Насими Рахим

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ
Азизе мегӯяд духтари ҳамсояамон ба шавҳар баромад. Баъд аз чанд моҳи ҳаёти мустақил ҷангу даъвои зиёд духтарро оварда дар хонаи падараш монданд. Саҳеҳ домод ҷавоби духтарро ба роҳи талоқ дод(Худо ин рӯзро барои марди духтардоре наорад). Сабаби ҷавоб гирифтани духтар аз домод тамоман беҳунар будани духтар будааст. Чаро ҷавону хуштоман ба ҷои ҷавоб додани келин ба ӯ ҳунар наомӯхтанд ман намедонам. Шояд ҳикмате дорад ё қазо чунин рафтааст.
Ҳозир он духтар дар яке аз дӯконҳои дӯзандагии бозори марказӣ ба ибораи мардуми мо дӯзандаи пеши пеш аст, ва бо нархи баланд либос медӯзад. Ва чунон мизоҷ(клиент) -и бисёре дорад, ки навбат мепоӣ рӯзҳо.
Модарони азиз, аввал дуо мекунам, ки гулдухатарони шумо соҳиби бахт шаванду то охири умр бо ишқу муҳаббат бо шавҳару фарзандони худ зиндагӣ кунанд, лекин қабл аз ин, ки ба хонаи бахт гусел мекунед гулдухатарони азизи худро ба онон ҳунару касб омӯзед. Одитарин ҳунарҳое, ки ҳамарӯза дар ҳаёти мо ба кор меяд ба онон омӯзед,то таънаи домоду модараш ва шарму бадномии ҳамсоягон намонед.
Худо бахту саодат диҳад ҷигарбандони шуморо.

Комментарии

  • 27 апр 12:34
    Хуб мешуд ки имрӯз волидони мӯҳтарам ба ҷои айфон 15 подарка кардани духтарон ё писарони худ ҳамун маблағи айфонро барои ҳунаромузии фарзандон масраф мекарданд . Имрӯз бисёр боиси нигарони аст ки соати 1 ё 2 и шаб духтарони 16/18 солаи мо дар шабакаҳои интернет ба намоиши худ машғуланд волидони мӯҳтарам каме ҳам бошад бояд назоратро ҷиддӣ намоянд!
    Сарвари давлат зимни ҳар як суханронии худ аз волидон хоҳиш мекунанд ки барои ояндаи хуб сохтани мо тарбияи хуби ҷавононро ба роҳ монед .
  • 27 апр 20:15
    асалҷон тъ фигр мекни як шавҳари тъ ҳамихел...чашм кушо олама бин...
  • 27 апр 22:15
    Ин ҳамаш як баҳонае беш нест .
    Як духтару занҳои ҳунарманда дидем ки бебахт шудан,боз як беҳунароя мебини хушбахтанд.
    Ин ҳама тақдири навиштай Аллоҳ .
    Худо дар ҳар як мусибатш чи хайрҳои бузурге дорад.Дар тақдират ҳарчизе бошад нодида илоҷ нест.Худованд ҳама навхонадоронро хушбахт гардонад.
    На ҳунар , на касбу вазифа на моли дунёи пеши роҳи хушбахтиву бадбахтии моро гирифта наметавонад.
    Фақат Аллоҳ доност.
  • 6 мая 21:21
    Ман дар як чиз ҳайрон мешавам , ки барои чи маҳз арусро хушдоманаш ҳунар нишон медодаст .....чи магар то 18 , 20, 22 , солаги дар хонаи падараш у духтари ба шавҳар мебаромадагӣ г....ӣ очаша хурда калон шидагияй , ки аз уҳдаи ягон кор намебаромадаст бояд хушдоманаш уро ҳунар меомухтаст ......
    Аз субҳи содиқ то намози шом дар таги телевизор шишта кинои турки тамошо накунанд дар қади куча лақ лақи беҳуда накунанд ҳунар омузанд дар хонаи падар ана баъд вақте ки шуй кардан таъна шунавӣ хонаи шавҳар нашаванд ......
  • 7 мая 20:59
    Бехтарин суханхо офарин духтара дар хонаи падару модар тарбия метан я не махсулоти таера бояд шавхар тиян махсулоти хом арзонай дар хама чо