Арӯсе, ки аз тарси хушдоман нонро пинҳонӣ мехӯрд, аз хона рафтааст

Арӯсе, ки навори истинтоқ шудани ӯ аз тарафи хушдоман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, аз хонаи шавҳараш рафтааст.
Мадина Сиддиқзода мегӯяд, кӯдаки чормоҳа дорад ва дар манзили яке аз пайвандон ҷойгир шуд.
"Мехоҳам, фарзандамро дар муҳити хуб калон кунам. Намехоҳам, фарзандам ба мисли ман азобу кулфат кашад. Намехоҳам, асабҳояш хароб гардад," -- нақл кард ӯ.
Хонаводаи шавҳари Мадина Сиддиқзода дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиндагӣ мекунанд.
Мадина Сиддиқзода мегӯяд, навор бо иштироки ӯ ва хушдоманаш пас аз як моҳи оиладорӣ ва тақрибан соле пеш сабт шуда, нав ба интернет роҳ ёфтааст.
"Вақте гурусна мешудам, дасторхон меоростам. Хушдоманам мегуфтанд, нону авқот нахӯру заҳр хӯр. Аз гапҳояшон тарсида, нонро пинҳонӣ гирифта, хӯрда будам," -- гуфт ӯ.
Ин сокини Исфара мегӯяд, дар ҳафтмоҳагияш оилаи онҳо аз ҳам пошид. Падару модараш ҷудо зиндагӣ мекунанд.
Як муддат зери парастории модарбузург монду пас аз фавти ӯ ба хонаи модарандар рафт. Аз онҷо ба шавҳар баромад. Ҳоло дар манзили аммааш маскун шудааст.
Абдуманноф Нурматов, аммабачаи Мадина Сиддиқзода, мегӯяд,
"баъд аз паҳн шудани навор чанд нафар хостанд, ба парастории худ гиранд. Ӯ духтари тағоям аст. Дар назди мо калон шудааст. Дар қатори хоҳаронам мешинад. Худамон парасторӣ мекунем."
Масъулони Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон ду ҳафта пеш бо нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, хушдоманеро, ки дар навор барои буридаи нон арӯсро "истинтоқ" мекард, диданд.
Дар эъломияи Кумита гуфта шудааст, ки сабаби "муносибати хушдоман"-ро муайян карданд, аммо тафсилот надоданд. Хушдоманро товон бастанд.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ гуфт, "мо пешакӣ ҳеч чиз гуфта наметавонем. Натиҷа чунин шуда истодааст, ки оила аз нав барқарор мешавад. Мо кӯшиш мекунем, онҳо дар як кулба зиндагӣ ба сар баранд."
Мадина Сиддиқзода мехоҳад, дар ягон ҷой кор кунад ва мустақилона зиндагиро пеш барад.
Дар Тоҷикистон зиндагии якҷояи арӯс бо хушдоман дар чанд соли аввали оиладорӣ мисли “қонуни нонавишта” аст. Ҳамзамон хонаводаҳои ҷавон ба зиндагии мустақилона ва озод аз назорати волидон бартарӣ медиҳанд.
Як пажӯҳиш дар соли 2018 муайян карда буд, ки дар оилаҳои тоҷик нақши хушдоман дар тамоми тасмимгириҳои келину писар, аз хариди ашёи гаронбаҳо гирифта то тарбияи фарзандону истифодаи маблағи фиристодаи мардҳо аз Русия, бузург аст. Нақше, ки ҳар кас мехоҳад, онро дошта бошад ва “ҷанг” дар оила низ бар сари он аст.

Комментарии

  • 4 фев 2023 02:49
    Хамаи падар як не падаро хархел мешаван падархои мехрубону дилсузам хаст
  • 4 фев 2023 08:47
    Дар бораи ба шавхар баромадану ,шавхару хонадори бояд модар бо духтар хамсухбат шавад на падар, фарзандони ман агар падарашон ба онхо гап занвд хатто ба чашми падар нигох намекунан сарошрнро хам карда гуш мекунан, тасавур мекунам ки падарашон ба духтарам чунин гапхоро занад аз шармия духтарам чо мекарда бошад ман инашро тасавур намекунам .
  • 4 фев 2023 21:04
    Ҳамин келина афсус, ки модараш вафот кардаги
  • 4 фев 2023 22:24
    ене модараш дар хаётааст
  • 5 фев 2023 08:13
    О не охир
  • 5 фев 2023 11:55
    нафахмидам модараша як авлоди манба шавхар кардаги ин хамкишлоки ман
  • 5 фев 2023 15:22
    Мумкин хаминхел бошад.Лекин манам аз Исфара шунидам ки модараш вафот кардаги моиндар дорад
  • 5 фев 2023 15:39
    инхел модара набуданаш бех
  • 5 фев 2023 15:47
    Наход модараш бошаду ба хамин хол гирифтор шавад
  • 11 фев 2023 09:23
    Модар нею моидар шудаги гуен
  • 11 фев 2023 10:29
    нафахмидам гапатонро узр
  • 11 фев 2023 10:31
    Шумо гуфтен ихел модар набуданаш бех ма гуфтам ки и модар моиндар щудагия
  • 11 фев 2023 10:31
    ман модари худашро дар назар дорам дар хурдиш партофта рафт
  • 11 фев 2023 10:33
    Фахмидам ма шумоя хаму модар ранги моиндар шудаи мегум
  • 11 фев 2023 10:35
    бале