Аз Аллоҳ бипурс-маҳрум нахоҳи шуд!
Қиссае ки дар ҳамин шабу руз аз сари нафароне гузаштааст ки бо мо ё ҳамшаҳранд ва ё ҳамватан.
Қиссае ки бояд дарси ъибрат шаванд ба нафароне ки аз чизе ноумед шудаанд.
Қиссае ки ъибрат ба бенамозон хохад буд, ъибрат ба нафароне ки ҳочат аз «ғайри Аллоҳ» металабанд!
Қиссаи вокеи:
Як дусти хело наздике дорам ки дар як корхонаи хамин ватанамон кору фаъолият мекунад. Соле пеш уро ба вазифаи рохбарии шуъбаи фуруши маҳсулоти он корхона равон карданд.
Акнун аз забони у мешунавем:
- Солҳое ки дар саршуъба кор мекардам зиёд аз кори ҳама шуъбахо хабар мегирифтам ва баъзан тренингҳо мегузаронидам.
Дар якеи он шуъбахо духтараке кор мекард ки шояд сину солаш ба 23-24 ё зиёдтар расида буд. Он духтар духтари хубтарбияе буд, бахудаву бехуда бо хамкорон зиёд сухан намегуфт, хатто ба тую маъракахои хамкорон намерафт.
Аммо у шавхар надошт. Чун маро ба сардории шуъбаи онхо соли гузашта гузарониданд ман аз хамкорон шунидам ки ин духтар акнун намоз мехонад.
Ин духтар баъзан бар замми ин намозхони назди фолбину «китобкушо»-хо мерафтааст.
Сабаби хамаи ин он ки у мехохад бахташ кушода шаваду шавхар кунад.
Як руз ба агенти ман (майл агент) ин духтар навишт ки:
- Раис аз шумо як хохиш дорам. Илтимос маро рузи чумъа чавоб медодед. Чун хонагихо мехоханд ба Кулоб равем.
Рости ман он кадар бо коригарон сухан дароз намекардам-аммо дарк кардам ки ин духтар боз назди кадом фолбине рафтанист.
Пас пурсидам:
- Тенчи будааст дар Кулоб?
- Ха раис! Хонагихо мехоханд ба зиёратгохи хазрати Султон ва хазрати Эмом Аскара ва хазрати Амирчон раванд.
Як хешамон микроавтобус дорад ва у мехохад духтаронашро ба он чой барад. Мо хам бо онхо меравем!- чавоб навишт у.
Навиштам :
- Гар зиёрат барои дуъо кардан ба рухи хазратхо рафтани бошед рафтани шумо зарур нест. Падар ё бародаратон рафта дуъо кунад ва дуъои шуморо хам расонад.
Он духтар дигар хомуш монд ва чизе нанавишт. Ман фахмидам ки у андухгин шудааст. Пас барояш навиштам:
- Ман медонам ки шуморо кадом нафаре насихат кардааст ки ба сари кабри фалон азизон рафта дуъо кунед бахтатон кушода мешавад! Хамин тавр не- ё ман хато мекунам? Росташа гуед!
- Раис! Як домлои шинос моро насихат кард ки сари кабри хазрати Мавлоно, Амирчон, Султон ва эмом Аскара равем бахтамон кушода мешавад.
Хазрати Мавлоно рафтем се дафъа- акнун он се тои дигар мондаги.- чавоб навишт у.
Маро ин навиштахо сахт хашмгин сохт. Дуру дароз чизе барояш нанавиштам.
Ачаб замоне шудааст ки домлое ки бояд мардумро аз Ислому Имон хабардор кунад- барьакс мардумро аз акли худ ба щирку куфр равона месохтааст.
Мулло ки аз асли Ислому «Тавхид» бехабар бошад аз ин бечорахо чи гила? Навиштам:
- Хохар! Як насихат мекунам бароятон-агар маро гуш кунед хам бахтатон Ин Шо Аллох кушода мешавад ва хам имонатонро саломат мебаред.
Рафтани сари кабри азизон барои хочат куфр аст, щирк аст! Оё хамон домло (ноМулло) нафармуд ки намози «хочат» «истихора» «тахаччуд» хонед, ину он дуъои муборакро кунед?
- Не раис! Фармуданд ки гусфанд биёр бурдем, матоъ фармуд бурдем, сари кабри хазрати Мавлоно се маротиба рав рафтем- аммо хеч дигаргуние нашуд.
Хостгорхо 1-2 нафар меомаданд ва боз гум мешуданд. Ана домло фармуд ки ба сари кабри ин азизон равем дигар бахтамон пурра кушода мешавад.
Он домло хам бо мо меравад то тарзи дуъову хочатталабиро ба мо омузад.- навишт у.
Маро кахру ғазаб ва хайратам аз чунин ноМуллои чохил зиёдтар шуд ва навиштам ки не ичозат намедихам.
Балки рузи шанбе бояд иловаги кор барояд-аммо максадам ин ки у ба сари кабрхо наравад ва ба щирк руй наорад.
Рузи душанбе ман 1-2 китоби намозхо ва дуъохои муборакро овардаму он духтарро ба наздам хонда ба у таслим намудам.
Ба у насихат кардам ки:
- Хохар намоз мехони аммо «сатри аврат» намекуни. Хеч не руймоли точики кун. Ин намозхоро рузу шабон зиёд бихон ва ину он дуъохоро зиёд бикун.
Инро Худову Расулаш (ﷺ) фармудаанд ва дар ин хеч шубхае нест. Азизони Худо ба далел мефармоянд ки ин намозу дуохо ин шо АЛЛОХ назди Аллох кабул мегарданду хочататон бароварда мегардад.
Аммо сари кабри он азизон рафтан бехуда аст- чун онхо ба хеч чиз кодир нестанд.
- Раис! Рахмати калон барои ин китобхо. Охир ман намоз мехонам магар он кифоя нест? Ё барои хочат ин намозхо зарур аст?- пурсид у.
-Бале хохар! Ин намозхоест ки нафарони хочатманд зиёдтар дар шабхо мехонанд ва аз Худованд дар дуо мадад мехоханд.
Хар нафаре ки бо «ихлос» ин намозхоро хонад ва дар дуъову тазарруъ худаш аз Аллохи Мехрубон хочат хохад бенасиб нахохад монд.
Чун бахту тахтро Аллох ато мекунад на фалон «азизаш» ки бечора ки дар кабр хобу мухточи дуъои мост!- чавоб гуфтам ман.
Он духтар бо шавку завк он китобхоро гирифту рафт. Рости кам кам аз ман аз он чи ки намефахмид бо «агент» мепурсид ва ман мефахмондам.
Бинам рузе руймол мекардаги шуд. Баъзан руза мегирифтаги шуд- чун аз ман тарзи гирифтани рузахои нофиларо мепурсид.
Охиста охиста тарзи либоспушиаш хам пурра дигар шуд.
Шукронаи Аллох се мохе пас моро ба туй даъват намуданд- ба туи он духтар. Аммо афсус ки дар ресторан туй буд ва ман ба он нарафтам.
Он духтар як моха отпуск гирифт ва пас аз мохе ба кор баромад- аммо у дигар дар сар руймоле надошт.
Он руз у ба ман навишт ва зиёд миннатдори намуд. Ман дар чавоб навиштам ки:
- Хохарчон! Руймол кучо шуд? Охир Худованд шуморо бахт доду ин хуб нест ки фармудаи У-ро фаромуш созед. Балки акнун зиёдтар намоз хонед ва вакти холи намозхои шукрона хонед ва дуъо кунед?
- Шавхарам мехоханд ман руймол накунам. Оилаи онхо ба истилох «совеременний»-янд. Аммо намоз мехонам раис!- чавоб навишт у.
-Магар ба шумо бахт лозим шуд аммо фарзанд лозим намешавад? Баракоти зиндаги, зиндагии хушу хурсанд лозим намешавад! Охир ин хамаро Худованд ато менамояд хохар!
Ба чои он ки шавхаратон шуморо аз тоъату ъибодат гардонад- хубаш шумо уро даъват ба тоъату ъибодат кунед ва якчо аз Худованд фарзандони «солеху солеха» ва хушихои зиндагиро хохед!- насихат кардам ман.
Рузи дигар у боз руймоли калоне ба сар дошт. Муддати дарозе ман бо у сухбат надоштам.
Ба наздики ба наздам хуччатхоеро дароварданд то ман чун сардори шуъба имзо кунам.
Бинам ин ба «декрет» баромадани хамон хохари Имони аст. Зиёд хурсанд шудам ва Худовандро шукр гуфтам ки ин хохарро «би изниЛЛох» аз рохи хато ба рохи «Хак» баргардонидан сабаб шудам.
Ин кисса вокеи ъибрат бояд гардад ба нафароне ки хочате доранду онро аз «ғайри Аллох» металабанд!
Донанд ки аз Аллох талабанд хам муваффак мешаванд ва хам савоб хосил хоханд кард- ва илло аз ғайри Аллох бахту тахт, ризку рузи, баракоти зиндаги, шифову озоди аз карз талабанд гунохи азиме ба худ хоханд гирифт!
Чун:
Расули Акрам (ﷺ) дар хадиси муборакаи хеш чунин фармудаанд:
-« Ҳар мусалмоне ки аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) ҳоҷат бихоҳад ва дар он ҳаромкардаи У (ҷ.ҷ) набошад ва ё байни хешу табори силаи раҳм канда нашавад- пас донад ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба у аз се якеро албатта медиҳад:
-«ё ҳоҷаташро бароварда гардонад,
-ё он ҳоҷаташро захираи охираташ гардонад,
-ё аз ъамали баде ё офате наҷоташ диҳад ки баробари ҳамон ҳоҷати дар дуъо хостааш бошад»!
Ат-Тирмизи (3573); Аҳмад (11150
((((((////////////////)
Ъибрат:
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-«Дуъо ин яроқи муъминон , пояи дин ва рушноии осмону замин аст»! Муъмин медонад ки чи қувваеро дорост ин дуъои бо «ихлос»-у аз сидқи дил - дуъое ки танҳо ва танҳо ба суи Холиқи Якто равона шудааст!
Холиқе ки ҳама олам тобеъи У-ст ва даргаҳи У-ст бениёз!
Худованд фармудааст то ҳар ҳоҷате ки дорем худ намоз хонем (албатта пас аз адои фароиз) сипас дасти ба «дуъо» бардорем ва аз Холики худ мадад хоҳем.
Худованд дар хадиси «Қудси» фармудааст ки:
- «Ман шарм медорам дасти чунин бандаамро холи баргардонам».
Яъне имрузхо гар якеи мо хочату мушкиле дошта бошем албатта ноумед нагардем.
Балки пас аз адои намозхои фарзи дар шабонгох ғусл ва ё тахорати хубе созему дар намозу дуъо аз Худованди Бениёз халли мушкили ва хочот талабем. Инро Худованду Расулаш мефармоянд!
Паёмбар (ﷺ) дар хадиси муборакашон фармудаанд:
«Алло Таъоло дар ҳар шаб ба суи осмони дунё фуруд меояд, ва ба суи бандагонаш нидо мекунад:
-«Кист касе,ки маро дуо кунад,-пас ман дуоашро мавриди иҷобат бигардонам. Ва кист касе, ки аз ман ҳоҷаташро пурсад- пас ман ҳоҷаташро бибарорам. ва касе, ки аз ман талаби бахшоиши гуноҳҳо кунад- пас ман гуноҳҳои уро бибахшам». (ат-Тирмизи)
Ин хохари Имони ки бо сабаби он бародар аз рохи куфру щирки гашту рохи ростро пеша кард бинед ки дар муддати кутохе Худованд бар у бахт ато фармуд.
Аммо афсус зиёди бандагон дар вазниниву мусибат Худовандро ёд мекунанд, дар тенчиву амони фаромуш - ин хохар хам туяшро дар рохи Шайтони дар тарабхона кард, руймолашро як су партофт.
Шукронаи Аллоҳ ки боз ин бародар сабаб гашту у аз хатояш гашт ва инак Худованд уро фарзанд ато намуд!
Аммо афсус аз барои пулу молу матоъ баъзе мардумоне ҳам хастанд ки худро дар никоби «муллову китобкушо» дароварда сабаби гумрохии дигарон мешаванд.
Инхо «ғараз» доранд- яъне пулу моли "бе дарди миён" мехоханд.
Ин «ғараз»- и онхо сабаби пайдо шудани зиёд аъмоли куфри шудааст, сохтани кабру зиёратгохе ки мардум аз он хочат хоханд шудааст, акидаву аъмоли куфрии зиёде шудааст.
Бубинед ки аввалин маслихате баъзе ин ба ном мулло ба хочатманде медиханд чун духтари дар кисса буда чунир аст:
- Сари кабри фалон азизи Худо рав. Гусфанд бар, пулу матоъ ва канд хайр кун. Аз тарафи рост тавоф кун- ва аз болои кабр нишаста хочататро бигу. Гар се маротиба рави хочатат бароварда мешавад!
Намефармоянд тибки Кур'ону Суннати Набави ки намози «хочат» бихон, «истихора» бихон, «тахаччуд» бихон, худат дуъову тазарруъи зиёд ба «даргохи Илохи» бинамо!
Намегуянд ки инро Худованд дуст дорад.
Чун инро ки мардуми «омми» бидонанду ъамал кунанд -пас ки гову гусфанд меорад ба ин ноМуллохо?
Ки канду хурока меорад ба ин ноМулло? Ки пулу пайса медихад ба ин ноМулло?
Худованд «бениёз» аст- ва молу мулки беохир назди У-ст, шифо назди У-ст, бахту тахт назди У-ст, баракот назди У-ст. Ҳар киро дуст дорад ато хоҳад кард.
Он бандагоне ки бо ихлос тоъату ъибодат хоҳанд дошт, аъмоли хайр хоҳанд кард - дар тангиву мушкили ноумед нагашта худ намозҳои нофила хонда дар дуъову тазарруъ аз У бипурсанд бешак атояшон хоҳад кард.
Банда бояд ҳама вакт умед ба Раҳмати Илоҳи дошта бошад. Ноумед нагардад чун ин сифати шайтонист ноумед шудан.
Афсус баъзе нафароне ҳастанд ки бандагони Худоро дар дилашон шубҳа меандозанд ки:
- «ту худ дуъо накун- балки байни худу Худованд васила (миёнарав) бигир мурдагонро», «ту аз гуноҳ пок нести худат дуъо накун» ва ғайра……
Суфиён ибни Ийина мегуяд:
-«Чун дар худ бадие эҳсос мекуни, натарс, ки ба сабаби он дуъои туро Худованд ичобат намекунад.
Худованд дуои бадтарин халк, иблисро ичобат кард, ҳангоме ки гуфт:
-<< Бар ман то рузи зинда шудан(киёмат) муҳлат бидех,>> (сураи Аьроф, ояти 14).»
ва Худованд дуъои уро пазируфт ва ба он «палид» муҳлат дод.
Ин далелест барои он нафароне ки мегуянд ки ту худ гунаҳкори –худат дуъо накун ва аз Худованд ҳочат талаб макун!
Пас шумо бандагони ноумед мабошед. Гар гунаҳкоред, бенамозед, аз хайру саховат дуред- аз сидки дил тавба намоед чун Худованд Ғафуру Раҳим аст бахшиданро дуст медорад.
Чун аз гуноҳу исьён ки пок шудед ҳар ҳочате ки доред аз Худованд бихохед ин шо Аллоҳ бенасиб нахоҳед монд!
Дар Паноҳи Аллоҳи Бузургу Тавоно бошед!
Муаллиф Абдурозик А
«Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем» (Фотиҳа)
Тариқаи хондани намози ҳоҷат ҳамон намози маъмулии ду ракаъата аст. Паёмбари Худо (Дуъову дуруд бар у бод'
-« ҳаркиро ҳоҷатест ба Худованд пас таҳорати хуб бикунад баъд аз он ду ракаъат намоз гузорад (афзалаш дили шаб) ва баъд аз он ҳамду санои Аллоҳро бигуяд ва дуруду салом фиристад ба Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод'
-«Ло илоҳа иллаллоҳул Ҳалимул Карим субҳоналлоҳи раббил аршил ъазим алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин, Асъ алуку муҷиботи раҳматика ва ъазоима мағфиратика вал ғанимата мин кулли бирр вассаломату мин кулли исм. Ло тадаъ ли занмбан илло ғаффартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу ва ло ҳоҷҷатан ҳия лака ризо илло қазайтаҳо ё арҳамарр роҳимин.”
Баъд аз он аз Худованд ҳарчи, ки мехоҳад аз амри дунёву охират талаб намояд”.(ривояти Тирмизи ва ибни Моҷа).
Сабаби он ки чаро афзал дили шаб аст далил ин хадиси мубораки Расули Акрам (Дуову дуруд бар у бод) аст, ки ба чунин мазмун аст: Дар ҳадисе ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст, мефармояд:
- Расули Худо ( Дуову дуруд бар у бод'
“Худованд ҳар шаб баъд аз гузаштани аз се ду қисми шаб ба осмони дунё нузул мефармояд ва мегӯяд: -Оё касе ҳаст, ки манро бихонад (дуъо кунад), то ӯро иҷобат кунам? -Оё касе ҳаст, ки аз ман бихоҳад, то ба ӯ бидиҳам? -Оё касе ҳаст, ки аз ман талаби бахшиш кунад, то ӯро бибахшам”. (Бухорӣ китоби таҳаҷҷуд).
Дар ҳадисе ки ибни Умар (р.з) онро ривоят карда аст, мефармояд: Ибни Умар (р.з) мегуяд:
-«Марде расули Худоро аз намози шаб пурсид. Паёмбари Худо( Дуову дуруд бар у бод'
Дили шаб соатест ки ҳама олам ором мегирад ва танҳо «бандагони Хоси Аллоҳ» хобро барои худ ҳарром дониста бармехезанд ва ғусл ё таҳорати пок месозанду дар намозу дуъо бо Холиқи худ «роз» мегуянд. Ин беҳтарин суннатест ки бар мо умматон аз Расули Акрам (Дуову дуруд бар у бод'
Дили шаб соатест ки тамоми бузургони Ислом он соатро ба намози шаб мегузарониданд ва Худованд ҳамаи онҳоро муваффақ гардонидааст.
Шумо метавонед намози ҳоҷат хонда дар ҳамчунин дар ҳаққи зану фарзандонатон, хешу наздиконатон, дустатон ва ё ҷамии Мусалмонон дуъои хайр намоеед ва дар дуъоятон аз Худованд барои онон низ шифо, кушоиш, осоиш, бахту фарзанд, адои қарзу дигару дигар талаб намоед.
Чун тибқи ҳадиси муборак ҳар бандае дар ҳаққи бародарону хоҳарони Исломиаш дуъо кунад - Худованд фариштагонеро дар қиболаш гузорад то омин гуянду бар дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Холиқи Осумонҳо дар дуъояшон талаб намоянд.