Шахноз Тохири

"Ииии, келини наппа-нав аллакай больницанда-мӣ?!" Ээ ун рӯз келин шуду аллакай касал-мӣ?!!"....
Гуфтугӯи телефонии зане дар нақлиёт ба гӯшам расид, ки ба бемор шудани арӯси нави дугонааш ҳайрон мешуду гиребон мегирифт, гӯё беморӣ ҷавониву пирӣ ё навию кӯҳнагӣ дошта бошад))), ё келини нав БОЯД ҳадди аққал баъди 10-солаҳои хизмати хонавода, таваллуди пайдарпайии тифл сонӣ ҳуқуқ ба эълом доштани беморӣ ё нотавониву заъфияташ дошта бошад.
Келини навро метавон ба чангкашак (пылесос) шабоҳат дод, ки 5 соли аввал аъло кор кунад ва пасон оҳистааа-оҳистаааа вайрон шуда, барои таъмир фиристода шавад, ё асбоби дигари рӯзгор, ки айнан 3-5 соли аввал вайрон НАБОЯД шавад, вагарна тибқи ҳуҷҷати муҳлати истифодаи таҷҳизот (гарантийный талон) ба соҳибаш баргардонида шавад.
Аммо, келин ИНСОН аст, ҷисми зинда аст, ҷисме, ки бо андак гармиву сардӣ, ғизои гуногун, таъсири муносибати атрофиён тағйир меёбад, майл ба дигаргуншавӣ мекунад....ин табиати инсон аст мисли табиати муҳити зист, ки дар чаҳор фасли сол мерӯяд, мешукуфад, ҳосил медиҳад ва хазонрез мешавад.....
Дигар...ин БЕМОРӢ!
Чаро инсонҳо ҳангоми табрики ҳамдигар ё ба роҳи дур гусел кардани мусофирон ҳамеша як чизро таманно мекунанд: "Танат сиҳат бошад, ҳич гоҳ бемор нашавӣ!"; "Соқ рафта, саломат биёӣ!", "Тани нозукат ба табибон ниёзманд мабод!" ва дуои маъмултарин ҳам бо "Тани сиҳату хотири ҷамъ" оғозу анҷом мепазирад....
Пас, агар нияти мову шумо солимии рӯҳу танамон (танашон) аст, биёед, ба бемории касе эрод нагирем, суоли бемантиқу ҷангфизояндаи ноандешида нагӯем (ед), чун мо намедонем, ки сабаби беморияш чист, сабаби бемадорияш чист, сабаби ошуфтаҳолию рӯҳшикастагияш чист??!!
АГАР намедонем, чаро қазоват кунем, мо кистем, ки барои нуқси касе эрод бигирем, беморияшро, носолимияшро камбудияшро тамасхуру таъна кунем???
Касе кафолат медиҳад, ки то охири умр солим мемонад ё ба касе муҳтоҷ намешавад??!!
Гумонам, НЕ!
Ҳамаи мову шумо фарзанд, шавҳар, падару модар, хешу ақрабо, ёру дӯст ва ҳаққу ҳамсояҳое дорем, ки яке аз аъзои хонаводаашон ё бемор аст ё маъюб аст....бовар кунед, ин хеле сахту сангин ва мушкил аст, мефаҳмед!?
Хонандаи закӣ худ дарк хоҳад кард, ки ин навиштаҳо танҳо ба хотири ҳушдор додани баъзе аз моён асту дигар ғаразе дар он нест!
Солиму саломат бошед!
Шом ба хайр!😊

Комментарии

  • 10 мая 03:51
    Ман ҳам Модар ҳастам. Аз дидаю мушоҳидаҳои худ каме ҳарф заданиям. Аксарият, қисми зиёди Тоҷики мо келинро ба ҳайси ғулом, яъне хизматгор ба хонааш мебиёрад. Келин бояд дар хонадони шавҳар ҳамчу Робот хизмат кунаду асло ,, вайрон,, нашавад бояд. Аз субҳи барвақт бояд хеста, хизмати аз 7 то 70 солаи хонаводаи шавҳарро кунад. Бисёри хонаводаҳо чунин рафтор мекунанд, ки келин ба меҳмонӣ рафтан, ягон либоси дилхоҳашро харидан ва ё ягон хуроки хости дилашро хурданба ҳақ надорад. Кораш бояд фақат хизмати хонаводаи шавҳар бошаду халос. Ба овоз баровардану гап задан ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ умуман ҳақ надорад. Агар дар хона каме камбудӣ дар кору бори хона шуд, албатта келин бояд таҳқиру маломат шунавад. Агар келини бечора баногоҳ касал шуда монад, даррав уро бояд барои табобат ба хонаи Падару Модараш фиристанд. Сиҳат, ки шуд бояд келин ба хонаи шавҳараш оварда шаваду боз кораш ҳамон хизматгорӣ. Канӣ адолат?? Канӣ Худотарсӣ???! Фикр намекунанд, ки келин ҳам одам аст, оҳан нест ку охир !! Каме инсоф ҳам лозим аст!! Инро набояд фаромуш созем, ки Фардои Қиёмат, баъзеи мо Хушдоманҳои беинсоф, аз ноадолатӣ ва ҷабру зулм кардан дар ҳаққи келинҳоямон, назди Аллоҳ ба пуррагӣ ҷавобгарем. Боқӣ, Аллоҳ ёру мададгорамон бошад.
  • 11 мая 04:26
    Рост гуфтед апачони азиз бар падаратон рахмат
  • 17 мая 22:06
    Духтари бечора фикр мекунад ки як шӯ мегирад амо у намедонад ки чор ё панҷ шӯи дигар мегирад
  • 25 мая 20:09
    Сад дар сад хак астед.
    Агар ягон узватон дард кунаду хушдоман фахманд даррав ба тахкир кардани писарашон сар мекунанд, ки зани ёфта гирифтагиаш касали аст.
    Барои он, ки нафахманд дардро пинхон карда мегардам.
    Ду бор тифли норасидамро аз даст додам.