ДОМ

Қисми 50.
Мошин ҳам омаду дар наздашон қарор гирифт. Аня аввал ҷо гирифт, Ғайюр дар бараш.
- Ба маркази ноҳия, - фармуд Ғайюр ва дид, ки ронанда ҷавони тоҷик. Суол кард, - тоҷикед шумо?
- Бале.
- Ба мо нотариус лозим, метавонед наздиктараш бурда?
- Амволро тақсим карданӣ?
- Не, "боварнома" лозим.
- Ман бошам шуморо шинохтам, шумо язнаи Амон ҳастед.
- Амонро аз куҷо мешиносед?
- Ман ҳамсинфаш. Дар тӯятон хизмат кардем.
- Ташаккур.
- Аммо ин зан ҳеҷ ба хоҳари Амон монандӣ надорад.
- Мо бо ин зан шиноси дерина ҳастем, дар ҳуҷҷатгузориҳо кӯмакрасонам аст.
- Ошатон шавад, ман ҳам дорам аз ин гуна кӯмакрасон, - ҷавон хандид ва дили Ғайюр каме осуда шуд.
- Амон ҳоло дар куҷост, бо чӣ корҳо машғул?
- Рости гап намедонам, ба фикрам ягон ҷои аниқи кор надорад. Ду моҳ шуд, бемор гуфта қарз пурсид.
- Баргардонд?
- Ҳоло не, рақамаш дастнорас.
- Ман ҳам занг зада наметавонам, чанд бор рақамаш иваз шуд.
- Ба фикрам, аз ҷӯраҳо қарз мегираду рақамашро иваз мекунад. Аммо ман ӯро дар кӯчаҳо бисёр мебинам. "Изои мӯъмин ҳаром", наздаш намеравам.
- Ӯ дар куҷост?
- Дар Маскав.
* * *
Ғайюр боварномаро ба номи ҳамсараш тартиб дода ба почтааш гусел кард. Ронанда ҳардуро дар берун мунтазир буд.
- Ман метавонам рақами телефонатонро гирам? Рақами телефони Амонро дастрас кунам, ба шумо мерасонам.
Ғайюр рақами телефонашро дод.
- Агар ҷавонони сохтмончӣ дар ҷустуҷӯи кор бошанд, метавонед ба ҳамин рақам занг занед. Маош корбайъ ва сари вақт пардохта мешавад, - гуфт Ғайюр.
Такси Ғайюру Аняро то даромадгоҳи деҳа расонду пас гашт.
- Чаро рақами телефонатро гирифт? - пурсид Аня.
- Ба сохтмон коргар лозим, шиносҳояшро гусел кунад. Пас аз соли нав гирифта ба ҷои кори пештараам мебарам, Саша дигар ба кор нарафт?
- Не, пас аз ҳодисаи бо ту рухдода каме дар ҳамон қитъа кор карду дигар нарафт. Як муддат бо кадом як рафиқаш бо васлгарӣ машғул шуд. Алҳол бекор аст, тарбияи кӯдакро баҳона оварда, аз хонаи ҳамсараш намебарояд.
- Наменӯшад?
- Пул надорад, дирӯз аз модарам каме пул гирифт, биринҷу макарон бурд.
- Саша мошинро ронад, ҳамроҳ ба қитъа равем. Ба дастурхони идона маблағ ҷамъ кунем. Чӣ маслиҳат медодӣ?
- Занг зан, бо худаш маслиҳат кун.
Ғайюр телефонашро бароварда ба Саша занг зад.
- Чӣ кор кунем, хирс барин то баҳор хобем?
- Ту чӣ, сиҳат шудӣ?
- Ман саломатам, мошинро ронда метавонӣ, ҳуқуқи ронандагӣ дорӣ, маро ба қитъа бар, хоб рафтанамон кифоя.
- Саҳар соати нӯҳ маро мунтазир шав, бо "москвич" меравем. Мошини Аня чархҳои зимистона надорад.
- Дорад, ҳангоми харидан чархҳои зимистонаро ҳамчун тӯҳфа дода буданд.
- Ман онҳоро фурӯхтам, сифаташ хуб набуд.
Ғайюр ба Аня нигарист. Аня бо аломати тасдиқ сар ҷумбонд.
- Ҳеҷ гап не, саҳар биё, маслиҳат мекунем.
Телефонро хомӯш карда аз Аня пурсид:
- Чархҳо хуб буданд, ман худам интихоб карда будам, ту дар паҳлӯям будӣ.
- Медонам, ба пул танқисӣ кашиду фурӯхт. Ҳозир мо бо нафақаи модарам ва кӯмакпулии Юрок зиндагӣ дорем.
Ғайюр боз рақам чид.
- Ба Саша занг мезанӣ?
- Не, ба Денис. Мепурсам, ки оё мумкин аст аз пагоҳ корро сар кунем?
Денис розӣ шуд, ҳатто аз баргаштани ду нафар корманди соҳибтаҷрибааш хурсанд гашт.
- Кошки, - гуфт вай, - пагоҳ ман шуморо дар офис мунтазир мешавам.
Хабари ба кор баромадани Ғайюрро модар шунида баръакс ғамгин шуд.
- Маро танҳо гузошта куҷо меравӣ, ман дар ин ҷо торс мекафам. Маро ҳамроҳат бар.
- Модарҷон, ман бояд бештар ҳаракат кунам, духтур чунин тавсия дод. Бештар, аммо бо меъёраш. Рӯзҳои наздик Ғайратҷон бо модараш меояд, ҳамроҳашон дар Маскав зиндагӣ мекунед.
- Ту чӣ?
- Шуморо хабаргирӣ меравам.
- Дар ягон мағоза фаррошӣ мекунам. Шарофат барин...
- Модарҷон, Шарофатхола ҳоло ҷавон аст, патент дорад, андоз месупорад. Барои шумо дер шуд, шумо ҳоло дар қайд нестед.
- Маро дар ҳамин хона дар қайд мон.
- Қайди шумо дар вилоят бошад, наметавонед дар шаҳр фаъолият бурда. Шуморо дар Маскав дар қайд мегузорем. Бигузор Мижгона патент гирад, худашро таъмин кунад.
- Ту кӯмак намекунӣ?
- Мекунам, Мижгона ҷавон аст, вайро бе патент намегузоранд, дар Русия зистан.
* * *
Мижгона дарди дандонро баҳона карда ба шаҳр рафт, маблағи Ғайюр фиристодаро гирифта, ба Маскав билет харид. Ба Ғайюр паёмак фиристод: "25-уми декабр, соати 14.45 бояд дар Маскав шавам".
Дарҳол аз Ғайюр низ паёми кӯтоҳ расид : "Мунтазир мешавам".
Дар хонаи падар муомилааш бо арӯс соз намегирифт, ба ҳар як амали ӯву Ғайратҷон эрод мегирифтанд. Рӯзе набуд, ки Ғайратҷон дар назди модараш оби дида нарезад. Ҳатто истеъмоли қанд барои фарзандаш мамнӯъ буд.
- Дандонашро кирм мехӯрад, - мегуфт модараш.
- Чаро дандони духтари Амонҷонро кирм намехӯрад? Охир, дили кӯдак ширинӣ меҷӯяд, ман чӣ кор кунам? Пул надорам, ки аққалан як дона конфет харам.
- Боз пул гуфтӣ? Пул лозим бошад, баро, кор кун. Диплома барои сандуқ гирифтӣ?
- Кор нест, аллакай дар ҷои ман кор мекунанд. Муаллимаи синфҳои ибтидоиро пешкаш карданд, розӣ нашудам. Бо кӯдакони хурдсол ниҳоят мушкил.
- Ту як кӯдакатро ӯҳда карда наметавонӣ. Ҳеҷ не, фаррошӣ кун.
- Бо дипломи маълумоти олӣ?
- Ба Ғайюр занг зан, маъюб бошад ҳам вазифадор аст фарзандашро таъмин кунад. Воқеан, маслиҳат чӣ шуд? Ҷудо мешавӣ? Тезтар ҳавлиро дар номат гузор, фардо бо нашъа ба даст афтад, аҳволат боз харобтар мешавад.
- Ӯ нашъаҷаллоб нест, аз дасти ӯ ин гуна корҳо намеояд. Сониян ҳавлӣ аз модарам аст.
- Модарам нагӯ, модараш! Туро фиреб карда мегашт, зани рус дошт, шояд занаш ҳам дар фурӯши нашъа кӯмак мекард.
- Бе далел гап назанед модарҷон, Ғайюр бо меҳнати ҳалол маблағ ҷамъ меовард, мо бошем онро бод додем.
- Боз мавзӯъро ба пул мебарӣ? Гурусна ҳастӣ? Ғайрат гурусна ҳаст? Кори Амонҷон барор гирад, ҳамаашро бармегардонад.
- Шубҳа дорам...
- Дандонатро табобат мекунӣ?
- Албатта.
- Табобат чанд пул? Боз аз падарат пул пурсам?
- Ба Ғайюр занг мезанам, таъмин мекунад.
- Амонҷон гуфт, ки ӯро дар Маскав надидааст. Ба фикрам туро боз фиреб медиҳад.
- Маскав деҳаи мо нест, ки аз ҳама чиз огоҳ бошӣ. Дарвоқеъ Амонҷон чаро Ғайюрро ҷустуҷӯ дорад?
- Гуфтам, ки назорат барад.
- Ягон зарурат буд?
- Ман ӯро ором намегузорам. Духтари маро бадбахт гардонид. Аз ин рӯзаш бадтар мекунам.
- Модарҷон, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Бигузор бо ҳамон зани русаш бошад, табобат гирад, сиҳат шавад, ба мо пул фиристад. Аз бемории ӯ ба ман нафъе намерасад.
- Ҳавлиро соҳиб мешавӣ, духтарам. Ту ҳанӯз кӯдак ҳастӣ. Ҳавлӣ ҳама вақт пул.
- Фурӯхта баъд чӣ кор мекунем? Боз дар ҳамин ҳавлӣ зиндагӣ мекунам?
- Туро ба шавҳар медиҳем, Ғайрат бо мо мемонад.
- Ғайрат не, Ғайратҷон. Ман ӯро гузошта, ба ҳеҷ куҷо намеравам.
- Туро касе бо кӯдакат намегирад.
- Нагирад - боз хубтар. Ба Душанбе рафта, дар паҳлӯи аммаам савдо мекунам.
- Ақидаат бад не. Савод дорӣ, ҳисобу китоба нағз медонӣ. Ман бо падарат маслиҳат кунам, ба хоҳараш гап занад. Рав.
Мижгона дар сар роҳи фирорро меандешид. Ба ҳар роҳ бояд аз ин хона берун равад. Бо модар метавонад муросо кунад, аммо бо Сарафроз не.
* * *
Субҳи солеҳ Саша бо ҳамроҳии ҳамсару кӯдакаш омаданд. Ғайюр Таняро пас аз беморӣ ва духтарашонро бори аввал медид. Духтарчаро Наташа ном додаанд.
- Наталья Александровна! Номи хеле зебо, - гуфта Ғайюр кӯдакро ба даст гирифтанӣ шуд. Аммо Саша нагузошт.
- Меафтонӣ, - гуфт ӯ, - дастонат қувва надоранд.
- Ними хонаи кӯҳнаро ғӯла кардам, анборро бо ҳезум лаболаб кардам, қувват доштам, баъд чор кило кӯдакро бардошта наметавонам? - пурсид Ғайюр.
- Ғӯла-ғӯла аст, ман Папа Карло нестам, ки Буратино созам. Эҳтиёт шарт, дар диван хобонам, чӣ қадар мехоҳӣ, ҳамроҳаш бозӣ кун. Лекин набардор.
Ғайюр Таняро бо модараш шинос кард ва ҳарду хонаро ба занҳо супорида назди мошинҳо рафтанд. Саша калиди "Москвич"-ро гирифту мошинро ба кор андохт.
- Дӯсти дерин беҳ аз ду дӯсти нав, - гуфт ӯ, - то гарм шудани муҳаррик метавонӣ дар хона бошӣ.
- Ду дӯсти нав? Чархҳои дӯсти навро чаро фурӯхтӣ? - хандид Ғайюр.
- Рости гап, пул лозим шуд. Ҳамон шабу рӯз дар ҳақиқат пул лозим буд. Рӯзи таваллуди Таня, ба истиқболи меҳмонон ягон чиз харидан лозим.
- Меҳмон кӣ?
- Модараш...
- Модараш дар ҳамон хона-ку.
- Юр, рости гап, баргаштани ту дар гӯшаи хаёлотам набуд. Пас аз ҳодисаи бо ту рухдода, аз ба лаби бом рафтан метарсидагӣ шудам. Дар таҳхона каме кор кардам. Мушкил буд бо ду нафар кор кардан, мебаромадему медаромадем, натиҷа-сифр. Моҳи аввал маоши хуб гирифтем, муҳандис омада ба сурати кор эрод гирифт. Ду ҳамватанат ба Маскав баргаштанд. Танҳо мондам. Алёшаву Вовка аз субҳ сархуш, агар нарафта бошанд, дар сари чор халта цемент посбон. Ту рафтиву кор мурд.
- Ҳамаашро аз сари нав оғоз мекунем.
- Чӣ тавр? Таҳхона чунон сард, ки имкони кор кардан нест. Ба мустаҳкам кардани дару тирезаҳо фурсатамон нарасид. Наҳр пурра ях баст.
Саша мошинро ба ҳаракат даровард. Бо як мушкилӣ то шоҳроҳ расиданд.
- Суръати ҳаракатро натезон, - хотиррасон кард Ғайюр, - ба ҳар ҳол чархҳои пас тела медиҳанд.
- Ман бо ҳамин мошин одат кардаам, мошини туро ронда наметавонам, метарсам.
- Мошини ман не, аз Аня. Ягон бор савор нашудӣ?
- Савор шудам, аз қитъа то хонаи Настя ва аз хонаи Настя то деҳа. Аня ҳар гоҳ мошинро медид, туро ба хотир меовард магар, ки гиря мекард.
- Ҳамааш хуб мешавад, ҳамроҳ кор мекунем, фарзандонро ба воя мерасонем. Аз дунё умедам калон.
Ин дам телефони Ғайюр садо дод. Ронандаи таксӣ занг мезад.
- Алло.
- Ман ҷои истиқомати Амонро муайян кардам.
- Хеле хуб, дар ватсап нависед.
- Шаш нафар сохтмончӣ низ ёфт шуд, ҳаст кор?
- Ҳаст. Ман суроғаи идораро менависам, пас аз як соат дар ҳамон ҷо метавонам мунтазир шуда?
- Метавонед. Ҳозир ман ба онҳо занг мезанам, суроғаро ба онҳо низ мефиристам.
Ғайюр суроғаи идораро ба ронанда навишт, дар ҷавоб суроғаи Амон омад.
- Ана, шаш нафар коргари нақд, - гуфт Ғайюр, - роҳбарӣ мекунӣ.
- Тоҷикон?
- Бале.
- Тоҷикон бошанд-хуб, - чашм аз роҳ наканда гуфт Саша, - Шумо меҳнатро дӯст медоред.
- Аввал таҳхонаро ба тартиб биёр, тирезаҳои пластикиро мустаҳкам кун, гирдашро бо кафк маҳкам намо. Ягон сӯрохӣ намонад. Дар чор кунҷ гармкунакро насб кун, ҳароратро бардор. Имрӯз якбора масолеҳро низ супориш медиҳем.
- Бовар дорӣ, ки таҳхонаро гарм карда метавонем?
- Агар дар ду рӯз дару тирезаҳоро шинонем, дар як ҳафта ҳарорати таҳхона мӯътадил мешавад.
(давом дорад)
Муаллиф: Юлчи Ашуров
Таҳияи: Murodjon Usupov

Комментарии