Комментарии
- 1 дек 2021 13:14махтоб АлиеваЗиндаву човид бошад доимо
- 1 дек 2021 13:35Muhammadi KarimХело дарднок а ммо хотимаи хуб.
- Хувайдиллоева ХурматойКомментарий удалён.
- 1 дек 2021 16:05Саида Умарова ответила Хувайдиллоевой ХурматойБехтарин
- 1 дек 2021 18:02Марям СабинаБехтарин киса
- 1 дек 2021 20:43Самира АхмадоваКисаи бехтарин Аллох ба хама сабр дихад ба муроди дил расонад кули бандагонашро
- 1 дек 2021 22:18Аллах дай ❤️☝️ Терпений(Замужем)
️
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
АРЎСИ СЎХТАГӢ.
Сафару Садаф бо хости волидон хона обод карданду кӯшиш менамуданд, то дили эшонро озоре надиҳанд, аммо дер фарзанддор гаштани писари ягонаашон ҷигари онҳоро хун мекард. Амаки Сафо хеле ҷавон дар садамаи нақлиётӣ ҳалок гашту холаи Моҳ бошад, баъди гузаронидани маъракаҳои шавҳар тамоми вақти холии худро ба давоҷӯйи келину писараш сарф менамуд. Табибу фолбине намонда буд, ки ӯро нашиносад, оқибат табобат асар намуд, ё оҳи модари ғамдорро Худо шунид, ки Садаф ҳомиладор гашт. Хушдомани меҳрубон намегузошт, ки ӯ даст ба оби хунук занад. Пас аз сипарӣ гаштани мӯҳлати ҳомиладорӣ Садаф духтараки паричеҳрае таваллуд намуд. Тифлак он чунон зебо буд, ки бинанда гумон мекард нақошше махсус ӯро кашидааст. Мӯйҳои ҷингилаи сипсиёҳ, абрӯвони сиёҳи пайвастӣ, рухсораҳои чун себи хубонӣ сурх, хулоса, олиҳаи ҳусн буд тифлаки деринтизори хонадон. Бибӣ ба тифлак Райҳон ном гузошт. Райҳони малеҳдидор ба хонадони сарду хомӯши волидон хандаю сурур ва файзу баракат овард. Дар чорсолагии ӯ модараш писар таваллуд намуд. Духтарак рӯз то рӯз дилработар мегашту модар ба ҷамолакҳою пеши куртааш муҳраҳои чашмӣ духта мемонд. Ҳар гоҳе, ки ӯ ба беморие мепечид, бибияш давдавон ӯро назди ҳамсари усто-Саъдуллои оҳангар Саидамоҳ мебурд, то дуои захми чашмаш хонад. Ин зани Қуръонхону порсо байни мардуми деҳа бо даму нафасаш шӯҳрат дошт. Райҳонро худам барои Хайруллоям келин мекунам, - мегуфт хандида Саидамоҳ ва илова мекард: - ин қадар дуое, ки хондамаш дар қалин ҳисоб кунед. Духтарамро беқалин намегирӣ Саидамоҳ, тиллоҳои усто-Саъдулло ба даҳ қалин мерасанду ту зихнагӣ мекунӣ?- ба шӯхии ӯ бо зарофат посух мегуфт холаи Моҳ. Эй Моҳи ҷун, Райҳони ту ба хироҷи мамлакат меарзад, ба шӯхии занҳо ҳамроҳ мешуд усто- Саъдуллои паҳлавон. Дар ин ҳангоми беғамӣ Хайрулло даҳсолаю Райҳон ҳафтсола буданд, аммо дар дили духтарак чӣ ҳиссиёти ширини кӯдаконае бедор шуду аз Хайрулло шарм медошт. Як зимистони сарду қаҳратун модар хамир карду хост нони гарм пазад, бибияш назди гаҳвораи хоҳараки шашмоҳааш Хайрӣ нишаста, ба додарчааш афсона мегуфт. Модар хамирро рост карду дегдонро тафсонд, Райҳон нонҳои росткардаи модарро бо як чолокӣ ба рӯйи рафида монда назди дегдон мебурд. Бибияш лаҳзае ба гирумони набераи чақонаш нигариста шод мегашт, модар нонҳоро ба танур часпонда, рӯй онро бо пораяки тунукае пӯшонд ва хост то пухтани онҳо сурфаашро ғундорад. Модар ба хона даромаду ба назари Райҳон каме дер кард. Ӯ ба модараш тақлид намуда, тунукаи рӯйи танури тафсонро яктарафа карда хост аз нонҳо хабар гирад, аммо қадаш нарасид ва бояк ҷаҳиш бо шикам худро дар лаби танур овезон кард. Ҳавли гарм ба рӯяш заду бо як дасташ рӯяшро пӯшонд, аммо мувозинаташро нигоҳ дошта натавониста, сарозер ба танур афтид. Модар аз чирроси даҳшатноки Райҳон ба берун баромада, сӯйи танур давид ва фарзандашро дар рӯйи лахчаҳои сӯзон дида аз ҳуш рафт. То холаи Моҳ саркану покан ва доду фиғонкунон аз хона баромада, бо ёрии ҳамсояҳо Райҳонро аз танури тафсон баровард, ки рӯйи чун моҳ тобони духтарак сӯхта бирён гашт. Ҳавлиро бӯйи ғализи гӯшту пӯсти одамӣ ва нонҳои сӯхта фаро гирифт, Сафар аз фоҷиаи ба сараш омада дар идораи колхоз ( ӯ он вақт мудирии фермаи чорводориро ба ӯҳда дошт) бохабар гашта, рост ба беморхона рафт, зеро мошини ёрии таъҷилӣ аллакай Райҳони зебояшро ба он ҷо бурда буд. Ҷаҳду талоши духтурон буд ё дуоҳои мустаҷоби пайвандон, ки пас аз чил рӯзи беҳушӣ Райҳон ба худ омад, аммо бо як шакли даҳшатовар. Дасти чапаш мисли мушт часпида, рӯяш ба таври шинохтанашаванда сӯхта, миҷгонҳои чашм ва абрӯи тарафи росташ набуданд, аммо волидонаш шукр мекарданд, ки духтаракашон ҷони зинда дорад. Дар солҳои 55-60-и асри гузушта илми тиб ба дараҷае тараққӣ накарда буд, ки ин гуна ҷароҳатҳоро аз байн барад ва Райҳони нозанин маъюб гашт. Аҳли деҳа мегуфтанд, ки духтаракро оташи чашми мардум сӯхт. Райҳон рӯз аз рӯз калон мешуд, чун ба балоғат расид, чизи аз ҳама бад медидагиаш оина буд, чунки аз равзанаи он ба сӯяш духтараки бадбашарае менигарист, бинобар ин, ӯ ҳаргиз намехост шамоилашро дар оина бубинад. Азбаски дили зебо дошту ба маъюбии як дасташ нанигариста хеле ҳунарманд буд, духтаракон ҳамроҳаш рози дил мегуфтанду дугона буданд. Зиндадил буд Райҳон, ба тӯйҳо мерафт, худро аз мардум канора намегирифт, ҳарчанд Хайруллои писари оҳангарро дӯст медошт, аммо ҳаргиз орзуи ҳамқисмати ӯ шуданро намекард. Охир, Хайрулло ҷавони зебост ва бояд зани ба худаш муносиб гирад, ман бошам, шавҳар намекунам, то охири умр танҳо мемонам, ба ин шаклу шамоил маро кӣ мегирад?- аз дил мегузаронид Райҳон орзуҳои аз қаъри қалбаш ҷӯшида баромадаро ҷавонмарг карда. Як рӯз холаи Саидамоҳ ба хонаашон кулчаю фатир оварда гуфт, ки писари кенҷаашро фотиҳа кардаанду ба қарибӣ тӯй мешавад. Пас аз шунидани ин хабар Райҳон сарам дард мекунад гуфта, ба хонаи хобаш даромада, бо алами зиёд ашк рехт. Аз дил мегузаронд, ки агар ба сараш ин фоҷиа намеомад, шояд Хайруллои зебою қоматбаланд насибаш мегашт. Райҳон ба бисту панҷ қадам мемонду талабгоронаш фақат мӯйсафедони барҷомонда буданд, падар бошад, намехост духтараки аз дасти қисмат озордидаашро дубора озор диҳад ва ба ин хостгорҳо ҷавоби рад медод. Як шаб холаи Саидамоҳ назди модару бибии акнун пиру нотавонаш даромада, хеле сӯҳбат карда мақсади омаданашро баён намуд. Ӯ бо таассуф гуфт:
- Апаи Моҳ ва Садафмоҳи ширин, шумо хуб медонед, ки ман бисёр мехостам Райҳонро барои писарам келин кунам, аммо ин фалокат рӯй дод, вале то ҳол ӯро дӯст медорам. Амакам дар қишлоқи ҳамсоя зиндагӣ мекунаду як писари камақлак дорад, безарар дар колхоз кор мекунад, аммо ақлаш кам аст. Ба сиюпанҷ даромадааст, барояш беваи кӯдакдореро ёфтаанд, аммо ман таклиф кардам, Райҳонро келин кунанд, онҳо розӣ шуданд. Акнун он тарафаш дар дасти шумо, амакам одами ба обрӯ хонадони серу пур, боварӣ дорам, ки пушаймон намешавед. Волидони Райҳон ба оилаи усто Саъдуллои оҳангар эҳтироми беандоза доштанду медонистанд, ки Саидамоҳ барин зани ростгӯю порсо ҳеҷ гоҳ онҳоро фиреб нахоҳад дод ва ба пешниҳоди ӯ ҷавоби мусбӣ доданд. Тарафи домод ба Райҳон ҷиҳозе оварданд, ки мардуми дида ба ҳайрат омаданд. Тӯй ҳам бисёр хуб гузашт, аммо Райҳон бо дили ғамгин вориди хонаи бахт гашт. Дар хонаи шавҳар ҳама арӯси меҳрубону заҳматкашро дӯст дошта монданд, шавҳраш ҷавонмарди паҳлавону хушсурат, аммо мисли кӯдакон сода ба ӯ меҳрубон буд. Дар бистар онҳо мисли дугона мехобиданд, муносибати заношӯйӣ надоштанд. Зоҳир пас аз меҳнати вазнини рӯзона мисли хирс мехобиду Райҳон низ ба касе дар ин бора чизе намегуфт, шарм медошт. Ӯ ёд дорад, ки дугонааш Салимаи шуху шаттоҳ баъди тӯйи арӯсияш тамоми рӯйдодҳои шаби аввалро бо обуранги зиёдатӣ ба онҳо нақл карда буд, аммо шавҳари ӯ мисли Бобоназари Салима беодоб набудааст. Ҳамин тавр шаш соли умри онҳо сипарӣ гашт, бибияш аз дунё гузашту умеди дидани абераро дар дилаш ба гури танг бурд. Як рӯз модараш аз хушдоманаш иҷозат гирифта, ба нею нестони Райҳон нигоҳ накарда, ӯро назди табиби занҳо бурд, он вақтҳо аксари генекологҳо русҳо буданд. Духтур бо тааҷҷуби ошкоро аз Райҳон пурсид, ки чанд сол ин ҷониб бо шавҳрат зиндагӣ дорӣ? Чун дар ҷавоб шаш солро шунид, наход?- гӯён ба курсӣ нишаст. Холаи Садафмоҳ бокира будани духтарашро фаҳмида, аз духтур дида зиёдтар ҳайратӣ шуд ва дигар нагузошт, ӯ пой ба остонаи шавҳар гузорад, аммо асли гапро на ба хешони худаш гуфту на ба пайвандони домодаш. Ба саволи чарои қудоҳояш посух дод, ки аз духтари ман кӯдак намешавад, писаратонро зан диҳед. Пас аз шаш моҳи ин воқеа Райҳонро Мирзои Насиб -яке аз мардони сарватманди деҳа харидор гашт. Зани ман ду духтар дорад, аммо ман мехоҳам меросхӯр дошта бошам, агар Райҳон бароям писар таваллуд кунад, ӯро тоҷи сар мекунам,- ваъда дод марди дар орзуи писар. Мирзои Насиб он вақт 60 сол дошт ва Райҳон 31 сола буд. Падару модар мехостанд, ки духтари маъюбашон дами пирӣ дастгире дошта бошад ва Райҳони гирёнро ба Мирзои Насиб никоҳ карда доданд, вале пинҳонӣ, зеро аз зани ӯ Салоҳати моҷароҷӯй метарсиданд. Мирзои Насиб ваъда дод, ки баъди ҳомиладор гаштани Райҳон худаш бо занаш маслиҳат мекунад. Онҳо дар хонаи падари Райҳон зиндагӣ оғоз карданд, Мирзои Насиб Райҳонро бокира дарёфта аз мӯъҷизаи илоҳӣ дар ҳайрат афтод, аммо чун аз забони ӯ асли воқеаро шунид, ба сабру тоқат ва шарму ҳаёяш офарин хонд. Бо лутфи Худованди мутаол Райҳон ҳомила гашт ва Мирзои Насиб ба Салоҳат инро гуфт. Шури қиёмате барпо шуд, ҷангу ҷанҷол, хархаша, воҳима акнун тамоми қишлоқ медонист, ки Райҳон шавҳари Салоҳати олуфтаро «кашида» гирифтааст. Мирзои Насиб қудрати хомӯш кардани зани ҷанҷолияшро надошт. Салоҳат дар тӯйҳо назди занони деҳа доираро ба даст гирифта Райҳонро масхаракунон суруд хонда, мардумро механдонд:
Худам гуламу дар остином гул дорам,
Сӯхтагули шӯгадо шудаӣ бохчунам.
Равен гӯен беваи хунукрӯра,
Ӯ сараки сухтагиша дар хок мемунам.
Баъзе занони ғайбатчӣ ба Салоҳат тақлид намуда, Райҳонро Сӯхтагул меномиданд. Ин суханҳо ба гӯши ӯ мерасиданду зор-зор мегирист, аммо Мирзои Насиб ӯро таскин медод, ки сабр кунад. Райҳон барои шавҳари дар ғами писар обу адо гаштааш писари зебое таваллуд намуд. Падари хушбахт тӯйи калоне оросту пеши ҳамсараш шарт гузошт, ки заминро ду тақсим карда барои модари писарам хона месозам, агар нисбати ӯ носазое мегӯйӣ талоқат дар дасти худат! Салоҳатро ин қавли шавҳар тарсонд ва ӯ пинҳонӣ ба Райҳон гап ройӣ кунад ҳам, дигар назди мардум ӯро носазо намегуфт. Ҳамин тавр хоначаи оддие сохта Мирзои Насиб зану фарзандашро овард. Райҳон баъди дусола шудани Орзу Умед ва баъд духтарчааш Зеборо ба дунё овард. Шавҳар дар ҷойи хушбоду ҳавое замин харида, мақсад дошт, то барои писаронаш хона бунёд созад, аммо аҷал имконаш надод. Ба сари Райҳон боз ғам омад, бо се тифли кӯчак дар кулбаякаш боз танҳо монд. Айёми ҷанги шаҳрвандӣ буду дар мактаби деҳа фаррош шуд. Бо пули ночизи маош ва ёрии падару модар ва хоҳару додараш ятимаконашро калон мекард. Аз молу маноли шавҳар ба ӯ чизе мерос намонда буд, ҳамаро Салоҳату духтаронаш соҳибӣ карданд. Аз мардум шарм медоштанд, вагарна ӯро аз ҳамин кулбаякаш хам меронданд. Бо гузашти солҳо писаронаш калон шуданд, авҳоли модарро дида, баъди хатми мактаб ба Русия рафтанд, Райҳони некдил аз аввалин маоши писаронаш барои Салоҳат матоъе харида, ба дидораш рафт ва гуфт, ки апа бачаҳоятон таъкид карданд, то бароятон баргаки сабзе харам аз маошашон… Зан инро интизор набуд ва ҳеҷ бовар надошт, ки палонҷаш ҳама бадиҳои ӯро мебахшад. Ӯ гардани Райҳонро гирифта навҳа кашид:
Ҷигарои сӯхтаамро тар кардӣ хоҳар, наход рӯзе расида, ки ман аз дасти бачаам кӯрта пӯшам, наход бачае ёфт шуда, ки маро оча гӯяд? Дар бачаҳои баномусу очашиноси Мирзо мурам… Баъд аз ин ҳодиса палонҷҳо бо ҳам дӯст шуданд, Салоҳат номи Райҳонро бо шикаст намегирифт ва Бибирайҳон гӯён нидояш мекард. Орзую Умед дар замини барои онҳо гирифтаи падар хонаҳои зебое бунёд намуда, хонадор шуданд, Зеборо амакаш келин гирифт. Солҳо гузаштанду Салоҳату модари Райҳон аз олам гузаштанд, акнун ин зани зарбаи қисматдидае, ки умри ҷавонашро бо сарсонӣ сипарӣ намудааст, дар сояи давлати фарзандон осуда нафас мекашад. Акнун ӯ сокини хиёбони танҳоӣ нест, зеро бо накукории хеш дар қалби мардум ошён намудаву ҳама дӯсташ медоранд….
Манбаь интернет