Яке бори гарон бар сар,

Яке бе хонаву бе дар,
Яке хобад ба руйи зар,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дорандаву бой аст,
Яке дар лаб,фак,ат вой аст,
Яке то зону дар лой аст,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дур аз диёри худ,
Ч,удо аз руйи ёри худ,
Яке бе дастиёри худ,
Чи дунёест дард-овар?
Яке куру,яке кар аст,
Яке дар сузи модар аст,
Яке дар фикри гавх,ар аст,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке бехамнафас сузад,
Яке зик,к,и нафас сузад,
Яке чун хору хас сузад,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке ч,ох,у ч,алол дорад,
Яке бечора х,ол дорад,
Яке к,омат чу дол дорад,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дар ч,ойи хоб мирад,
Яке дар faрк,и об мирад,
Яке бо сад азоб мирад,
Чи дунёест дард-овар?
Яке масти шароб мирад,
Яке,лек дилкабоб мирад,
Яке бе х,еч, савоб мирад,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке ранч,уру овора,
Бич,уяд бах,ри худ чора,
Намояд рузу шаб зора,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке хандон,яке сархуш,
Яке хунаш мудом дар ч,уш,
Яке пургуй,яке хомуш,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке чун зури мушт бошад!
Яке хело дурушт бошад!
Яке,лек кузапушт бошад!
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дар х,асрату андух,!
Яке бе faм,мисоли кух,!
Яке мирад ба синни нух,!
Чи дунёест,дард-овар?
Надорад молу мулкат суд!
Замоне чун шави нобуд!
Тих,идаст хоби дар тобуд!
Чи дунёест,дард-овар?
Ба сад розу ниёз мири!
Х,азор гардиву,боз мири!
Мабодо бенамоз мири?
Чи дунёест,дард-овар!
Бигу Мах,кампури аз дард!
Агар-чанде рухат шуд зард!
Бигу х,арф доимо чун мард!
Чи дунёест,дард-овар!
Jamshedi Mahkampur!

Комментарии