Муаллиф Сафиаллохи Курбон.

Пушаймонии якумри.

Муаллиф Сафиаллохи Курбон.Пушаймонии якумри. - 891730747050

Толори хониши донишгох.Донишчуён бо як одобу ахлоки намунави, дар чойхои худ оромона мунтазири дарси фалсафа истодаанд.Аз дар муаллими чавоне дасти тифлаки сесола дар даст ворид мешавад.Хамма аз чой хеста ба саломи муаллим якчоя алек мегуянд.Тифлак охиста ба курсийе дар катори донишчухо рафта мешинад.Дар поён дар хавлии донишгох зани чавоне руи харак гирёну нолон нишастааст.Дарс ба анчом мерасаду донишчуён тифлакро навозиш карда дастибадаст гирифта ба сахни хавли мебароянду хар касе ширини, ё бозичайеро ба тифлак дода Уро бо худаш наздик кардан мехохад.Баъзе духтарони шухтабиат ба якдигар нимшухиву нимчидди мегуянд.Ээ ту нарас, ин духтари Худам хаст, Худам барояш фардо лухтаки калон мебиёрам, хаминхел не Оминачон?Тифлак дар чавоб чизе нагуфта давида ба огуши муаллим меравад.Муаллими чавон тифлакро бардошта аз дарвоза берун мешавад.Чавонзан аз болои харак хеста аз пушти онхо давида аз донишкада дуртар сари рохашонро гирифта гуфт.Диловарчон саткаи дили мехрубонат шавам, акалан хакоратам кун, акалан як муштам зада аз наздат бирон, охир наход инкадар азобу машаккатро ба ман медихию рахмат намеояд?Муаллим охиста тифлакро ба замин гузошта дар руи хараки истгох нишаста гуфт.Халимачон, бас будагист, наход холо хам нафахмидабоши?Охир ман туро дигар дуст намедорам, он халимайе, ки ман барояш калбамро хадя кардабудам, дигар вучуд надорад, ту вай нести.Диловар хангоми донишчуйи чавоне буд, бисёр хушсурату хушахлок.У бо дониши аъло ва одобу рафтори намунавияш дикати хаммаи атрофиёнро ба Худ чалб кардабуд.Баъзе духтархо бо У хатто дар сари як миз нишаста дарс хонданро низ барои Худ шараф медонистанд.Харруз чандин духтар ба Вай изхори мухаббат намуда дилашро ба даст овардани мешуданд, вале хушу ёди У танхо ба дарс банд буду халос, вале рузе духтараки сохибчамолеро аз дигар факулта ба курси онхо гузарониданду Диловар бо як нигох ба Вай дилашро бохт.Халима дар одобу ахлок низ хамто надошт, гуё Худованд Онхоро барои якдигар мувофик карда офаридабуд.Халима низ дархол Диловарро дуст дошт, онхо харруз пеш аз дарс, ва баъд аз дарс рузхо то бегох бо хамдигар буданд.Якчоя дарс таёр мекарданд, дар кучахо ва богхои Шахр чун Лайливу мачнун озодона сайр мекарданду бо хамдигар аз мухаббат роз гуфта орзуи як умр бохам буданро мекарданд.Борхо ин ду дилдода, ду гули навшукуфта дар огуши хамдигар бо тамоми хасти пеши якдигар ва пеши Худованд касам ёд карданд, ки хечгох чудо намешаванд.Хаминтавр онхо чор сол якчоя хонда сохиби маълумоти олли шуданд.Баъд аз хатми Донишгох Диловар Волидайнашро барои хостгори ба хонаи Халима фиристод.Онхо бе ягон мушкили дархости Хостгоронро кабул карданд.Туйи Диловару Халима одди ва хоксорона гузашт.Домоду аруси нав дар шахр истикомат карданро ихтиёр карданд.Падари Диловар тамоми ёфту тофташро чамъ карда барояшон хонаи якхучраги харида дод.Ба бахти ин чавонон Халима хомиладор шуд.Диловар дар хамон донишкада ба хайси Омузгор ба кор даромад.Зиндагии хоксоронайеро ба сар мебурданд ин оилаи чавон.Онхо танхо бо маоши Диловар зиндаги мекарданду зиндагияшон бад хам набуд.Мухим он буд ки дар байнашон мухаббат буд самимият буд.Баъд аз тавлиди Оминачон Халима дар хона бо тифлакаш аз бекориву танхои дилгир мешуд.У баъзан ба берун баромада бо занхои хамсоя шишта сухбат мекарду баъзан дар хона нишаста телевизор тамошо мекард.Рузе хамсояи вай ки дар ошиёнаи якум зиндаги мекард ба хонааш омада аз вай хохиш кард ки якчоя ба бозор рафта барои вай гарданбанди тилло бихаранд, охир Халима бехамин хам дар хона нишаста бехуда рузро бегох мекунаду коре надорад.Кудакатро бошад бо модари ман мемонем, хавотир нашав, Модарам то омаданамон Оминачаро нагз нигохубин мекунад, гуфт духтари хамсоя.Халима баъд аз кушиши зиёди Гулнора рози шуд.Онхо ба хонаи хамсоя рафта тифлакро ба дасти Модари гулнора доданду у гуфт.Биё Аппачон либосхои маро пуш, дар ин замон одам агар дар танаш як либоси дуруст надоштабошад, хечкас эхтиромаш намекунаду гапаш дар ягон чой намегузарад.Халима бисёр неву нестон карда гуфт.Охир либоси ман хам бад нест, ба ман хаминхел одди шудан мегирад, охир ман зани муаллимам, зани бизнестмен не, вале боз барои малол нашудани гулнора рози шуд.Гулнора ба Халима либосхояшро пушонида бозури ба гарданаш гарданбанди тилло ва ба гушаш гушвораву ба дасташ ангуштарини тилло андохт, хуллас Уро тиллопуш карда гуфт.Вай, ваааай Ту инкадар хушру будаи, рости гап ба Ту хасад мебарам, биё акнун косметика мекунем.Халима баъд аз орову торо додани Гулнора Худро дар оина дида тамоман нашинохт.Удар олами афсонави Худашро тасаввур мекард.Онхо ба бозор омаданд.Марди тиллофуруше бисёр ба Халима нигох кард.Халимаро аз нигоххои ин мард гашаш омада гуфт.Биё рафтем аз дигар чой мегирем.Гулнора хозир гуфта бо он мард ба дарунтари магоза даромада панч, шаш дакика баъд баромад, Халима Уро дар берун интизор шуда истод.Онхо ба хона бар гаштанд.Халима либосхои Гулнораро бар гардонда аз Худашро пушид, он тилловорихоро низ ба пеши оина гузошта кудакашро гирифту рафтани шуд, вале Гулнора Уро боз дошта гуфт.Аппаи Халима, ин гарданбанд аз Худат, барои Ту тухфа, бисёр зебост.Халима хайрон шуда гуфт,.Не лозим нест, охир чаро?Гулнора гуфт.Корат набошад, бигир гуфтам гирифтан гир охир ба Ту фаркаш чи?У бо зури гарданбандро ба гардани халима баст.Халима гуфт.Хайр майлаш, Дадош маош гиранд пулашро медиханд.Гулнора кох, кох зада баланд хандиду гуфт.Майлаш агар хохи ду се мох маоши муаллимро чамъ карда пулашро дех, агар нахохи тухфаро кабул кун.Халима чизе нагуфта тифлакро гирифта ба хона рафт.Диловар бегох аз кор хаставу бемадор бар гашта дар назди дар аз пешонии Халима бусида халтаи селофанийеро ба дасташ дода гуфт.Азизам, духтарамро ба дастам дех ман камтар хамрохаш бози мекунам, Ту инро гирифта ягон дами гарм таёр кун, ки имруз барои хуроки нисфирузи хурдан рафта натавонистам, дар хакикат гурусна шудам.Халима баъд аз чанде хурокро таёр карда оварду пахлуи Шавхараш нишаст.Диловар ба Халима нигариста гуфт.Оооо дар хакикат ба зебогии Ту боз зебогии дигар зам кардааст, ин гарданбанди кист?Халима хандиду гуфт.Духтараки хамсоя тухфа кард, нагирифтам, мачбур ба гарданам баст.Диловар дигар хеччиз нагуфта сари миизи корияш нишасту накшахои корияшро пур карда хоб кард.Субх диловар бо навозиш ва бусахои гарм Халимаро аз хоби ноз бедор карду гуфт.Очаи Оминачон мехези? Имруз барвахтар ба кор меравам, соати хашт дарс дорам.Халима бо мухаббати зиёд шавхарашро ба кор гусел карду баъд аз рафтани У даррав Гулнора омада гуфт.Аппачон биё ба хонаи мо равем, очам хонаи Холаам меравад, як киёмат чомашуйи дорам, чакчак карда бо ман шинем, дар хамин хона дилгир шуда шиштан чи даркор?Халима хеста кудакашро гирифта ба хонаи онхо рафт.Халима дар хонаи хамсоя мошинаи чомашуиро дида хавасаш омада гуфт.Чихел нагз будааст, ман хам агар якто гирам хуб мешавад, либосхои Оминаро тез тез як партофта мегирам, нархаш чанд пул бошад?Гулнора гуфт.Онкадар киммат нест, хамин гарданбандатрро фурушу бигир.Халима майлаш гуфт, рузи дигар боз ба бозор рафтанд.Гулнора Халимаро боз ба хамон магоза бурду, гарданбандро ба хамон мард нишон дода максадашонро баён кард.Тилофуруш гарданбандро гирифта боз ба Халима нигоххои харидорона кард.Ин навбат Халима онкадар аз нигоххои ин точири сарватманд дар газаб нашуд, хатто як дарача фахр хам кард, ки зебост, ва одамон бисёр ахмияташ медиханд.Онхо мошинаи чомашуи харида ба хона бар гаштанд.Хаминхел Халима бо ин духтар факат якчоя буданд.Дар авал ба Халима тамоман гапхои Гулнора хуш намеомаданд, бисёр худашро таъриф мекарду аз чавонхои аз пасаш медавидаги бисёр накл мекард, вале баъдтар У ба гапхои Гулнора одат кард.Худаш хам баъзан вахт ба пешаш рафта сухбат мекардаги шуд.
Халима бо гулнора хаминхел бо кавли Худашон дугонахои чони шуданду монданд.Тез тез бо дустони Гулнора якчоя ба сайру гашт мерафтанд, ба хиёбону театрхо мерафтанд, баъзеи дустони Гулнора бо Худ дилдодахояшонро низ меоварданд.Халима бошад тифлаки яксолаашро дар аввал бо худ мебурд, баъдтар дид, ки бо тифлак онкадар озодона гашту гузор карда наметавонад, Уро бо модари Гулнора гузошта мерафт.Дар яке аз хамин рузхо боз дустон чамъ шуданду хамон точир низ бо онхо буд.Аз баски хаммаи хамрохонашон чуфт буданд, он мардро ба пахлуи Халима шинониданд.Сироч бо хандахои бечову бемаънеаш гаши Халимаро меоварду Халима гайр аз хомуш будан дигар чорайе надошт.Хамма аз чойхо хестанду Сироч пешхизматро садо кард.Ээээй Хушруча кани инчо биё.Пешхизмат давида омаду хисоб карда гуфт.Панчсад сомон мешавад.Сироч аз хамёнаш сето дусадсомони бароварда ба болои миз партофту сигор дар гиронда ба назди тиреза рафт.Пешхизмат бакияро оварда ба дасти Халима дод.Халима садсомониро оварда ба Сироч дароз карда гуфт.Ана инро гиред.Сироч кани ин чист?Гуфта пурсид.Бакияи пуле ки ба пешхизмат додед.Сироч баланд ханда карда гуфт.Ба зами хушру буданатон боз ачоиб хам будаед.Халима як дарача шарм дошта гуфт.Хушру ё безеб будани ман ахмият надорад, чун ки ман зани шавхардор хастам.Сироч гуфт.Ман бо Шумо ягон дилу нияти бад накардаам, сиёхро сиёх мегуянду сафедро сафед.Шумо ки зебо хастед зебо гуфтам.Дустон бо хамдигар хайрбод карданду, Халима бо Гулнора боят ба хона меомаданд, ки Гулнора гуфт.Акаи сироч, хамон закасти ман чи шуд?Сироч гуфт.Тайёр аст, шинед, якбора рафта аз магоза медихам баъд бурда мемонам.Онхо ба мошини Сироч нишаста ба магоза рафтанду сироч ду гарданбандро оварда ба пешхояшон гузошта гуфт.Ана мархамат духтархо, аз хамон навъи фармудагиятон.Халима хайрон шуда гуфт ки ман ягон чиз нафармудаам, лекин Гулнора гуфт.Парво накун дугона, ман барои ту закаст кардабудам.Охир ман инкадар пул надорам гуфт халима.Дар бораи пул касе холо гап назадааст, ин хадяи дустона ва софдилонаи ман аст гуфта Сироч баромада рафт.Халима бо Гулнора бисёр чанчол карда гуфт ки чаро бе ичозати ман аз номам хар корхои нолозим мекуни?Гулнора гуфт ки акаи Сироч бой хасту инхел майдачуйдахо барояш хечанд.Хаминхел рузхо мегузаштанду Халима боз чанд тухфаи дигар гирифт аз ин мард.Рузхои охир дигар корхои хонаро онкадар ахмият намедод, кудакашро низ факат дар хонаи хамсоя монда мерафт.Як руз он мард гуфт.Халимахон, бо инкадар зебоги ва боадаби Шуморо ки инкадар хайф карда ба як бечораи камбагал дод?Халима гуфт, ки Худам диловарро дуст доштаам ва оиладор шудем.Сироч гуфт.Эээ чавони да ман зан надорам, занам гузашта шуд, Худатро бехуда обу адо накун, умри чавонатро хазон накуну аз шавхарат баро, Худам мегирамат.Охир Ту ба ганчи дунё меарзи, агар зани ман шави аз сарат тангаву тилло мерезам.Халима инхел нагуйед ман шавхарамро хиёнат намекунам гуфта ба хона рафт.Он шаб У дар пахлуи Диловар буду хушу ёдаш банди фикрхои тамоман дигар.У гох худро дар касри бошукухе медиду гох савори мошини хоричии кимматбахойе.Аммо хаминкадар кушиш мекард боз дар тасаввуроташ Диловарашро дар пахлуяш медид.У Худ ба худ механдиду фикр мекард.Охир агар аз Диловар чудо шавам , осмон ба замин намерасидагист, ягон вахт Уро хам дуст медоштагистам.Ман аз он духтархои тиллопуш чи ками дорам?Чаро бо ин одами камбагал Худамро хору хазон кунам?Хиёнаташ накардаам, руирост мегуяму чудо мешавам.Ин бо рохи Худашу Ман бо рохи Худам.Сироч рост мегуяд, инсон боят аввал Худашро дуст дорад, дигархоро ягон вахт дуст доштан мегирад, агар дуст хам надорад ин онкадар шарт нест.Халима бо хамин андешахо хоб карду читавр гузаштани шабро нафахмид.Субх Диловар бо боз бо хамон бусахои ширин Уро аз хоб бедор кард.Халима ки шаб банди фикрхои беаклонааш то дер нахуфта буд аз чояш нимхез шуда гуфт.Дадаш сарам дард мекунаду хестан намехохам, Худат ягон чиз бихур.Диловар мехрубонона охиста Уро ба чояш хобонида аз пешонияш бусида гуфт.Хайр фахмо ту хоб кун, ман меравам, дар рох нахори мекунам.Халима соати ёздахи руз аз садои занги дар бедор шуду дарро кушода Гулнораро дид.У даромада болои курси нишаста гуфт.Ха апачон, дар бораи гапхои Акаи Сироч фикр карди?Хайр Худат медони лекин ба фикри ман, бахтатро пеши по назан, мисли малика зиндаги мекуни.Халима намедонам гуфта чойро дам кард.Онхо чойро хурда боз ба мулокот рафтанд.Сироч аз дидани Халима хурсанд шуда гуфт.Сахт тарсидам, гумон кардам ки бо гапхои худам Шуморо хаффа кардаму дигар руи зебоятонро намебинам.Халима шухиомез гуфт.Боз аз ман безор шавиву руи зебоям дар назарат безеб шавад.Сироч хурсанд шуда гуфт.Харгиз инхел намешавад, ман Шуморо чун Шохдухтар нигох мекунам.Халима беихтиёр мебинем гуфту монд.Дар як лахза руи миз аз таъому шоколодхои гуногун пур шуд.Онхо хурданду нушиданду аз хар чихат гап заданд.Халима барои издивоч бо ин марди сарватманд рози шуд.Бегох Диловар аз кор бар гашта хонаро бетартиб диду хайрон шуда гуфт.Чонам дар хакикат саломатиат хуб нест?Ту аз бистарат хозир хести?Биё ба беморхона меравем.Халима гуфт.Не, ман хубам.Факат масъалайе хаст, мехохам бо Шумо хал кунем.Диловар гуфт.Хуб шудааст., гап зан чонам.Халима якбора гуфт.Ман аз Шумо чудо мешавам.Диловар хайрон шуда гуфт.Чудо мешави?Яъне чихел?Халима гуфт.Ана хаминхел, камбагаливу бечораги маро ба чон расонд, ба зами ин ман дигар касро дуст медорам.Диловар ин гапхоро аз дахони Халимааш шунида ба гушхои Худаш бовар карда наметавонист.Гумон мекард ки девона шудааст.Пулу мол, давлату сарват пеши чашми Халимаро гирифтабуд.У оромона ба суханаш давом дод.Диловарчон, бо ишку мухаббати холи, ва тасаввуроти афсонави чизе ба даст намеояд. Диловар хайрон шуда кушиш мекард ки занашро аз хоби гафлат бедор кунад, вале намешуд.Халима гуфт ки агар хохад Оминаро бо Худаш бигирад, агар нахохад, мебарадаш.Диловар бори аввал аз чашмонаш ашк рехт, хатто зори кард, ки майлаш барои У не, акалан ба хотири тифлакашон ин корро накунад, вале нашуд.Халима гапхояшро гуфьта барои Худ дар пахлуи Диловар неву дар замин дар руи колин чойгах партофт.Диловар то субх кушиш кард, вале Халимаро ба рохи дуруст хидоят карда натавонист.Халима субх либосхояшро гирифта тифлакро гузошта баромада ба хонаи Сироч рафт.Сироч дар хакикат Халимаро дар каср нигох медошт, вале ин каср то рафт ба назари Халима берангу бу метофт.У Худашро чун мурге дар кафаси тилло тасаввур мекард.Шабхо бедор шуда ба чои диловари кошсиёху хушруяш марди дандонрехтаи пиреро медид, ки мисли хирс хурок мекашаду аз ин дарун ба дарун месухт.Диловар Оминачаро бо худ ба кор мебурд, ва баъдтар ба богчаи бачагона мебурдаги шуд.У бегох аз кор омада духтарчаашро аз богча мегирифту ба хона омада хамрохаш то хоб бурдани тифлак бози мекард.Халима хамаги ду мох дар хонаи он мард токат карду баъд баромада ба хонаи Диловар омад, вале дигар Диловар Уро кабул накард.Духтарони зиёд ба Диловар изхори мухаббат мекарданд, вале дигар У оиладор нашуд.Халима низ дусол боз гиряву зори карда дар хар чо сари рохашро мегирад, вале дигар фоида надорад.Диловар хаёташро ба Оминачааш бахшидааст.

Комментарии

  • 9 окт 2019 22:52
    Бехуда нагуфтаанд бо мох шини мох шави бо дег шини сиёх шави хамсоя хаёташро сухт бо гапи хамсоя даромада хонаи ободашро вайрон кард чисуд бо пулу мол дода шуд хайфаст зиндагии халолаш шавхари мехрубонаш пушаймони суде надорад
  • 10 окт 2019 03:43
    Худо хамон мардхое ки  зани дигареро бероха мекунанд чазояшонро дихад
  • 10 окт 2019 09:59
    Зан агар аклаш дар чояш мебуд хеч гох аз фарзандашу шавхари мехрубонаш чудо намешуд.Ягон мард уро бероха намекард.Худованд чазои ношукр бандахоро медихад.Аслаш Халима сидкан шавхарашро дуст намедоштааст.Барои хамин куфри неъмат неъматашро аз кафаш берун кард.Худкардаро даво нест.Нафрат дорам ба чунин ашхос.