Бемехрии бародар
Сурайё ба чехраи ин кудакони аз модар сагера монда менигаристу нолаи дилаш зиёдтар мешуд. Модари онхо се мох пештар ба бемории домана гирифтор шуду хамаги се руз касал шуду бо дили хасрати ин дуеёи фониро тарк намуд.Духтурон гуфтанд ки сабаби марги у пеш аз хама асабонияту гами даруни мебошад. Шавхари Нозанин тули шаш сол аст ки ба мардикори ба шахри Тюмен рафта дигар на уро мепурсаду на пуле ба кудаконаш мефиристад. Нозанин бо кудакони кучакаш намедонист ки дар ин шароити вазнин чи хел кор кунад. Гоххо худ чанд руз гуруснаги кашида ба писараконаш бурдаи нонро хисса карда медод. Гами рузгори камбагалона, гами шавхари бемехр уро бистариву аз пой фитонда буд. Бемориаш дурудароз тул накашид. Вакти марг факат номи шавхарро ба забон гирифт. Хангоми чонкани дастони Сурайёро бусса зада факат зори кард, ки писаронашро ба назди падарашон бубарад. Сурайё баъди маросими чилу соли уро гузаронидан ба харсе чиянояш чипта харида ба чустучуйи бародар рафт. Гумон кард ки мехр дар чашм асту шояд бо дидани писарони зебояш Халимчон дилбедор мешаваду онхоро бо худ гирифта ба воя мерасонад, мехононад. Аммо Халимчон кайхо зани рус гирифта менталитети шаркиёнаашро гум карда буд. Одамро дуст намедошт. Ба овози кудак гашаш меомад. Баробари кудаконашро бо хохараш дидан кавокхояшро гирифта авзояш бечо шуд. Хамсараш онхоро дидан хамоно аз шароити вазнину бепулиашон нолидан гирифт. Сурайё ба зиндагонии сагонаи бародар холу рафтори у менигаристу хеч бовараш намеомад ки ин хамон Халимчони чону чигари ахли оила бошад. Гуйё ки калби уро аз дигар сиришта бошанд. Барои хохару писаронаш як мохишурбои бемаззаро пухту пешашон бо бурда бурда буханкаи сиёх гузошт. Хатто кулчахои ширмоли савготи овардаи Сурайёро руйи дастархон нагузошт. урайё ба хотири иззаи наффси бародарро нарасидан базур як кошук аз ин шурбо хурду дигар таъбаш набардошт. писарони армонии руйи модар ки муштоки дидори падар буданд, ин муносибати сардро дида пушти аммаи дилсуз пинхон шуданд. Аз ин таоми бадбу хатто нимкошукки хам начашиданд. Шаб то субх Сурайёро хоб набурд. Муносибати фарзанди падар асабони карда будаш...
Шахри мардум хунсардат мекунад,
Шахри мардум рангзардат мекунад.
Шахри мардум сардардат мекунад
Шахри мардум бедардат мекунад................
Сурайё субх тамоми кахру газабашро фуру бурду гуфт:
-Акачон, зани шодравонат вакти марг васият кард ки амонат писаронатро сихату саломат ба наздатон биёрам. Онхоро гиред. Ман гашта ба ватан меравам.
Халимчон ки рузи дароз айнак ба чашм, хафтаномахои зиёде наздаш мутолиа мекард, айнакашро яктарафа карду гуфт:
-Чи...ман...ту худат медони ки ман шароит надорам. Аллакай ба чунин хомушиву ороми одат кардам. Овози кудак намефорад.
-Охир ба ин писараконат чигарбандонат нигар, магар онхо ба ту бегонаанд................Хамин вакт Салимчон сулфакунон омаду гуфт:
-Аммачон, дилам бехузур шуда истодааст. Сурайё чолокона уро гирифта ба ташноб бурд. Пешонии кудак мисли оташ тафсон буд. Аз бародараш хохиш кард ки зуд мошини ёрии таъчилиро чег зананд. Духтури ёрии таъчили ба у сузандору гузарониду гуфт:
-Зудтар кудакро бурдан даркор ба ташхисси тибби, ягон бемории сирояти буданаш аз эхтимол дур нест..........
Халимчону хамсараш Сурайёро тухмат карданд ки шояд ба воситаи меъдаи кудак ягон маводи мухаддир ба русия оварда бошад. Сурайё аз ин тухмати ногахони девона шуда кудакро худаш ба ташхиси тибби бурд. Шушхояш хунук зада варам карда буд. Бародараш кудакро бурда дар беморхонаи камбизоатон хобонд. Хатто боре аз ахволи чигарбандаш хабаре нагирифт. Ахволи Салимчон дар беморхона соат ба соат бадтар мегардид. Окибат рузе аз иштихо монд. Рагу руяш сап сапед канда кудак базуру нимшунаво модар мегуфт. Ба сурайё гуфт : "Аммачон чаро шумо очама дар сони сапед печонида дар кухи кишлок гур кардед, охир он чо хунук аст, у хунук мехурад".............
Сурайё ки дигар дар бисоташ чизе надошт, розиги дод ки часади Салимчони гурамаргро хамин чо дар мулки бегона гур кунанд. У Каримчону Валичонро гирифта ба ватан бозгашт бо калби гирен...Бародари сангдил хатто ба гусели хохар ба вокзали рохи охан нарафт.................
Гурбат моро чудо кард,
Ба дидор мубтало кард
Эй зодгохи азизам
Фирок бо ман чихо кард?
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
ЖУРНАЛИСТИ МУСТАКИЛ
Меваи ширини он фарзанди мост.