас аз тӯда ҷудо шуда ба дарс дармадаанд, ки яке аз онҳо ҳамин Салими шайтон будаст. Муаллима онҳоро ягон-ягон ба хилват даъват карда, кӣ будани саркардаи норозиёнро мепурсад, дастгирию ҳоҷатбарорӣ ваъда мекунад, фалону фалон хешовандонам дар чунину чунон идораҳо кор мекунанд, аздусар маро ҳеҷ кор карда наметавонанд мегӯяд. Аз он миён фақат Салим, Салими шайтон дӯстонашро мефурӯшад. Фаҳмидӣ?
Булӯр, ки ҳоло ду чашм ба даҳони падар, бо даҳони нимво ба суханони вай гӯши ҳуш баста буд, ба нишони тасдиқ сар ҷунбонд.
— Сонӣ чӣ мешавад?
— Сонӣ… Сонӣ дар ҳақи ду-се нафар норозиён шаҳодати бӯҳтономез медиҳаду он ҷавонони ғайратмандро ҷазо медиҳанд, ҳатто яке аз онҳоро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Мегӯянд, ки кадом як гуноҳи кӯҳнаи ӯро Салим хабар кашидаст. Баъд аз ин воқеа шарикдарсонаш аз Салим рӯй тофтаанд, ҳеҷ кас вай катӣ салом намекардаст, паҳлӯяш наменишастаанд. Сонитар як духтараки курси поёниро фиреб мекунаду мегурезад.
Ҳалим хомӯш шуд. Вай аз ин ҳикояти худ дар хусуси Салими шайтон қаноатманд набуд, бинобар он рӯ турш карду ҷабинашро бо даст молид. Нобакориҳои Салимро ба духтараш пурра гуфта натавониста ранҷ кашидани вай аён буд, вале Булӯр пайваста “сонӣ чӣ шуд?” гӯён ба даҳони падар менигарист.
— Сонӣ ба деҳа меояд. Мардуми деҳа ҳанӯз ӯро нағз намешинохтаанд, бинобар он, зан додаанд. Падару модари Салим тӯй карда, як духтари қобилу хушрӯйро ба вай арӯс мекунанд. Номи он духтари нағз Хотира будаст. — Ҳалим ғайриихтиёр ба оҳанге ҳикоя мекард, ки гӯё ба духтараш афсона мегуфта бошад.
— И – и, номи бибиҷонам! — Дар чеҳраи Булӯр табассуми шодмонӣ давиду чашмонаш бо нури меҳри маҳбуби худ дурахшиданд. — Ман мегуфтам, ки дар деҳаамон ҳамномашон нест…
— Ҳамномашон не, худи ҳамон духтари хушрӯй бибиҷонат будаст.
— Бибиҷони худам? — бовараш наомаду чашмонашро калон карда боз пурсид Булӯр.
— Бале, бибиҷонатро ба ҳамон нокас медиҳанд.
— Охир, вай — Хотира духтари хушрӯй гуфтед-ку?
Падар зери лаб хандиду гуфт:
— Он замон бибиат ҷавон будаанд, ту барин нозанину хушрӯй будаанд, акнун пир шуданд.
— И-и… — ғайриихтиёр ангушт ба даҳон бурд Булӯр. Чунин менамуд, ки вай аз ин гуна пир шудани бибиаш малул аст.
— Баъд бибиҷон ману аммаатро таваллуд мекунад. Ҳамон солҳо ба мактаби деҳа Гуландон ном муаллимаи ҷавон меояд. Салим ӯро ба доми худ кашида, моро ва бибиҷонатро фаромӯш мекунад, ба хона дер-дер меояд, нигоҳубин намекунад, ба ҳар баҳона бибиҷонатро мезанад, хорӣ медиҳад. Фаҳмидӣ?.. Падару модараш, хешовандон, пирони деҳа ба вай насиҳат мекунанд, аз роҳи шайтон баргард мегӯянд, аммо сухани нағзи онҳо ба Салим таъсир намекунад. Баъд модаговамонро, се бузамонро мефурӯшад, боз як мардро “ман аз шаҳр ба ту мӯзаи хиром мебиёрам” гӯён фирефта пулашро мегираду ҳамроҳи Гуландон аз деҳа ғайб мезанад. Ана, баъди ин ҳодиса мардум мегӯянд, ки шайтон ба вай ғолиб омада, хар карда ба гарданаш савор шудаст. Минбаъд номаша Салими шайтон мегӯянд.
Ҳалим хомӯш гашту ба пиёла чой рехта ҳӯрт кашид. Аз дилаш гузашт, ки исноди қабеҳи Салими шайтон на фақат ӯро, балки фарзандонашро ҳам як умр думболагир аст. Баъди гумном шуда рафтанаш маълум шуд, ки аз хеле одамон қарздор будаст, ҳатто заёмҳои чандинсолаи Ҳидоят-кампири бекасро “бурд баромада бошад, ду ҳис мекунем” гӯён гирифта дигар надодаст. Ҳалим ҳамаи қарзҳои ӯро адо кард, вагарна сар бардошта гаштан мушкил буд. Метавонист ҳар як бедаҳан гӯяд: “Агар мард бошӣ, қарзи дадата мекандӣ…” Дар ҳамон солҳои сахтӣ аз ризқу рӯзиаш канд, аз пӯшокаш сарфа карду ҳамаро розӣ кард…
— Сонӣ чӣ шуд, а, дадаҷон? — Аён буд, ки Булӯр ба ин тарз хотима ёфтани саргузашти Салими шайтонро намехоҳад.
— Бедарак рафт. Бибиҷонаш моро ба сахтӣ, танҳоӣ худаш калон кард.
Ба дил гуфт: “Э, духтаракам, ба дуньё омада се солакак шавҳардорӣ карда, дигар ҳаёташро барои ду фарзанд нисор кардани модарро чӣ хел, бо кадом сухан ба ту гӯям?! Калон шав, худат мефаҳмӣ…”
— Шумо уна дигар надидед? — ҳеҷ қонеъ намешуд Булӯр.
— Ҳим-м… Надидам, — нимғурма, ба чашми духтараш нанигариста ба зўр овоз баровард Ҳалим.
— Ҳеҷ, ҳеҷ надидед?
— Ҳеҷ.
Ба дурӯғ гуфтан забони Ҳалим намегашт, вале ноилоҷ монда буд. Баъди калон шуда дастёри модар гаштанаш, шабе Салими шайтон дуздвор аз девор фуромада ба хона омада буд. Модар ваю хоҳарашро ба хонаи дигар фиристоду хеле вақт бо ӯ гапзанон кард ва дар охир ба зориҳои ӯ гӯш надода “бирав” гуфта буд. “Бирав, дар ин ҷойҳо нагард. Зану фарзандоната пушти по задӣ, ба чашми халқат хок пошидӣ, ҳатто ба падару модарат раҳм накардӣ, ба дил ҳасрат аз дунё рафтанд, омада ба хок намондӣ, дигар чӣ меоӣ? Барои ин кӯдакони бегуноҳ ҳамин қадар касофатат бас не?!” — гӯён дарро кушода ӯро берун рондани модар ҳанӯз дар пеши назари Ҳалим ҷилвагар буд. Салими шайтон баъди чанд сол боз омад. Ин бор пиру нотавон, майзада ва бадбуриш гашта буд. Ӯ ин бор ба назди Ҳалим омад. Ҳалим як шаб ӯро меҳмон карду пай бурд, ки дар вуҷуди падар нишоне аз одамият намондааст — чашми ӯро хато дода аз ҷевонча спирти барои банкамонӣ ва компресс мондагиро гирифта хӯрдаст, кисаи ӯро кофта ҳамёнашро холӣ кардаст. Ҳалим аз тарси шармандагӣ ва беобрӯгӣ саҳари барвақт, торикӣ бардошта нашуда ӯро ба раҳи саҳро гуселонд. Салими шайтон ҳарчанд зорӣ кард, ҳикматҳо (агар падарат саг бошад, ту сагбонӣ кун!) овард, то ки дар деҳа бимонад, писар розӣ нашуд. “Деҳа ҷои ин хел одамон не, худатон нағз медонед. Хоҳ нохоҳ дар ин ҷо рӯз дида наметавонед, моро аз нангу номус мекушед”, гуфта буд.
— Вай ҳозир дар куҷо бошад, а, дадаҷон? — саволи Булӯр Ҳалимро ба худ оварду ба рӯи духтараш нигарист. Булӯр саволашро такрор кард.
— Мегӯянд, ки дар шаҳр аст. Пир гашта бекасу танҳо мондааст.
— Агар пир бошад, кӣ ба вай нигоҳубин мекунад?
— Ҳукумат.
— Ҳукумат барои чӣ ба шайтон нигоҳубин мекунад?
— А-а… Дар вақташ барои ҳукумат кор кардагӣ.
— Вай дигар шайтонӣ намекунад? А, дадаҷон?
— Намекардагист.
— Ҳиъ, Салими шайтон… — гуфт Булӯр худ ба худ лабонашро пеш дамонда. — Дадаҷон, дадаҷон, ба ман нигаред, дадаи Акмала бачаҳо Ҳасани лахчак мегӯянд! — бо завқ хандид вай.
— Ҳа-а, — табассум кард падар. — Ҳасан амакаш дар ҷавонӣ аз таги дег пасмондаи оши лахчака мегирам гӯён ба дег афтода буд.
— Дадаҷон, шумо рафта ба муаллимамон гӯед, ки ман набераи Салими шайтон нестам… Сонӣ он кас ба бачаҳо гӯянд. Ман ба ҳамаашон узр мегӯям.
— Дуруст мекунӣ… Бубин, ҳеҷ кас маро писари Салими шайтон намегӯяд, зеро ки ман ба вай монанд нестам, ба ҳеҷ кас бадӣ надорам, фиреб намекунам. Ту ҳам ба вай монанд нашав.
— Ман духтари шумо мешавам! — Булӯр инро гуфту бо меҳр ба гардани падар овезон шуд.
Соли 1982
“ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН”
1983, №7, C.—14-15
Баҳром Фирӯз بهرام فیروز Bahrom Firuz

Пікірлер

  • 6 сәу 2021 22:01
  • 6 сәу 2021 22:03
    Баҳром Фирӯз..эҷодиёташ пурмазмун..романҳо дошт