МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН, МУБОРАК ДӮСТОНИ АЗИЗ!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро, ки моҳи раҳмати Худованд, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёб аз оташи ҷаҳаннам аст, барои тамоми ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта барояшон сабру истиқомат ва сабти ҳарчи бештари амалҳои некро дар дафтари аъмолашон аз Парвардигори олам таманно дорем!
Моҳи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.
Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шудааст.
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд).

Комментарии

Комментариев нет.