Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии SIM-кортҳои ҳамаи операторони мобилӣ, ки мувофиқи қарори ҳукумати кишвар анҷом дода мешавад, идома дорад.

Баҳри ба муштариён фароҳам овардани имконият
ҷиҳати зуд ва осон дар дилхоҳ вақт анҷом додани амали мазкур ширкати “МегаФон” муваққатан доираи штатии кормандони идораҳои хизматрасониро васеъ намуд.
Мутахассисони нав танҳо азнавбақайдгириро анҷом дода, ба мутахассисони дигари штатӣ имкон медиҳанд, ки корҳои муқаррарии худ – пайвасткунии хизматрасониҳою тарофаҳо, қабули пардохтҳо
ва ғайраҳоро анҷом диҳанд. Ба ғайр аз ин, оператор фаъолияти “отрядҳои сайёр”-ро, ки аз ҷамоат ба ҷамоат гашта азнавбақайдгириро дар маҳалҳо анҷом медиҳанд, ташкил намуд. Дар вилояти Хатлон теъдоди чунин гурӯҳҳо ба ҳафт адад расидааст. Оид ба ҳозир шудани мутахассисон ба ин ё он нуқтаи аҳолинишин муштариён тариқи SMS, ки дар онҳо вақту макони ҳозиршавии мутахассисони “МегаФон” зикр мегарданд, огоҳ карда мешаванд.
Дар баробари ин, ба муштариён ҷадвали нави фаъолияти идораҳои хизматрасонӣ писанд омад. Он баҳри қулайгардонии шароитҳои муштариёне, ки дар вақти муқаррарӣ вақти гузаштани азнавбақайдгириро надоранд, тағйир дода шуд.

Комментарии

  • 1 июл 2017 16:51
    Ассалому алейкум мегафон тоҷикистон!
  • 1 июл 2017 16:55
    Мумкин  як саволе  дошта  будем?
  • 1 июл 2017 21:50
    +79685543376 напишите  эму на ветсап хорошая общительная девушка