ТАҲСИЛИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ 2015-2016

6 Май 2015
Э Ъ Л О Н!
дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2015-2016
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии кабӣ, донишҷӯён ва падару модарон мерасонад, ки дар соли таҳсили 2015-2016 намояндагони зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда имтиҳони қабулро ҷиҳати шомил шудан ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии донишгоҳҳо доир менамоянд.
Довталабон метавонанд номгӯи ҳуҷҷатҳои заруриро аз сомонаҳои http://maorif.tj/ ва http://edu-cip.tj дастрас намуда, ҳуҷҷатҳоро ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (суроға шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47 а) супоранд.
Барои маълумоти бештар оид ба рӯзи баргузории имтиҳони қабул ва рӯйхати ихтисосҳо метавонед аз сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон http://edu-cip.tj/index.php/ru/истифода намоед.
Телефонҳо барои тамос 221-11-75; 221 - 18 - 83 ва почтаи электронӣ mbb-2008@mail.ru .

Комментарии

Комментариев нет.