ХАМАИ ОН БЕДАВЛАТИХО АЧАБ ДАВЛАТ БУДААСТ.

Кисми 2.
Хафтахо моххо мегузаштанд. Як руз кампир бемор шуд. Комил уро ба беморхона бурда бистари кард. Саломатиаш бех намешуд. Духтурхо уро чавоб доданд. Баъди се руз кампир вафот кард. Комил модарашро хело дуст медошт, бо тамоми овозаш гиря мекард. Баъди модарашро ба хок супоридан, Комил кам кам арак менушидаги шуд.
Падараш як руз уро насихат карда гуфт:
- Писарам арак нануш. Худат медони, дар вакти кудак буданат ту бемории зардпарварин шуда буди. Арак ба ту зарар дорад.
Комил "хуб шудааст" гуфт.
Манижа писар таваллуд кард. Номи кудакро Камол монданд. Комил ба писараш низ ахамияти зиёд намедод. Манижа дар дил мегуфт:
- Шавхари ман фарзандбезор аст. Ба у на духтару на писар лозим.
Баъди ду соли вафоти модар, падараш низ аз олам гузашт. Комил баъди марги падар, боз арак менушидаги шуд. Манижа бо у тез-тез чанг мекард. Шавхарашро хурмат намекард. Онхо оромона зиндаги карда наметавонистанд. Манижа духтари дуюмашро таваллуд кард. Номи уро Замира гузоштанд. Фарзандхо дар мухити орому хурсандона ба воя намерасиданд. Дар хонаи онхо доимо чангу чанчол, дашному бехурмати доман пахн карда буд.
Боре Камол ба модараш гуфт:
- Шумо факат бо бахонае бо падарам чанг мекунед. Сабабгори бадбахтии хонаи мо шумо хастед. Дар хонаи мо ягон рузи ороми нест.
Модараш гуфт:
- Дахонатро пуш. Ту холо хурд хасти чиро медони, доноги накун. Хаёт ва зиндагиро аз кучо медони.
Камол сумкаашро гирифта ба мактаб рафт. У бисёрии вакташро дар куча бо бачахо мегузаронид. Шаб бевакт меомад, падару модар боре намепурсиданд,ки у дар кучо буд. Камол худаш шоху таъбаш вазир буд. Хохад ба мактаб мерафт, нахохад намерафт. Муаллимааш борхо падару модарашро ба мактаб даъват мекарданд, вале онхо ба мактаб намерафтанд. Фарзандхо нисбат ба падару модар бемехр калон мешуданд. Охиста-охиста онхо падару модарро низ хурмат намекарданд.
Падару модар Мижгонаро ба шавхар доданд. Комил хаёташро беарак тассавур намекард. Занаш уро таъна карда, хурмат намекард ва доимо бо у чанг мекард. Саломатии Комил руз ба руз бад шуд. Духтурхо ба у маслихат доданд, ки дигар арак нанушад. Чигари у васеъ шудааст. У хост аракхуриро бас кунад, вале занаш боз бо бахонае бо у чанг мекард. Комил аламашро аз арак мегирифт. У ба бемории худ нигох накарда, ба Камол низ келин кард.
Баъди келин кардан саломатии Комил бад шуд. Баъди ташхиси духтурон маълум шуд, ки у ба бемории сиррози чигар гирифтор шудааст. Баъди ду мох дар синни 43 солаги аз олам гузашт. Мардум байни худ мегуфтанд. Комилро занаш кушт. Баъди ба хок супоридани шавхараш дили Манижаро вахму вохима зер кард. Худро танхо хис мекард. Баъди ду соли вафоти шавхараш Замираро ба шавхар дод. Рафтору кирдори келинаш руз аз руз тагъир меёфт. У хушдоманашро хурмат намекард. Дар хона услубу равиши худро чори мекард. Ба хушдоманаш ахамият намедод. Камол низ дар орзуи гундоштани молу пул буд. У бо чурахои кучагардаш маслихат карда, ба горатгари даст зад. Онхо якчанд хонахоро горат карда,,дафъаи сеюм ба даст афтоданд. Ба мухлати 5 сол аз озоди махрум шуд. Баъди аз хабс озод шудан, дар ягон чой кор намекард. Манижа курта ва курпаю курпача духта, бо музди он зиндаги мекарданд. Келинаш дар як ошхона пешхизмат шуда кор мекард.
Манижа боре аз зинапояи даромади хона афтода пояш шикаст. Уро ба духтур бурда пояшро гипс карданд. У рох гашта наметавонист. Келинаш уро дуруст нигохубин намекард. Як руз духтари калониаш омада, ба модараш дилаш сухта модарашро ба хонааш бурд. Манижа дар назди кудо худро норохат хис карда, ба хонааш баргашта омад. Келинаш уро дида гуфт:
- Ха, духтаратон шуморо нигохубин карда шуданд, инкадар тез омадед. Мо холо шуморо ёд накардаем - гуён писханд зад.
Манижа ба келинаш чизе нагуфту, ашк аз чашмонаш чори шуд.
Духтари калониаш Мижгона ба хохараш Замира занг зада гуфт:
- Хохарчон ту хушдоман надори, модарамро ба хонаат бурда нигох кун. Азоби модарам зур аст. Дар хонаи ман аз хушдоманам шарм дошта ба хонаашон рафтанд.
Замира рози шуда, модарашро ба хонааш овард. Шавхари Замира аз кор омад, Замира вокеаро ба шавхараш гуфт. Шавхараш бо кахр гуфт:
- Бо ман маслихат накарда, чаро модаратро оварди. Ба додарат чи шудааст, ки якто модарашро нигохубин карда наметавонад. Ман дар хонаи худам нафаси озод кашида наметавонам ё не.
Замира ба Камол занг зада гуфт:
- Акачон, модарамро ба хонаат бар, шавхарам модарамро намехохад.
Камол модарашро ба хона оварда гуфт:
- Ба шумо чи шуд, дар як чо нишаста наметавонед. Ман шуморо кашола карда мегардам. Захр хуред хам, аз хона ба хеч кучо намеравед.
Модарро ашк аз чашмонаш чори шуд.
Як руз хамсоя бо як коса хуроки гарм барои хабаргирии Манижа омад. Манижаро дида рахмаш омад. Либосхояш ифлос, хонахо норуфта. Онхо нишаста хело сухбат карданд. Манижа гиря карда гуфт:
- Кош шавхарам намемурданд. Баъди вафоти шавхарам, писару келинам маро хурмат намекунанд. Рузхои дароз танхо гох гушнаву гох ташна менишинам. Сагро бесохиб накунанд мегуянд. Ин рост аст. Дар давраи пири, шавхарат куввати дилу чон, сутуни дилат, дили серу хотири чамъат будааст - гуён гиря кард.
Хамсояаш гуфт:
- Зик нашавед, холо поятон сихат мешавад.
Хамсоязан харруз бо хуроки гарм Манижаро хабар мегирифт. Баъди пойхояш дуруст шудан, Манижа ба духтани куртаю курпаю курпача сар кард. Ба умеди келину писараш намешуд. Дар дил мегуфт:
- Шукри беадад мекунам,к и хунар доштаам. Набошад холи ман чи мешуд. Аз Худо зорию тавалло мекард, ки аз дасту пои худаш намонад. Ба касе мухточ нашавад. Либос духта давраи чавониашро ба хотир оварда, беихтиёр гиря мекард. Ман давлати бузург доштам. Падару модар, хушдомани насихатгу, бобои мехрубони наберахо, шавхарам хамрох шабу руз, се кудаки зебо. Акнун у танхои мекашад. Духтаронаш дер-дер ба хабаргири меоянд. Писараш барои модар вакт надорад. Хамаи он бедавлатихо ачаб давлат будааст - гуён ашк аз чашмонаш чори мешуд.
Дар байни мо занхое хастанд, ки ба такдири Худо додаи худ каноат намекунанд. Ба дигар занхою оилахо таассуб карда, зиндагиашонро талх мекунанд. Бахудаву бехуда бо шавхару хушдоман чангу чанчол мекунанд. Ин чангу чанчолхо ба тарбияи фарзандон таъсири манфи мерасонад. Фарзанд якумин дарси хаётро аз волидайни худ мегирад. Ба хар як рафтору кирдори онхо сахт ахамият медихад. Ба онхо талкид мекунад. Падару модар бояд бо рафтору кирдори некашон дар назди фарзандон намуна бошанд.
Шавхарро ним пир мегуянд.Занхо бояд шавхарашонро хурмат кунанд. Бо рафтори худ, дар назди шавхару фарзанд намуна бошанд. Ба тарбияи фарзанд ахамияти чидди диханд. Фарзандонро бо рохи инсондустию мехнатдусти, иззату хурмати падару модар ва калонсолон тарбия кунанд., чунки давраи бахор мегузараду давраи зимистон меояд. Давраи чавониро бахору, давраи пириро зимистон мегуянд.
Аз Панду андарзхои биби

Комментарии

Комментариев нет.