Бахром Джумаев

КАЛОНСОЛИ ФИРЕБГАР Ё ЖВАЧКАФИРЕБ
(пешниҳод)
Ид муборак!
Каме пеш ид буд. Ид. Ҳама хурсандӣ мекарданд. Фарорасии ид. Иди Рамазон
Фаромӯш накунед, ки ин ид иди динист. Иди Рамазон.
Нахостам дар ин рӯзҳо сухан гуфтан.. шояд касе маро нафаҳмида хафа мешавад. Дар пеш боз ид аст.
Ид муборак! Иди Рамазон.
Баъдтар иди Қурбон.
Мардум ид мекунанд. Туда- туда ба хонаи якдигар рафта якдигарро табрик мекунанд. Калонсолон дуо мехонанду боз ба сӯи дигар ҳавлӣ ва ё хона мераванд. Гоҳо ба гирди дастархони соҳибхонаи мехостаашон ҷамъ мешаванд. Аз нозу неъмати ба рӯи он гузошта нӯши ҷон мекунанд.
Шодии кӯдакон ҳадду каноре надорад. Аз чашмонашон шарар меборад. Доду фарёдзанон ба сӯи хонаҳо метозанд.
Ид муборак!
Соҳибхонаҳо хурсандона ҳар кӣ чизе ба онҳо тӯҳфа медиҳад.
Мардум ҳама ид доранд.
Ид муборак!
-Коре бояд кард, ки ба ҷаннат афтам- аз шунидаҳо.
-Худо раҳмат кунад!- орзуи дили зиндаҳо.
Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам. (Ҳофизи Шерозӣ)
Ман имруз ҷаннатро бо чашмони хеш мебинам, бубахшедам, чаро ба ҷаннати фардо бовар кунам?
ҶАННАТ ин хандаи кӯдакон аст.
Агар дар зали калони пуродам саволе бидиҳам.
-Кӣ мехоҳад, ки фарзандаш хурсанд набошад? Тарафдор. Нест.
-Кӣ мехоҳад, ки фарзандаш хурсанд бошад? Тарафдор. Ҳама!
Мефаҳмед, ҳама. Ҳама мехоҳад, ки фарзандаш хушбахтарин инсон бошад.
Новобаста ба хурд ё калон, маъюб ё сиҳат, доранда ё нодор…
Ин орзуи дили ҳамаи волидон аст.
Ягона чизе ман доимо онро мехоҳам ин хандаву шодии кӯдакон аст. Табассуми кӯдакон бароям ҷаннат аст.
Аз рӯи виҷдон бигӯед, кӣ табассуми кӯдакро дида шод нашудааст?
Ҳатто Темури ланг сангинтарин шахс аз тахт фаромада кӯдаки гиристаро ба бағал гирифта буд...
Фахри ҳар миллат аз фарзандони худ аст.
Ҳофизи Шерозӣ рӯҳи халқро баланд кард.
Сино бадани мардумро табобат кард.
Чи қадар шоҳон ба сари давлат омаданд. Ҳар кас ба таври хеш ба халқи худ хизмат кард.
Исои Масеҳ, Мӯсо, Буддо, Конфусий, Аристотел, Темури ланг, Чингиз, Наполеон, Суворов, Искандари Мақдунӣ, Исмоили Сомонӣ, президентҳои башумори Амрико ва ғайраҳо… ҳама- ҳама ба таври хеш ба халқи худ хизмат карданд.
Аммо ҳама кас мисли як кас ба халқи худ хизмати бузург накардааст.
Танҳо як кас, ЯК КАС то имрӯз баъд аз мурдани хеш халқи худро мехӯронад. Халқи худро бойтарини ҷаҳон кард.
Ин пайғамбар Муҳаммад (с.а.в) одами рақами як барои халқи худ.
Ин ҷо маро кардаи ӯ зарур нест. Ин ҷо гуфтаи ӯ маро лозим аст.
Ва ӯ гуфта:
Ҷаннат зери пои модарон аст. (Муҳаммад с.с)
ҶАННАТ ин шодии модарон аст.
Шодии модарон ин хушбахтии кӯдакон аст.
ҶАННАТ ин дуои неки падарон аст.
Аблаҳтарин шахс онест, ки барои ҷаннати кадом каси ваъда карда, ҳеҷ кас онро надида ашки модаронро мерезонад. Табассуми кӯдакони маъсумро аз лабонаш мерамонад. Сари падаронро хам мекунад.
Худоё! Ман ба ту боварӣ дорам. Ягона мададгорам туӣ!
Ид муборак!
Расму русум хароҷоти калонро талаб мекунад. Доранда, ки дорад, дастархони бошукуҳ оро медихад. Ӯ, ки дорад, чунин мекунад. Офаринаш!
Дар хонаи чандин дорандаҳо рафта будам. Агар аз рӯи дастархон ман чизе хӯрдаму ӯ шод шуд. Чаро ки ӯ ин кардаи худро хайр медонад. Хайр, яъне ҳар каси омада бояд аз чизҳои дар болои дастархон гузошта бояд нӯши ҷон кунад.
Ӯ бе ягон манманӣ, бе ягон худнишондиҳӣ дастархон оро медиҳад, аммо…
Тоҷикро расму русумаш мекушад. Чаро ки…
Доранда ҳар коре, ки бикунад, камбағал худро боғурур гирифта баробари доранда пой мемонад. –Ман аз ӯ чи камӣ дорам?
Тоҷикро ғурураш мекушад.
Дастархони пур, меҳмонони зиёде, ҳашамати бузурге.. баҳ-баҳ… магар ҳама инро қодир аст? На!
- Ҳамсоя каме қарзам деҳ!
Тоҷикро қарз мекушад.
Ид муборак! Имрӯз ин идро 5000 сола мегӯянд. Иде, ки кӯдакон хона ба хона гашта соҳибони хонаро бо ид табрик мекунанд. Сухани суоловар...
Сухани боварнакунанда...
Ид муборак!
Кадом ид? Иди Рамазон? Иди динӣ? Пас мо бояд ба хонаи ҳар шахси дар муддати сол мусибатдида рафта бояд ҳамдардӣ кунем.
Солҳои шӯравӣ дар ёд дорам ин идро кайд мекарданд. Ман гоҳо ҳамроҳи калонсолон дар ноҳияи Панҷекат ба хонаҳо мерафтам, дар ҳуҷра дастархони дарозе партофта шуда буд. Ва дар рӯи он чор ва агар хона калонтар бошад шаш дона нони лочира гузошта буданд. Мардум даромада нишаста фотиҳа мекарданду ҳама хеста мерафтанд. Касе касеро айб намекард.
Ид муборак!
Баъдтар харитаи сайругаштам калон шуду ба дигар вилояту ноҳияҳо сафар кардам. Берун аз ватан низ. Ва то имруз. Дастархонхо дигар шуданд. Қоидаҳои дигар дидам.
Дастархонхои пуршукух.. аз рӯи он танҳо калонсолон нӯши чон мекунанд.
Калонсолон ба гирди дастархон нишаста як дуое мехонанду аз тамоми нозу неъматро нӯши ҷон мекунанд.
-Бача гир, моҳӣ.. Торт буррам? Камакак шурбо биёрам?
-Шурбо намехӯрам.. Палав намехурам…
-Ақаллан гӯшташро биёрам бзан…
Танҳо се рӯз каси калон мисли кӯдак нозу нуз карда метавонад. Ва ин беҳуда нест…
Ин ҷо масҷид нест, ки дар локӣ( фӯта, рӯмолак, миёнбанд) аз неъмати дар рӯи дастархон буда ба он бандиву бо худ барӣ..
Ин ҷо хӯрдан ҳаст, бурдан нест. Бурдан шояд танҳо чанд дона қанд, ё тухм…
Ва хӯрдан ҳам то чанд… Марҳамат, то шикам сер шудан..
Хона ба хона дар рӯзе чанд маротиба «пасадка» мешавад. Дар кадом хонае, ки дастархони боҳашамат дорад. Ҳама нозу неъмат аралашбод мешаваду ба шикамҳо медарояд. Шикамҳо пур, нафас кашида намешавад.
Ба хонае, ки дастархон ҳашамат надорад, «пасадка» кам мешавад. Дуои кӯтаҳ хонда мешавад. Суханҳо набофта, балки аз дида...
Борҳо дидам рӯзи дигар..
-Э очаҷон мемираме.. шикамам дард мекунад…
Давом намедиҳам…
Кӯдаконро танҳо бо як дона жвачка, қанд, ё ягон чизи камарзише гусел мекунанд. Агар кудаки шиносе, дӯсте аз дар дарояд каме ҳотамие мешавад. Кӯдак соҳиби ду жвачка мешавад.
Ин ҳамон кӯдаконе, ки калонсолон барои онхо ба додани ҷонашон тайёранд, аммо касе онҳоро дар ин рӯзи ид ба сари хон даъват намекунад.
Ба онҳо касе сомоние, ё бозичае он тӯҳфаи бехтарин!…
Пас ҳама шукӯҳ баҳри чист? Баҳри он ки калонсолон як дуое мехонанд?
Давраи шӯравӣ ба едам мерасад.
Занҳо ба тӯйхона мерафтанд. Баъдан дастархонҳо ба тори сар монда аз тӯйхона мебаромаданд. Пас аз назари соҳибхона пинҳон шудан то симчӯби аввалин дар таги рӯшноӣ дастархонҳоро аз сар гирифта мекушоданд.
Оне, ки дорои материали базеб шудааст то хонааш тӯйдорро таъриф мекард.
Оне, ки материали безеб гирифтааст,ҳақорату ғайбаткунон то хона мерафт...
Кӯдакон ҳам каромати калонсолонро мухокима мекунанд.– Кӣ чӣ дод...
Калонсолон бидонед, ки дуои кӯдакон ҳам таъсирнок аст.
Ҷашни арӯсӣ. Чанд кӯдак хостанд пеши роҳи домодро баста се-чор сомонӣ кор кунанд. Чанд санги майда-майдаеро ёфта интизори омадани домод шуданд. Лек вақти омадани мошини домод мошини ношиносе, ки варо ҳеҷ кас намешинохт, омада роҳро баст. Кӯдаконро сур кард. Сангҳои кӯдакон зери чархи мошин монд. Сад сомониро гирифту шодона газ доду аз назар пинҳон шуд. Чанде баъд маълум шуд, ки аз ин ҷо баромада рафта ба дарахте бархӯрдааст.
То ҳол овози кӯдаке, ки умеди роҳбандиро дошт, ба гӯшам садо медиҳад: -Мо дуо кардем, ки худо варо ҷазо диҳад…
Кӯдакон ҳам дуо карда метавонанд.
Аз дуои кӯдакон битарсед, ононро ҳурмат кунед! Дар рӯзи ид хотири ононро шод кунед!
Дӯст!
Ман ҳам мехоҳам барои кудакон ид бошад. Онҳо шод бошанд. Ҷаннати имрӯз шодии ононро бубинам. Ва чаро онҳоеро, ки дар ҳама ҷо бо овози баланд бо фахр мегӯем кудакон ояндаи моанд, ҳурмат накунем?
Чаро онҳоро бо як жвачка фиребашон бикунем? Калонсолон бо шикамҳои дамкарда, нафаскашӣ мушкил, ҳаш-ҳаш кунон ба хона бармегарданду кӯдакон бо шумораи зиёди жвачка ва барои хӯрдани ширинӣ шумораи зиёди жвачкаро ба даҳон мепартоянд. Кӯдакон ҳатто дастархони орододашударо намебинанд. Ҳамаро аз пеши дар ақиб мегардонанд.
-Идгардакро манъ накунед!- бисёр ин илтиҷоро мешунавам. Ҳар падару модар мехоҳад фарзандаш шод бошад.
Аммо ҳеҷ фаҳмида наметавонам: Барои оне, ки аз таҳти дил бо шодӣ:- Ид муборак!- мегӯяд, ҳаққаш як дона жвачка бошаду барои оне, ки як дуо мехонад, тамоми чизи рӯи миз буда…
Пас ид чист? Ид аз кист?
Оре, ид аз кӯдакон, аммо наход ки ҳаққи онон як жвачка бошад?
Чаро калонсолон кӯдакони худро қадр намекунанд?
Худро чунон вонамуд мекунанд, ки гузаштагон қадр мекунанд ва ба ҳаққи онон дуо мехонанд ба ивазаш зиёфат насибашон мешавад. Чаро дар бораи ояндаи худ фаромӯш?
Суол. Чаро танҳо дар ин рӯз? Чаро дар рузи ид? Ҳамагӣ соле ду рӯз ба ҳаққи гузаштагон дуохонӣ. Ба ивазаш чӣ? Зиёфатхӯрӣ? Магар дар давоми сол ихтиёран рафта дуо хонанду рузи ид шодмонӣ кунанд намешавад? Кӯдакони худро, ки ояндаи онон аст, барояшон иди ҳақиқӣ ташкил кунанд.
Аз домодони худ миннатдорам.
Набераам хонандаи синфи як додарашро гирифта ба идгардак рафтааст. Каме баъд бармегарданд. Модараш мепурсад: Халтачаи ту канӣ? Ба ту ҳеҷ чиз надоданд? –Не. –Барои чи? –Барои он ки ман додарамро ба дари ҳавлии ҳамсоягон бурдаму худам надаромадам.-Чаро? -Чи ман ба як жвачкаи онон мӯҳтоҷам?
Гап дар сари як жвачка нест. Набераи ман идро дар дигар чиз мебинад.
Кас агар хоҳад, метавонад ҳар рӯз ба кӯдаки хеш ид барпо кунад. Ба кӯдак харидани як яхмос ҳам ид аст…
Калонсолон! Магар ягон бор фикр кардед, ки жвачка зарари худро дорад…
ПЕШНИҲОД!
Душанбе вақте қишлоқ буд.
Баъд шаҳр шуд. Мардуми зиёӣ дар он ҷо ҷамъ омаданд.
Имрӯз новобаста ба хизматҳои бузурги ҳукумат, пешравиҳо, гулгуншавиҳо, биноҳои баланди дилтасхиркунанда боз деҳаро мебинам.
Шавқуни зиёди деҳот…
Аниқтараш дар шаҳр ақидаи деҳаро мебинам.
Каси зиёӣ аз касони оддӣ бо он фарқ мекунад, ки ӯ бо ақлу дониш кор мекунаду касони оддӣ бо қуввати дасту бозу.
Агар хоҳӣ, ки касони зиёиро чу касони оддӣ баробар созӣ, оромии онҳоро халалдор намо.
Ягон шахси зиёӣ бидуни оромӣ кор карда наметавонад.
Дар шаҳр аз он ки мардум якдигарро намешиносанд, ид гардаки кӯдаконро, яъне хона ба хона гаштани кӯдаконро манъ карда шавад. Ба калонсолони ҳар гузар ҳушдор карда мешавад, ки дар вақти ид кӯдакони ҳамон гузарро ба ягон хона ҷеғ зада зиёфат бидиҳанд. Сипас ба онон бозича, пул, китоб ва ягон чизи ба онҳо лозимаро тӯҳфа бидиҳанд.
Муҳити деҳотро дигар карда намешавад, чаро ки он ҷо ҳама якдигарро мешиносанд. Ба он ҷо ягон чизро манъ накунед. Бигузор шаҳр шаҳр бошаду деҳот деҳот…
Академик Осимиро гуфтанд:-Шумо ҳамаро медонед!
Шодравон ҷавоб додаанд:-Ҳамаро ман аз куҷо медонам? Ҳамаро мардум медонад.
Ин ақидаи ман аст. Ин пешниҳоди ман аст. Ҳамаро мардум медонад. Баҳри шод кардани фарзандони худ бикӯшед, онон ояндаи моанд…
Онҳоро бо жвачка фиреб надиҳед! Барояшон ид ташкил кунед!
Бахромбек

Комментарии

  • 9 мая 02:02
    Бисёр гуфтаҳои хуб пешниҳоди хуб.
    Аммо мутаассифона руз то руз хонаҳо зебову замонави шуда истодааст неким соҳибхонаҳо меҳмони кудакдорро хуш надоранд.
    Кудаки идгардаку меҳмон як тараф истадку баъзеҳо дар дастархони идонааш кудаки худро роҳ намедиҳад баъди маъракааш дарро пушида ҷам карда мегирад.
    Шахсан ман боре рузи ид хонаи як шахси наздикам рафтам вақте маро бо фарзандам дид ба духтараш гуфт:Дари меҳмонхонаро пуш пашша медароядмаро дар ошхонааш ҷои дод аз рафтораш дарк кардам , ки меҳмонхонааш барои меҳмони бекудак будааст.
    Аз ин воқеа сесол гузашт аммо фаромуш намешавад.
    Неким у хона барои ман азиз ҳаст ҳар ид меравам дар ҳавли ояту фотиҳа мекунаму меоям.
    Вақте ин мазуро хондам ҳамон руз пеши назар омад дар ҳақиқат гуфтаҳои ин бародар воқеи ҳастан .
    Вақте, ки мо дастархони хайр мекушоем ,аввал хеш, баъд дарвеш гуфтаанд.
    Аммо мутаассифона !
  • 9 мая 19:59
    Бале рост аст агар дар шаҳр дар ошёна зиндагӣ кунӣ меҳмон бояд бе кудак биёяд ман ҳам куҷое равам бе кудак меравам . Фикр кун агар 50 нафар меҳмони биёяд дутои кудак биёрад ҳоли он хонаҳои танги ошёна чи мешавад. Бояд деҳа аз шаҳр фарқ кунад локин ҳозир шаҳри Душанбе қишлоқ шудагияй аз пагаҳи то соати ёздаҳи шаба доду вой ва ҳақоратҳои қабеҳ дар кучаҳо шаҳр на шармасту на ҳаё ҳатто тирезаи хоната кушода мондан наметони дод гуфта бромада бо мерави бо Россия.....