ИСЛОҲИ ШАВҲАР

18/04/2019
Агарчӣ баъзан ҳаёти оилавӣ осоиштаву ором ба назар мерасад, аммо гоҳе мешавад, ки дар дохили ин хонаи умед дарду аламҳои зиёд нуҳуфта аст.
Пас аз гузашти замон аз ҳаёти якҷоягӣ яке аз ду ҷуфт дарк мекунад, ки дар ҳамсари ҳаётиаш айбҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ё пештар вуҷуд дошту ӯ намедонист. Ин фоҷиа устувории оиларо якбора ба ларза меорад ва пайванди зану шавҳарро ба ҷудои наздик мекунад. Масалан
Зан мебинад, ки шавҳаре,ки ин ҳама муддат бо ӯ зиндагони дошт, сигорӣ аст, ё алкол менӯшад, ё робитаҳои пинҳонӣ бо занони бегона дорад, ё бо мардҳои фосиқу олудаи гуноҳ дӯстӣ дорад ва ё айбҳои дигаре, ки ҳатман ба оила зарарҳои ҷиддӣ мерасонад.
Ё худ шавҳар дарк мекунад, ки ҳамсаре, ки то имрӯз як зани маъсуму вафодор ба чашм мерасид, дар асл зани саркашу якрав аст, бе иҷозаи шавҳар ба ҳар ҷо, ки хост меравад, асоситарин воҷиботи динро нодида мегирад, мисли намозу сатру инҳо ва умуман рафторҳои баде дорад, ки ҳатман бояд ислоҳ шавад.
Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Оё дарҳои талоқро боз мекунем ва арши Раҳмонро ба ларза меорем, кӯдаконро зинда ятим мекунему ғамҳояморо дучанд меафзоем?
Аввалан зан бо ин хел шавҳар чӣ гуна бояд муомила кунад.
Агар зан дид, ки шавҳараш аз мардони худотарс аст ва ҳар гуноҳе, ки мекунад аз заъифии имону заъифии виҷдонаш аст. Пас аз гуноҳ кардан пушаймон мешаваду аммо боз дубора ба гуноҳ бар мегардад, дар ин ҳангом зани оқилаву ботаҷриба бо мавъизаву пандҳои боҳикмат ба шавҳараш метавонад, кӯмак кунад.
Аллоҳ мегӯяд:
ادع الى سبيل ربك بالحكمة و الموعظة الحسنة
Мардумро ба роҳи Парвардигорат бо суханҳои боҳикмат ва беҳтарин мавъизаҳо даъват бикун.(сураи Наҳл ояти 25)
Албатта шавҳаре,ки аз кардааш эҳсоси шармандагӣ дорад, суханони ҳамсарашро гӯш мекунад. Зан бояд ҳакимона бо нармиву муҳаббат шавҳарашро ислоҳ кунад. Хоҳарам бидон, ки дар чунин аҳвол бо шиддату дағали алалхусус таънаву маломат ва садо баланд кардан, ҳеҷ муроде ҳосил намекунӣ. Баръакс вақте чунин муомила нишон додӣ, шавҳаратро аз худ дур мекунӣ.
Бидон, ки як шавҳари ту не, ҳамаи мардум ба ҷуз Паёмбарон хато мекунанд. Ману ту низ хато кардаем, муҳим хатогии ҳамдигарро бахшидану ислоҳ кардан аст. Яқин кун, ту метавонӣ ҳамсаратро ислоҳ кунӣ.
Роҳи дуввум барои ислоҳи шавҳарат ин талаби ёрӣ аз Парвардигор аст. Оре дуое, ки аз самими қалб бо оби дидаву дили пур аз ғам мебарояд, албатта Холиқи Оламиён иҷобат мекунад. Дуоҳои холис балоҳоро дур мекунад, ғаму ғуссаҳоро мебарад, мушкилиҳоро осон мекунад. Аллоҳ мегӯяд:
امن يجيب المضطر اذا دعاه و يكشف السوء
Оё ба ҷуз Аллоҳ зоте ҳаст, ки дуоҳои шахсони дармондаро иҷобат кунад ва мушкиливу сахтиҳоро осон кунад.(сураи Намл, ояти 62)
Як хонуми рус нақл мекард. Мегуяд ман се фарзанд дорам, ҳамаашон соҳиби оила мебошанд, ба лутфи Аллоҳ дар панҷоҳ солагӣ исломро қабул кардам. Ман ҳидоят ёфтам, аммо шавҳарам асло исломро ба гардан нагирифт. Ҳар рӯзу ҳар шаб шавҳарамро ба Ислом даъват мекардам, ба ҷои он, ки каме дилаш моил гардад, бадтар зиддият нишон медоду бар қасди ман зиёди шароб менӯшид. Намедонистам чӣ кор кунам, агар аз хона баромада равам, ҷое барои рафтан надорам, дар хона бимонам шавҳарам ингуна аст. Шавҳарам низ асло нияти хонаро тарк кардан надорад.Охир дар ин хона қариб си сол бо ҳам зиндагӣ доштем, соҳиби фарзанд гаштем. Билохира ҳарду иттифоқ кардем, ки хонаро ду тақсим мекунем. Ба Аллоҳ қасам хеле шавҳарамро дӯст медоштам, як соли комил намози таҳаҷҷуд мехондаму аз Парвардигор ҳидояташро талаб мекардам. Мегиристам, хорӣ мекардам, шикоятҳоямро ба холиқам мебурдам. Дар охир пас аз як соли дуову зорӣ нусрати Парвардигор дарвозаи моро куфт.
Давоми қиссаро шавҳари Хадиҷахола (ҳамин зани мусалмон шуда) нақл мекунад.
Мегӯяд, як сол бо занам мубориза бурдам, ҳарчӣ мегуфт аксашро мекардам, хеле азияташ додам, аммо ба сабраш тан додам. Давоми як сол он ҳама балое, ки ба сараш овардам, боре ҳам маро аз хона наронд, ба ман нагуфт аз назарам дур шав, тоқати чеҳраи зиштатро надорам, агарчӣ ман борҳо инро ба ӯ гуфтам. Агар росташро хоҳед ман ҳамсарамро дӯст медоштам, охир якҷоя си сол зиндагӣ кардем ва ӯ ба ман се фарзанд ҳадия кард. Як сол азияташ додам, пас аз як сол дидам, ки ӯ дар дини худ устувор аст, асло боз гаштанӣ нест ва ман низ дини ҷадиди ӯро қабул кардани нестам. Пас аз як сол ҷомадонамро бардоштаму азми кӯч кардам. Ба бузургии Аллоҳ савганд асло он чашмонро фаромӯш намекунам. Ҳамсарам дар дами дар истод дар ҳоле, ки оби чашмонаш мисли борон мешориданд. Ба ман нигоҳ карду гуфт, хоҳиш мекунам марав, ман хеле барои ту дуо кардам як ками дигар биист. Хоҳиш мекунам аз хона нарав.
Ҷомадонамро ҳаво кардам, гуфтам, ин ҳама сол пас аз ҳар даъвое, ки доштем вақте аз хона бо ҷанг рафтани мешудам, дарро ба ман боз мекардӣ, мегуфтӣ бирав бираву асло барнагард. Ин даъфа, пас аз як соли ранҷу азоб бо гиря аз ман хоҳиш мекунӣ, наравам агар ин ахлоқу муҳаббатро динат ба ту омӯхта бошад, ҳозирам ҷонамро фидои дини ту кунам. Ман низ исломро қабул кардам.
Хадиҷахонум мегӯяд асло аз дуо ноумед нагаштам. Самараи дуоҳоям ин аст, ки алъон бо ҳамсарам зиндагии орому осоишта дорем ва охири умрамон ҳамааш ибодату озодагист.
Аммо вақте зан дид, ки шавҳар ошкоро гуноҳ мекунад ва ҳатто парво надорад, ки дучори чӣ бадбахтиҳо шуда истодааст ва ба панду мавъизаи касе гуш намекунад.
Дар саркашиаш устувор асту асло ислоҳ шудани нест, дар ин ҳолат зан бояд худро аз оташи ин Ҷаҳаннам наҷот диҳад. Набояд умри ғанимати худро дар канори як саркаши аз Худо бехабар гузаронад. Шахсе, ки ҳаққи Холиқашро намедонад, куҷо расад ба ҳақ дониву қадрдонии ҳамсару фарзанд.
Дар чунин ҳолат шариъат ба зан се роҳ нишон медиҳад.
Аввал агар зан соҳиби чанд фарзанд аст ва медонад, ки агар аз ин мард ҷудо шавад аз ин ҳам бадтар ба сараш бало меояд ва фарзандонаш зойеъ мегарданд, метавонад бо шавҳараш сулҳ кунад. Сулҳ ин аст, ки зан мегӯяд маро талоқ надеҳ, ману ту ҳамчун зану шавҳар ҳастем, аммо ту бо ман ягон робитаи шавҳарӣ надорӣ, ман дар ном зани ту ҳастаму бас, харҷу хароҷот, робитаи ҳамсарӣ байни ману ту вуҷуд надорад. Ҳар коре, ки хостӣ бикун ман бо ту танҳо ба хотири фарзандонамон ҳамсар ҳастаму бас.
Ин иттифоқи зану шавҳар дар Қуръон чунин омадааст:
و ان امرأة خافت من بعلها نشوزا او اعراضا فلا جناح عليهما ان يصلحا بينهما صلحا و الصلح خير
Агар зане бим дорад, ки шавҳараш дар ҳаққаш зулм мекунад, ҳаққи ӯро ба ҷой намеорад ва ӯро дӯст намедорад ҳеҷ боке надорад, ки ин ду нафар ба ҷои аз ҳам ҷудо шудан бо ҳам иттифоқ банданд, иттифоқе, ки дар ном ҳамсари ҳамдигар ҳастанду бас, албатта бо ҳам иттифоқ бастан аз Талоқ беҳтар аст. ( сураи Нисо ояти 128)
Роҳи дуввум: Зан метавонад аз мард талаби талоқ кунаду ба хубӣ аз ҳам ҷудо шаванд
Роҳи севвум: Агар мард ба талоқ додан розӣ нашуд, зан метавонад Хулъ кунад. Хулъ дар шариъат талаби талоқ кардан бо ивази як миқдор пул аст. Яъне зан маҳри гирифтаашро ва ё ҳатто зиёдтар аз он миқдори молеро ба шавҳар пешниҳод мекунад ва бар ивазаш аз ӯ ҷудо мешавад.
Чиноне, ки дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, вақте ҳамсари Собит ибни Қайс ба назди Расулаллоҳ омада мегӯяд:
Паёмбари худо ман мехоҳам аз Собит ҷудо шавам чӣ бояд кунам?
Паёмбар мегӯянд, боғе, ки аз ӯ ҳамчун маҳр гирифтӣ, ба ӯ бозгардон. Ба ивазаш Собит ҳамсарашонро талоқ медиҳанд.

Комментарии

Комментариев нет.