🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹Вакте ки аз дарс мегурехтам, гушхоямро мекашиданд.

Муаллим,,, устод.. Мактаб... Ин вожахо барои мову шумо ошнову муътабар аст. Омузгор аст, ки ба мо харфи аввалини Алифборо омузондааст.
Мо хам замоне талабаи мактаб будем. Харчанд 10 сол сардори синф бошам хам, гох гох катори хамсинфон аз дарси охирин мегурехтам. Медонистам ки ин рафторам боиси норохатии устодону волидайнам аст. Барои хамин вакте муаллима доска фаред карда гушхоямро охиста кашид, аз шарм замин накафид ки дароям.
Бароям сабаке буд ин гушкаши. Имруз муаллими катори (ба директору мудирон дахл надорад) захмат мекашад, ба фарзанди мардум дарс медихад, вале аз суханони баьзе одамони намефахмидаги ранч мекашад, норохат мешавад. Магар бе устод дасти касе рост шуданаш мумкин аст?
Омузгорон машьаланд барои фарзандони мо.
Маоши кам, рузгори пурмашаккат дорад омузгор. Аммо боз субх мешитобад ба мактаб то фарзанди мардумро дарс омузад.
Ман нони халоли падару модари омузгорамро хурда ба воя расидаам. Ифтихор ва шукр мекунам Алхамдуллилах, ки то имруз шогирдони рахмати падарам Начмиддинов Сайфиддин аз у бо як хотираи нек едовари мекунанд. Модарам шодравон бемор буд, шогирдонаш аз дехаи азизам Тангаи сурог карда ба хона меомаданд.
Шукр, хазорон бор шукр.
Шукр ки падару модари бехтарин доштам.
Равонашон шод бод.
Ба тамоми падаргумкардахо,модаргумкардахо сабри чамил мехохам.
Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹

Комментарии

  • 12 мая 17:42
    Бузургони илму адаби тоҷик устодро «чароғи рӯзгор»-у «машъали хирад» ва «махзани маърифат»-у «ояндасози миллат» номидаанд. Дар ин боб фармудаанд:
    Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
    Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
    Рӯдакӣ
    Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
    Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
    Агар дар дилат меҳри устод нест,
    Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
    Ҷомӣ
    То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
    Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
    Ибни Ямин
    Наравӣ то ба хизмати устод,
    Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд?
    Биноӣ
    Ҳаққи устод аз падар беш аст
    В-аз падар устод дар пеш аст.
    Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
    Устод аз наҷот баҳра диҳад.
    Биноӣ
    Навомӯзро мадҳу таҳсину зеҳ
    Зи танбеҳу таҳдиди устод беҳ!
    Саъдӣ
    Подшоҳе писар ба мактаб дод
    Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
    Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
    «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».
    Саъдӣ
    Кори беустод бихоҳӣ сохтан,
    Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
    Румӣ
    Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
    Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
    Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
    То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
    Румӣ
    Бувад ҳар кор бе устод душвор,
    Нахуст устод бояд в-он гаҳе кор.
    Низомӣ
    Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд
    нест,
    Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз
    устод нест,
    Кошифӣ
    Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
    Кору бори ӯ надорад эътибор.
    Домани устод гиру шод шав,
    Муддате хизмат куну устод шав!
    Кошифӣ