- ГАРИБИ-ТАМОШО КУН ДИЛУ ЧИГАРТА КАНДА МЕГИРАД!
- Султони қалбам / Sultoni qalbam / سلطان قلبم
- Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷҷи Акбар аст. Дӯстонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии ИдиСаиди Қурбон самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. https://youtu.be/4dtUPXQszCU
- МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН, МУБОРАК ДӮСТОНИ АЗИЗ! Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро, ки моҳи раҳмати Худованд, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёб аз оташи ҷаҳаннам аст, барои тамоми ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта барояшон сабру истиқомат ва сабти ҳарчи бештари амалҳои некро дар дафтари аъмолашон аз Парвардигори олам таманно дорем! Моҳи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад. Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маъно
- БАЁНИЯИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Апрел 06 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, чунин иттилоъ медиҳад. Пеш аз ҳама, иттилоъ медиҳем, ки тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин
- Чун модари ман, куҷоӣ охир? Рӯй аз чӣ наменамоӣ охир? Хандон зи дили замин бурун ой, Бар гиряи зори ман бибахшой... #Амир_Хусрави_Деҳлавӣ Моро пайгирӣ намоед👇 "Неруи муҳаббат" https://t.me/neruimukhabbat
- Афтод дарахте, ки ба худ меболид, Аз доғи табар ба хоки ғам менолид. Гуфтам: чи касе зад ба решаат табар, Гуфт, он кас, ки ба зери сояам мехобид.
- Марҳамат ба гурӯҳи "Неруи муҳаббат" дар Tellegram аъзо шуда аз навгониҳои гурӯҳ огоҳ бошед! https://t.me/neruimukhabbat
- Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» (ар. ﺭﻣﺾ) гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад [6] . Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехӯрад. Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рӯза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва ода-мияти ӯро аз тамоми олудагиҳо пок месозад. Рӯзаи бо рӯҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сӯзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад. Сӯзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сӯзиши дар оташи дӯзах. Вақте вуҷуди шахси рӯзадор да