Дарди зиндаги(муаллиф Шахлои Начмиддин)

Шариф пахлу ба пахлу мегашту хобаш намебурд. Дилаш сип сиёх шуда ба сараш хар хел фикрхои бе сару нуг меомаданд. Ба хамсараш ки масти хоб буд, нигариста аз дил гузаронид, ки биё очаи Лоларо аз хобаш бедор кунам, ки мабодо дар хобам чонам набарояд. Чанд шаби охир факат дар хобаш модари рахматиашро медид.
…Таъбираш чи бошад? Чор фарзандам дар мулки мусофири хастанд. Ба хотири як бурда нону ояндаи кудаконашон ру ба мухочират овардаанд. Чи кадар сахт аст зистан. Зиндаги ойинаро мухточи хокистар кунад.
-Э очаи Лолачон, хез бедор шав. Ахволам ба даст.
-Доруи дарди дилатро шаб нушида буди?
-Бале.Аммо худамро хеле бад хис мекунам. Кош Лолачон ин чо мебуду аз хамон биринчобаи бомаззааш бори охирин пухта медод.Афсус..
-Чаро дар ин нимашаби чунин гапхои бад мегуед, пир шуда аклатонро хурдаед. Хоб равед, акнун.
Хамсараш якпахлу гашту хамёза кашид.
Бобои Шариф аз чогахаш бархеста ба ташноб рафт. Тахорат карда омада сари чойнамоз нишаст. Дар намозаш барои фарзандони дар мусофират будааш дуои нек дод.
-Худоё, Худовандо , тамоми мусофирони дур аз ватанро аз тамоми зиштихои дуняви мухофизат намо. Фарзандони маро дар панохат бигир.ОМИН!
Ногахон бобои Шарифро нафасаш гирифту руйи чойнамоз афтид. Лахзае баъд дасту пойхояш хунуку карахт шуданд. Хамсараш садои баланди таппи карда афтидани чизеро шунида аз чогахаш як кад парида хест.
-Отаи Лолачон, хоки пот шавам, чо карди?
-Отаи Лолачон, маро натарсон.
Аммо чисми бобои Шариф кайхо сард гашта аз зинда буданаш ягон осоре намонда буд.
Холаи Шарофат доду гирякунон ба хонаи хамсояхо рафт. Дар хонаи дигар наберахои кучакаш масти хоб буданд. Набераи шашсолааш фигони бибиашро шунида давида омаду бобочонашро руйи бистари хоб карахту ночунбон дид.
-Бобочон, бобочон, бедор шавед.
Аммо бобои Шариф дигар чехраи набераи дустдоштаашро дида наметавонист. Дар як зум хамсояхо давида омаданд. Часади бобои Шарифро шустушу карда кафан намуданд.Холаи Шарофат худро ба даст гирифта аввал ба раками фарзанди калониашон Лолачон занг зад. Ин хангом дар Русия соат 4.5 субх буду Лола садои телефонро нашуниду набардошт. Холаи Шарофат хиккос зада ба писари дуввумаш Ардашер занг зад.
-Ало, Ардашер, бачам, мард шав, отата аз даст додем.
Ардашер, ки эркаи падараш буд, якбора гуширо партофта худро ба замин афканду хомуш нола кард.
Ба писари саввумаш занг зад:
-Салом Акмалчон, бачам, дигар гап зада наметавонам. Ба хохарат худат занг зада гуй, ки падарат аз мо рафт.
-Чи, очачон, шумо чихо мегуед?
Холаи Шарофат гуширо монду ба назди кафани шавхараш омад. Наберахояшон гирд-гирди часади бобояшон гашта зори мекарданд, ки як боракак аз хобаш бедор шавад.
Аммо хукми табиат хамин аст. Марг инсонро дар хоб, бедори, обу оташ, дар хушкиву сарди, дар хонаву биёбон, дар шахри бегонаву дар ватан, дар кучаву дар чойи кор хамеша хамрох аст. Равони хамаи падарони рафта шод бод. ОМИН!
Муаллиф Шахлои Начмиддин
++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++++

Дарди  зиндаги(муаллиф Шахлои Начмиддин) - 893241778602

Комментарии