Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон тест-драйви суръати интернети мобилии насли чорум аз ширкати “МегаФон” анҷом дода шуд.

Ба ҳайси коршиносон сокинони шаҳр баромад карда, баҳри тасдиқи воқеияти натиҷаҳои андозакунии суръати интернет оператор корманди ВАО, директори “ТВ Қурғонтеппа”-ро даъват намуд.
Суръати таҳвили маълумот дар дастгоҳҳои мобилии муштариёни “МегаФон” дар ш.Қурғонтеппа аз 15 то 27 Мегабитро дар як сония ташкил додааст. Нишондиҳандаи миёна аз рӯйи натиҷаҳои ҳамаи тестҳо – ба зиёда аз 21 Мбит/с баробар шудааст, ва ин имкон медиҳад, ки ҳатто
контентҳои “вазнин” ба таври қулай истифода бурда шаванд, яъне тамошои озоди видеороликҳои интернетӣ пурра дастрас шудааст.
“Чунин натиҷаҳо – ҳосили фаъолият дар самти корандозии истгоҳҳои базавии 4G, ки “МегаФон” дар вилояти Хатлон пеш мебарад, ба шумор меравад. Дар шаҳри Қурғонтеппа шабакаи насли чорум аз ҷониби мо соли гузашта роҳандозӣ шуда буд,
вале новобаста аз чунин муҳлати кӯтоҳ интернети мобилии баландсуръат қариб дар 80% ҳудуди шаҳр фаъол аст. Ба бисёр муштариёни мо дар ин ҷой имконоти интернетии барои сокинони пойтахти ҷумҳурӣ дастрасбуда дастрас гардидаанд”, -
мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов..

Комментарии

  • 7 дек 2017 13:30
    4G дар вилояти хатлон нохияи Муъминобод кор мекунад бастахои 4G харем