Комментарии
- 14 авг 2024 08:27Хамин киссая хондаму шабу руз хаëл хаминба канд занед Юлчи ако дастатон дардро набинад 12соат вакти корба токад када намешад тез кор тамом шаваду давомаша хонам гуфта э гап нест
- 14 авг 2024 15:04Апашка хамма кисмаша якбора партоед,хонем,шумоям халосу мо хам халос)))
- Комментарий удалён.
- 14 авг 2024 17:01Ман тез тез проверка мекунам ки давомаш хаст ё нест. Имруз а интизория мурдемку
- 14 авг 2024 17:08Робия депорт кард надия ҷонаш халос шуд тамом кино,,,, огоҳи кардабуд робибоя, ки ту муҳоҷир ҳасти иқа хта гарени нагир
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
РОБИ
Қисми 37.
- Чаро шумо не, Айша-хола ё дигар нафар не?
- Хоҳиш дошта бошӣ ҳам, наметавонӣ дар ҷоят гузошта, чунки сармояи ширкатро бояд ғанӣ гардонӣ. Ин васияти падарам аст, аз рӯи ҳисобҳо ба сармоя хеле намерасад. Медонӣ аз кадом ҳисоб?
- Тахмин карданам мумкин. Ҳангоми навиштани васият шумори аспҳо бисёр буданд, ҳоло бошад саду чил сар кам, ҳамин тавр?
- Беҳуда падарам молу мулкашро ба ту мерос нагузошт, ӯ гӯё пешомади корро медонист. Медонист, ки мо сармояашро дар муддати кӯтоҳ талаф медиҳем.
- Рӯзи фавташ ҳамроҳ дар ошхонаи анбор нишастем, бечора бовар дошт, ки Надя таваллуд мекунад ва падари тифлаш ман ҳастам. Чӣ ном гузоштани тифлро пурсид, гуфтам, ки Павел ва агар ӯ розӣ бошад. Пас, худи ҳамон рӯз рафта васияташро навиштааст. Бечора бобо, чӣ қадар орзуву умед дошт.
- Минбаъд чӣ кор кардан мехоҳӣ?
- Кори ширкатро пеш мебарем, албатта бо дастгирии шумову аҳли кормандон... Воқеан, Гулнар канӣ, ӯ ҳам аъзои мо-ку...
- Дар мошин нишастааст.
- Чаро даъват накардед?
- Даъват кардам, наомад, шарм дошт ба фикрам.
- Аз кӣ шарм медорад, ҳама одамони худӣ-ку.
- Рости гап, Гулнар ба маҷлису ҷамъомадҳо иштиёқ надорад. Бегоҳ ба хона биё, шаробро дар яхдон гузоштӣ?
- Ман аз номи ҳардуямон ба Гулнар ваъда додам, ки дигар наменӯшем.
- Беҳуда ваъда додӣ...
- Бегоҳ албатта меоям, масъалаи кадрҳоро ҳамроҳ муҳокима мекунем. Лекин, ҳозир метавонед маро то анбор расонида?
- Албатта, ман ҳам мехоҳам кори анборҳоро назорат кунам.
Дари утоқи Айша-хола маҳкам буд, Айсултан мехост ба анбор рафтанашро огоҳ кунад.
- Инҳо рафтанд магар? - гуфт.
Ҳамроҳ то назди мошин рафтем, Гулнар дар берун моро мунтазир буд.
- Холаатро надидӣ? - пурсид аз духтараш.
- Дидам, - гуфт Гулнар, - бод барин гузашту рафт. Гӯё маро надид.
Дар паҳлӯи Айсултан ҷо гирифтам, Гулнар дар қафо нишаст.
- Чаро Гулнар намехоҳанд дар ширкат кор кунанд? - пурсидам аз Айсултан.
- Бо кӣ кор кунам? Бо Айшаву Надя?
- Айша нагӯ, хола гӯ, - гуфт Айсултан, - Вай хоҳарам мешавад.
- Хуб, хола... Ман маълумот надорам, чӣ кор аз дастам меомад?
- Барои кор кардан хоҳишу ғайрат лозим, на маълумот, - гуфтам.
- Чӣ кор кунам? Пору кашонам ё фарши идора шӯям?
- Метавонед дар компьютер кор карда?
- Фарз кардем?
- Вақтҳои аввал котиба шавед, баъд фикр мекунем.
- Ба Айша... Узр... Ба хола қаҳва омода мекунам?
- Вазифаи котиба қаҳватайёркунӣ нест, ҳар кас дар утоқаш чойник дорад, вазифаи шумо коргузорӣ, яъне ҳуҷҷатҳои кормандонро қабул кардан ва амсоли инҳо.
- Бо модарам маслиҳат мекунам.
- Модаратонро ба хонаи акаам даъват кунед, дар сари миз ҳамроҳ маслиҳат мекунем.
- Модараш намеояд, - гуфт Айсултан.
- Меоянд, - гуфтам, - танҳо даъват карда тавонистан лозим.
Ба анбор расидем, Гулнар боз дар мошин монд. Каме дуртар аз мошин шуда Айсултан ба сухан пардохт:
- Ду моҳ пеш Гулнар ба хона омад, пул лозим шудааст. Пештар, то синни ҳаждаҳ алимент медодам, синнаш, ки ба балоғат расид, ҳисобашро ёбад. Модараш муаллима, ҳамаро таълим медиҳад. Чор кулоҳро дар наздаш гузор, дарси одоб меомӯзад, - Айсултан хандид, - ба хона даъват кунам, шояд ояд, лекин аниқ моро дарди сар карда меравад. Баъд ман нанӯшида, кӣ нӯшад?
- Шумо ягон маротиба даъват кардед?
- Не. Медонам, ки киро даъват мекунам - дарди сарро...
- Медонед, ки шароб нӯшед, дарди сар мешавед, пас шумо мехоҳед дарди сар шавед?
- Дарди сари шароб беҳтар аз дарди сари зандорӣ.
- Чӣ фарқ дорад, ҳарду дард?
- Хуб, лекин ман даъват намекунам, Гулнар даъват кунад, таҳаммул мекунам. Лекин ба як шарт!
- Гӯед ака.
- Сад грамм пешакӣ менӯшам.
- Ман розӣ.
Кори кормандони ҳавзаи панҷумро дида Айсултан хурсанд шуд, ҳатто бо ҳама дастфишорӣ кард.
- Чанд нафар шумо? - пурсид Айсултан.
- Нӯҳ нафар, - гуфт бригадир арақи пешонаашро пок карда.
- Дар чанд рӯз ҷавро ба анбор медароред, ки шабҳо хобамон барад?
- Ин аз обу ҳаво ва маблағи ба киса воридшаванда вобаста.
- Маошатонро боло кунем, метавонед то нисфи шаб кор карда?
- Боз болотар кунед, то субҳ бошад ҳам кор мекунем.
Айсултан ба ман нигарист:
- Ин қадар инҳо пулро дӯст медоранд?
- Як нақша доштам, чанд муддат дар сарам чарх мезанад, - гуфтам.
- Агар ба муфиди мо бошад, чаро нашунавем?
- Соати кории инҳоро ё тағйир додан лозим ё ба усули вахта гузарем. Айни ҳосилғундорӣ ҳаво чунон гарм, ки тоқат карданашон душвор. Бигузор субҳу бегоҳ кор кунанд. Инҳо бисёр нестанд, барояшон як хобгоҳ ташкил кунем, бигузор мавсимӣ бошад. Ҳар лаҳза тавонанд истироҳат ё оббозӣ кунанд. Ман дар инҷо се моҳ кор кардам, азобашонро медонам.
- Метавонед вақти дилхоҳ омада супоришро иҷро кунед? - пурсид Айсултан аз бригадир.
- Метавонем, аммо кори моро кӣ назорат мекунад, баҳо мегузорад ва музд медиҳад?
- Худат, - гуфтам, - Ман ба ту бовар дорам. Минбаъд ба рӯзи корӣ неву ба ҳаҷми кори анҷомдодашуда музд мегиред. Ба бекор нишаста рафтан ва дар қатори дигарон маош гирифтан хотима медиҳем.
- Хеле хуб, касе кор накард-маош нагирифт. Ман шуморо дуруст фаҳмидам?
- Сад фоиз дуруст.
- Лекин ваъдагиҳо канӣ?
- Чӣ ваъда додам?
- "То нисфишаб кор кунӣ музди дукарата медиҳам", - кӣ гуфт?
- Нисфишаб шуд? Не. Пагоҳ субҳи барвақт музди имрӯзаро медиҳем.
Ба анбори техникӣ гузаштем, ягон нафар коргар набуд.
- Бинобар набудани ҷои холӣ дар анбори хӯрока ҳама истироҳат доранд, аз ҳисоби рӯзи якшанбе, - гуфтам.
- Хеле хуб кардӣ, аммо барои рӯзи якшанбе мо бояд дукарата маош диҳем.
- Аввал дукарата ҷарима мебандем, норасоӣ дар фаъолияташон бештар аз зиёда.
Анбори сеюм ҳамагӣ ду коргар дошт, онҳо бо омода кардани витаминҳо машғул буданд.
Овезаи дари ошхонаро дида Айсултан дар ҳайрат шуд.
- Нафаҳмидам, - гуфт ӯ, - Чӣ хел муваққатан кор намекунад? Хӯроки кормандон чӣ?
- Агар бовар кунед, коргарон имрӯз макка хӯрданд.
- Наход? Ӯро ҳам ҷаримабандӣ кунем?
- Аввал фаҳмидан лозим сабаби дар кор набуданашро, гумон мекунам хӯроки пухтааш рӯзи гузашта бинобар набудани кормандон исроф гаштааст.
- Ин тавр ҳам шуданаш мумкин.
- Лекин барои ба кор набаромаданаш маоши якрӯзаашро намегирад.
Дар анбори порутайёркунӣ кор ҷӯш мезад, чор нафар корманд ба ҳавзи гази биологӣ пору мерехтанд. Рафта фишори газро дидем, дар меъёр буд.
- Дар чанд рӯз як маротиба пору иваз мекунед? - пурсид Айсултан.
- Дар чор рӯз.
- Дигар рӯзҳо бо чӣ кор машғулед?
- Поруҳоро халта карда ба фурӯш омода мекунем.
- Шумори халтаҳо дар қайди кист?
- Дар дасти мудир, - гуфта корманд маро ишора кард.
- Ин кас аллакай мудир не, - гуфт Айсултан.
- Барои мо мудир, намедонем барои кадом гуноҳашон ин касро аз кор гирифтанд. Дина хабараш расид. Охир ба шарофати ҳамин кас мо гази худро истеҳсол мекунем, пору мефурӯшем ва даромади хуб мегирем. Пештар аз бӯи ғализ ҳама мегурехт, ҳозир чойхона ташкил кунед, пури мардум мешавад.
- Дар чӯл куҷо чойхонаву канӣ мардум?
- Ман дар омади гап гуфтам, барзиёдии гази истеҳсолшуда ба ҳаво меравад, танҳо ошхона ин қадар газро истифода намебарад.
- Агар ду гармхона созем, - гуфтам, - метавонед аз ҳисоби пору ва гази худӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг ва кабудӣ истеҳсол карда?
- Кӯшиш карда мебинем.
- Соли аввал даромадаш пурра аз шумо. Ин танҳо барои таҷриба, касе аз шумо иҷрои нақша талаб намекунад.
- Метавонем. Худи пагоҳ оғоз карданамон мумкин.
- Мо имшаб маслиҳат карда, пагоҳ албатта ҷавобашро медиҳем.
Сӯҳбаткунон то назди мошин рафтем, Гулнар боз дар берун моро мунтазир буд.
- Роҳро медонистам, кайҳо пиёда ба хона мерасидам, - шиква кард Гулнар.
- Ғам нахӯред, - гуфтам, - одат мекунед.
- Ба чӣ одат мекунам? Модарам занг зада дар куҷо буданамро пурсид.
- Дар куҷо гуфтед?
- Намедонам гуфтам, чӣ мегуфтам!
- Бо падарам нагуфтӣ? - пурсид Айсултан
- Гуфтам. Ба хонаат ҳам даъват кардам.
- Чӣ? Ту мехоҳӣ боз шароб нӯшам?
- Сабаб пайдо шуд? Ман нагуфтам, - ба ман муроҷиат кард Гулнар, - шароб бошад-сабаб ёфт мешавад.
- Гуфтед, - гуфтам ӯро дастгирӣ карда, - ду маротиба гуфтед.
- Агар модарам наояд, "модарат наомад" гуфта боз менӯшад.
Баҳси падару духтарро гузошта, боз ба анбори хӯроки аспҳо рафтам.
- Имшаб шумо то дер кор мекунед, - гуфтам ба бригадир - Мо маҷлисча дорем, бинобар пас аз анҷоми кор ба ман занг зан.
Аз мағоза хӯрокворӣ харида ба хонаи Айсултан омадем, аммо Гулнар надаромад, гуфт, ки агар модараш ҳамроҳ шавад, меоянд. Агар не-не.
- Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Маша меояд, - гуфт Айсултан, - то омаданаш сад грамм номаълум менӯшам.
Дари яхдонро кушода лаҳзае андарунаш назар карда истод, газак интихоб мекард ба фикрам. Сипас дар стакан шаробро рехту як нафаси чуқур кашид:
- Барои ривоҷи корамон, - гуфта тамоми шаробро нӯшид.
- Дар сари миз нишаста менӯшидед, - гуфтам, - ё ҳамин тавр қулай?
- Медонӣ-чӣ, - газакро ба даҳон бурда бӯ кашида гуфт ӯ, - аз интихоби падарам ман хурсанд, ту ҳанӯз ҷавон, фикру ақидаҳои тоза дорӣ. Майнаи мо ба кори рӯзмарра шах шудааст.
Айсултан шишаву газакро бардошта назди миз омад.
- Боз нӯшиданӣ ҳастед?
- Худат гуфтӣ, ки нишаста нӯшам, нав сӣ грамм шуд... Чанд маротиба падарам маро хоҳиш кард, ки идоракунии ширкатро ба ӯҳда гирам. Алалхусус, пас аз сактаи қалб шуданаш ба ҳолам намегузошт. Айшаро пешниҳод кардам, гуфт, ки бовар надорад. Ӯро ҳар нафар дар ду дақиқа фиреб дода, ширкатро аз худ мекунад. Ӯ вориси худро меҷуст, ҳар гоҳ ба хона меомадӣ, хурсанд мешуд, туро бо Надя дида ҳамаро фаромӯш мекард.
Айсултан боз қадаҳашро пур кард:
- Барои ривоҷи корамон, - гуфта қадаҳро холӣ кард.
- Ака, мову шумо маслиҳат кардем, ки масъалаи кадрҳоро ҳал мекунем, - гуфтам, - ҳозир сархуш мешавед.
- То сархушии ман сад соли дигар ҳаст...
- Ман танҳо наметавонам ширкатро идора карда, бе кӯмаки шумову Айша-хола намешавад... Одами бисёр-гапи бисёр. Мехоҳам аввалин коре, ки анҷом диҳем, кадрҳои болаёқатро дар ҷояшон гузорем, аз ҳисоби кам кардани хароҷоти музди меҳнат мувозинаро нигоҳ дорем.
- Ман маоши касеро кам карда наметавонам, баръакс мехоҳам ҳама қаноатманд бошанд.
- Ман ҳам намехоҳам, ки аз рӯзи аввали фаъолиятам ҳама маро бад бинад. Яксаду сиву як коргар дорем, боз мегӯем, ки коргар намерасад. Аз чор мудири анбор як нафар монд, бо ташаббуси шумо... Се маош захира шуд? Шуд! Суръати кор суст шуд? Не. Мо ниҳоят роҳбари зиёд дорем, бигузор мутахассиси варзида бошанд, аммо аз нишастухези онҳо чӣ нафъ ба ширкат мерасад? Дар тӯли солҳо ягон навоварӣ накардаанд.
- Чӣ бояд кунанд?
- Бобои Паша мегуфт, ки аспҳо ба фурӯш нарафта, дар ферма пир мешаванд. Касе аз кори ширкат ташвиқот намебарад, духтарро дар хона нигоҳ дориву касе ӯро набинад, домод аз куҷо?.. Бояд бо телевизион ва блогерҳо ҳамкорӣ кунем. "Ҳар як асп-як шикам" мегуфт бобо.
- Мехоҳӣ шумори аспҳоро кам кунем?
- Баръакс, мехоҳам зиёд кунем. Ба мо аспҳои зебову серхаридор лозиманд, дирӯз падарам як аспро нишон дода гуфт, ки соли панҷум аст асп харидор надорад. Панҷ сол мехӯраду нафъаш танҳо пору. Ин ҷонварон то панҷоҳ литр шикам доранд, тасаввур кунед, солона чӣ қадар мешавад? Ин аспи пир панҷ сол чӣ қадар истеъмол кард? Соли гузашта аз дигар ширкат нӯҳ тонна хӯрока қарз гирифтем. Чаро мо имконияти қарз додан ё фурӯхтани ҳосили худро надорем? Дирӯз аз сари замин сиву ду прицеп ҷав гусел шуда, то анбор бисту шаштояш расидааст, ин аллакай бисту чор тонна! Дар чунин маврид оё метавон дар бораи ғанӣ гардонидани сармояи ширкат ҳарф зад?
(давом дорад...)