ҚУРБИ ДОЛЛАРУ ЕВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ЗАМИН ЗАД.

ОЁ НАРХҲО АРЗОН МЕШАВАНД?
Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ инак се рӯз боз паиҳам дар Тоҷикистон қурби расмии рубли Русия беист боло меравад ва қурби доллару евро баракс башиддат рӯ ба поён овардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзи 25 май қурби расмии долларро то 11 сомонию 40 дирам, қурби евроро то 12 сомонию 21 дирам ва қурби расмии рублро то 173 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар кардааст. Рӯзи 24 май қурби расмии рубл 172,5 сомонӣ, қурби доллар 11 сомонию 80 дирам ва қурби евро 12 сомонию 57 дирам буд.
Аз боло рафтани қурби рубл нисбат ба доллар муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон хушҳол мешаванд, чунки умедворанд, ки қурби болотари рубл метавонад дасти онҳоро дар баробари нархҳои сар ба осмон кашида дарозтар кунад.
Мардум дар Тоҷикистон ҳамчунин умедворанд, ки пойин рафтани қурби доллару евро ба арзон шудани маҳсулот мусоидат кунад. Чунки вақте ки нархҳоро боло мебурданд, як сабаби умдааш боло рафтани қурби доллар гуфта мешуд.

Комментарии

  • 25 мая 2022 16:42
    Дар Россиям хамин ахвол,$ то 103 шуд нархо башт холо $59 шудаасту нарх истодаст
  • 25 мая 2022 17:35
    Доллар имруз 52 дар Москва
  • 25 мая 2022 22:23
    Давлате ки истехсолаш суст бошад курби асьораш паст ва махсулоташ кимат мешавад
  • Комментарий удалён.
  • 26 мая 2022 13:06
    Мо ки 90 фоизи маҳсулотро аз хориҷа меорем, агар долар 1 сомони шавад ҳам нархҳо поин намефарояд.