Сенарияи соати тарбиявӣ бахшида ба Рўзи Президент

Салому сад салом эй нури дида,
Салом аз ҷониби моён расида.
Саломамро қабул фармоед дӯстон
Салом аз хонандагони ин дабистон.
Доир ба рўзи таҷлили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон.
Мо хонандагони синфи____ барномаеро тайёр намудем, ки пешкаши шумоён мегардад. Инак шеър дар бораи Президент дар иҷрои _____ дода мешавад.
Ҳар давлат сарвар дорад. Сарвари давлатро президент мегӯянд. Президенти давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон ғамхори бачагон аст. Сухан дар бораи пешвои миллат ба Меҳринисои Қурбоналӣ дода мешавад.
Бувад як хислатат дарки ҳама рафтори номатлуб,
Аз ин ашхоси номатлуб Меҳанро нигаҳбонӣ
Шеър дар бораи Пешвои миллат
______________________________
Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,
Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ.
Ҳоло суруд дар иҷрои хонандагон доир ба Пешвои миллат _____________________
“Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯи Замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод аст. Мову Шумо, бе муболиға дар болои ганҷ қарор дорем, ва ҷоиз нест, ки минбаъд муҳтоҷу дастнигари дигарон бошем” ин аст сухани Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқаш.
Ҳоло саҳнача дар иҷрои хонандагон доир ба саховатмандии подшоҳи одил. _____________
“Имрўз халқҳои сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд. Тоҷикистонро низ хираду дўстӣ ақлу заковат ба сўи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ месозад” –
ин аст сухани Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқаш.
Ҳоло рақс дар иҷрои хонандагон _________ оид ба суруди пешвои миллат. Бо ҳамин соати тарбиявиро хотима мебахшем.

Таҳияи маъмурияти гурӯҳ☘☘☘

Комментарии

Комментариев нет.