Муаллиф Сафиаллохи Курбон.

Сабру тахаммул дар сахтихо, кисми 8.
Падару Фарзанди хушбахт бегохи он руз аз хавопаймо ба шахри Ленинград фуруд омаданд.Онхоро Зани кадбаланди кабудчашме, ки Марина ном доштааст дар фурудгох пешвоз гирифта ба хона бурд.Аз сабабе, ки Шахзода забони русиро намедонист, тамоман нафахмид, ки ин Зан бо Падараш дар чи бора гап заданд, аммо дид, ки аз омадани Вай ин Занро хуш наомадааст.Рустам бо Марина мисли баъзе Мухочирони мехнатии дигар ба хотири гирифтани хуччати шахрванди издивоч накарда буд, баракс, ахволи зори Маринаро дида дилаш ба Вай сухта буд.Марина бепадар калон шуда буд.Хануз барвакт, вахте, ки Рустам дар Ленинград магоза харид ва ичора нишаста хам оилаи ачголашонро аз чихати модди таъмин мекарду хам барои хона гирифтан маблаг чамъ мекард, шинос шуда буд.Марина он вакт дар мактаби миена мехонд.Рустам ин Духтараки зеборо дида дилашро бой дод.Рузе Марина ба магозаи Рустам барои харидани дафтару калам омаду Рустам бо Вай бори аввал гап зада дар бораи Оилааш маълумот гирифт.Марина гуфт, ки Падар надораду Модараш майхора аст.Рустам Модари Маринаро дар магозааш ба хайси фаррош ба кор гирифт.Сатхи зиндагии Марина ва Модараш каме хубтар шуд.Рустам кушиш мекард, ки Модари Марина шароб нанушад, вале ин кушишхои Рустам онкадар натичаи хуб надоданд.Марина мактаби миенаро хатм карда бо ерии Рустам ба донишгохи педагоги хуччат супорид.Он вакт Рустам холо Оиладор нашуда буд.Онхо аз акди никохи давлати гузаштанд, Марина бо кавли Худаш Дини Исломро кабул карду Рустам як Муллои Узбекро оварда Маринаро бо Худаш никохи Мусулмони кард.Хаминхел Марина Модари майхораашро гузошта бо Рустам дар хонаи ичора зиндаги огоз карданд, то замоне, ки Падари Рустам аз ин вокеъа огох шуда бо писараш бисер чангу чанчол карду мачбураш намуда Зухроро ба Вай гирифта дод.Рустам низ дар баробари кор карданаш дар Донишгохи савдо мехонд.У бо ерии як марди Озари, ки хонаи ичора нишастаи Рустам аз Вай буд, сохиби хона низ шуд.Модари Марина дар рузи аввали соли нави 1996 бо сабаби аз хад зиед нушидан аз олам чашм пушиду хонааш ба Марина мерос монд.Рустам аз аввал дар бораи урфу одати точикона ва вазъияти оилавияш дар Точикистон маълумот дода буду Марина барои дар Точикистон зан гирифтани Рустам рози шуда буд.У аз духтарча таваллуд кардани Зани Рустам дар Точикистон низ огох буд.Акнун имруз духтарчаи Рустам ба ихтиери Марина бо амри такдир афтода ва Рустам аз У талаб мекард, ки ба ин кудак забони Русиро омузонад.Гургзода боз гург шавад,Агарчи Одами Бузург шавад.Бале, Марина Гургзода буд ва аз рузи аввал, вакте, ки Рустам ба кор рафт ба Шахзода кордро нишон дода ба Вай бо ишора фахмонд, ки агар аз гуфтааш берун барояд мекушадаш.Марина рузхои дароз бо бахонаи забони Русиро ед нагирифтанаш кудакро дар ванна махкам мекард ва ба дастчахояш бо калтакча мезад, вале кудаки ба сахтихо одат карда, ба Падараш чизе намегуфт.Рузе Рустам аз кор бар гашта Шахзодаро навозиш карда гуфт.Акнун Ту ин сол ба мактаб мерави забони русиро каме ед гирифти?Шахзода бо аломати тасдик сар чунбонид.Харфхоро чи?Кани як харфро навис ман бинам чи?Шахзода навишта натавонист, чун, ки дастакаш дардманд буд.У гуфт, ки дасташро дар пахш кардааст ва навишта наметавонад.Рустам аз чашмони кудак ва аз авзои Марина ва ранги руи паридааш фахмид, ки У дуруг мегуяд вале чизе нагуфт.Субх барвакт вакте, ки Занаш дар ванна буд, рустам ба вай гуфт, ки Ман ба кор меравам ва аз Шахзода хохиш кард, ки ба Вай нагуяд, ки Падараш дар инчост ва Худаш ба балкон гузашт.Марина аз ванна баромада тамоман аз Шахзода чизе напурсиду бо газаб ба вай амр дод, ки нависад.Харчанд кудак гиря мекарду мефахмонид, ки дасташ дард мекунад, ин зан мачбураш мекард.Ногох Вай шаппотии сахте ба руи кудак заду Рустам бо тамоми хастияш худро дошта боз хам токат кард.Акнун Марина калтакчайеро, ки дар чевон либос меовезанд гирифта ба сари Шахзода омада фармон дод, навис!Кудак зори кард, гирену нолон гуфт, ки дасташ дард мекунад.Рустам аз тиреза хаммаи амалхои Онхоро бо газаб тамошо мекарду ба Худ чун мори захмин мепечид.Марина фармон дод, ки Шахзода дасташро зуд руи миз гузорад, хозир мебинем ки дард боят чихел бошад.Шахзода зори мекарду Зан талаб мекард, нихоят зан аз чояш хеста калтакро ба сари кудак бардошт.Кудак ночор дастонашро бо харос руи миз гузошта чашмаконашро пушиду лабашро газида мунтазири зарбаи чонкох шуд.Муддате гузашту ин зарбаро Шахзода тамоман хис накард.Вай чашмонашро кушода калтакчаро дар дасти Падараш диду Мариннаро дар рубару, ки рост истода бо як тарсу хароси гайри одди дасту пояш ларзида меистод.Рустам бо калтак ба сари Зан чунон сахт зад, ки Шахзода низ тарсида фаред баровард.Марина баруи фарш афтода аз хуш рафт.Рустам духтарчаро ба огуш гирифту Онхо харду хуб гиристанд.Шахзода гумон кард, ки Падараш холо гунахкораш мекунад, ки чаро ба Ман нагуфти, ки ин зан Туро азоб медихад, вале баракс.Рустам аз духтараш барои хуб нигох карда натавонистанаш бахшиш пурсид.Марина бааъд аз муддате аз чояш хеста дар чомадоне либосхояшро чамъ карда аз дар баромадан хост вале Рустам ба вай хитоб кард, холо як дам ист!Марина чомадонро ба замин гузошта умедворона ба Рустам нигарист.Рустам амр дод.Ба курси бишин ва дастони хароматро ба руи миз гузор!Ашк ба чашмони кабуди Марина халка зад, ки ин рахми Шахзодаи хурдакакро овард.У аз Падараш баробари Марина илтимос мекард, зориву тавалло мекард, ки Уро назанад.Рустам ба Марина гуфт.Рахму шафкатро аз Ин Кудак ед гирифти?Марина ха ед гирифтам гуфта Худро ба зери пои Рустаму Шахзода партофт.Рустам гуфт.Акнун хезу аз ин тифлак бахшиш пурсида, азаш ташаккур кун, ки Туро ба хотири У зинда мегузорам.Марина аз чояш хеста аз рухсорахои Кудак бусиду аз Вай талаби авфи гуноххояшро кард.Шахзода дархол Уро бахшид.Рустам гуфт.Акнун кушиш кун, ки Ман дигар руятро дар ягон чой набинам.Худи хозир чомадонатро бардору марш!
Давом дорад.
Муаллиф Саффиаллохи Курбон

  • Амин Рустами - Худо хофиз...

Комментарии