Васияти Модар ба Фарзандаш...

На хама руз хурсандист писарчон!
Модари бемор писари хурдии худро
назди бистараш даъват кард.
Маълум буд писар аз бемории модар
сахт андухгин аст ва тайёр аст гар
зери замин дорую давое бошад барои модар фарохам орад. Аммо ин
беморие буд ки давояш танхо
«марг»
буд.
Модар писарро аз пешониаш бусиду
пурсид: - Ахмадчон! Писарам холо ту чанд
солаи?
- Модарчон Худо хохад ин хафта 27
сола мешавам!- чавоб гуфт писар.
Аз чашмони модар ашк чори
шуданд. У боз аз писараш пурсид:
- Ахмадчон! Писарчон дар ин 27 соли
умрат чи кадар хабархои хуше
шунидаи: дар ин 27 сол хам
бародарону хам хохаронатро
хонадор кардем, наберадор шудам, хонаи нав
сохтем, мана ту хам оиладор шудиву
занат ду набера барои ман таваллуд
кард! Хамаи ин хушхабар буд ё не?
- Бале модарчон! Хабархои хуше буд
ки гайри яке!- чавоб гуфт писар. - Он як хабар вафоти бародари
миёнаат Саидчон буд! Акнун ту худ
акли расо дори ва худат бояд дони
ки на хама вакт хурсандист- албатта
ин зиндаги поён дорад, шикасту
рехтхо дорад. Барои бародарат он поён 31 солаги будааст- акнун Худо
донад ки поёни умри ману ту чанд
рузу соатест. Пас зиёд андуху гам
лозим не писарчон! Ту бояд барои
поёни ману худ тайёр боши то
«ношукр» банда набоши!- гуфт модар
ба писар.
- Чи хел тайёр шавам модарчон? Чи
кор кунам ки «ношукр»-и накунам?
Охир ман хар чи шумо гуед
мекунам.- пурсид писар.
- Пас ту бояд дони ки хатто пас аз
марги ман ту бароям савоби калоне
метавони хосил куни гар тоъату
ъибодати саривакти, аъмоли хайру
феълу атвори хуб дошта боши- ва илло гар аъмоли баду бенамози
дошта боши номаи аъмоли ману
падаратро бо бадихо вазнин сози.
Хохи ки арвохи манну падарат аз ту
рози бошад пас чун имрузхо ахли
масчид буданатро, дасти ба хайр доштанатро, феъли наку
доштанатро
пас аз марги ман иваз накун балки
зиёда куну кам не!- таъкид кард
модар.
- Модар Ин Шо Аллох дар рохи ризои Худованд содик мемонам- аммо
фироки шуморо надонам чи тавр
кувват кунам. Ман шабу руз дуъо
мекардам то Худованд бароятон
шифо дихад то солхои дароз миёни
мо бошед- аммо….. – гиря Ахмадчонро гулугир кард.
- Бубин ки Худованд дуъои туро
кабул
кард писарчон. Охир ман пас аз он
ки ту намозхон шуди, масчидрав
шуди, рузагир шуди ва хамчунин бародару занатро хам намоз омухти
худро аз нав таваллуд шуда
хисобидам. Хама рузу хама шаб
дуъои хайрат мекардам то аз ин рох
барнагарди. Акнун дон ки Худованд
хар бандаеашро ки дуст дорад бо бемориву сахтихо уро санчиш
мекунад- аммо хар боре аз ъамалхои
некат мешунавидам хафтахо дарду
бемориамро фаромуш месохтам.
Охир ту ба ёд ор ки як сол пеш дар
чи рохи баде будиву имруз чи рохи неке!- гуфт модар.
Ахмадчон ба ёд овард ки дар
хакикат
у як ду соле пеш хама харомкардаи
Худовандро истеъмол мекард, шабу
руз бо дустони берохагард ё дискотекахо ва ё шабнишинохо
дошту хатто зану фарзандашро
хафтае 1-2 бор медид. Модараш
бошад аз ёди у гуё фаромуш шуда
буд. Аммо марги гайричашмдошти
бародараш Саидчон зарбаи вазнине буд барои у. Чун Саидчон ки
тичорати калоне дошт гуиё ба чои
падараш буд:
Пулу либос даркор буд у медод,
мошин тухфааш кард, хар боре ки
маст мешуду ба ходисае ру бу ру мешуд ин бародар уро аз он халос
мекард, аз пушти ин бародари «бою
бадавлат» хама уро хурмату
эхтиром
мекард. Аммо соате ки «марг» омад
напурсид ки Саидчон чанд сол умр дошт, чи вазифаву чи кадар пулу
мол
дошт, чи муроду максадхо дошт,
тавбаву истигфор кард аз аъмоли
бад ё не. Саидчон рафту гуиё аъмоли
бади Ахмадчонро бо худ бурд ва уро
аз он «хоби гафлат» бедораш сохт.
У донист ки марг меомадасту пиру
чавонро бо навбат мебурдааст. Пас
аз худ мепурсид ки ин бародараш ки
боре хам намоз надошт, харчанд хайру саховат мекард аммо бепарво
арак мехурду зино мекард рузи
саволу чавоб дар кадом гурух хохад
буд: «некбахтон» ё «бадбахтон»?
Охир
ин марг мумкин буд уро ба коми худ бибарад- аммо у низ аз «бандаги» ба
Худованд дур буд. Рохе ки у пеша
карда буд рохе буд ба суи
«чаханнам»!
Аз он руз у тавба карду рохи
«начот»- ро пеша гирифт. Дар муддати кутох
хондани намоз омухт ва хатто
хуруфи
Куръониро аз худ кард. Гар аз сидки
дил хохи албатта хама кор осон
мешудааст. Акнун у хар ъамале ки дар Куръону суннати Паёмбар
мехонд харакат мекард бо он ъамал
кунад. Сахаргохон барвакт ба
масчид
мерафт, Куръон мехонд, аз дуконхои
бародари мархумаш харомкардахоро
дур кард. У хар кучое ки мебаромад
аз модар дуъои хайр мегирифт ва
хар
он чи ки модар мефармуд онро ичро
мекард. Дар ин муддати кутох у 3-4 дустони пешинаашро хам ба намоз
даъват кард ва бо хости Илохи аз
роххои бад онхоро дур кард- ин
сабаб
буд ки волидайни он дустон хам
барояш дуъои хайри зиёде мекарданд.
……….. Ахмадчон!! Охир ту чи ин
кадар
ба фикру хаёл рафти? Бароят як
васийяте дорам ки мехохам онро
ичро куни! Гар ин васийятамро ичро куни хам ризои Худовандро ба даст
ори хам ризои маро. Зану кудаки
хамсояамон рахмати Латифро рафта
аз дехаи хамсоя ёб. Онхоро
бародарони шавхараш зада аз
хонааш пеш карда буданд ва дар каровулхонаи масчиди
хамсоякишлок зиндаги мекунанд.
-Писарчон! Ин кадар пулу мол
«саволу чавоб» дорад. Хамон хонае
ки ичора додаед бехтараш холи
кунеду ба он ятимакон дихед ва то тавонед ба чои хафту чилу сол ба
онхо хурока бурда дихед бисьёр
ъамали неке мешавад ки Худову
Расулаш фармудаанд. Хар гохе ки
нийяти «хайр» кардан кардед ба
ятимону мухточон рафта хайр кунед. Савоби онро ба рухи падару
бародарат ва арвохи ман «хадя»
кунед! Устоди ману хохарат моро
фахмонида буд ки ин аст «ризои
Худованд» на он маъракахое ки мо
барои мурдагон дорем! – васийят кард модар. Модар ин суханонашро
гуфту оби тахорат талаб кард.
Духтари хурди Саодат зуд хамаро аз
хона берун карду модарашро
тахорат
гирифт. У бо хамрохии духтарчааш модарро болои бистар гузоштанд то
намози хуфтанашро адо кунад. Бо
вазнинии зиёд модар намозашро
мехонду дар хар як ракъат болои
болишти баланде сачда мекард-
аммо….. Хангоме ки у «аттахайёт» мехонд
баногох ба сачда рафту хомуш монд.
Духтараш ки худ намоз мехонд
муддате пас холати модарро диду
дарк кард ки ин охирин «сачдаи»
модараш ба Холики Осумонхост ва зуд бародаронашро даъват кард.
Хама фарзандони дасту по хурда
фигоне бароварданду модарро ба
бистар хобонданду манахашро
бастанд. Чи лахзахову чи мусибати
вазнин……………….. Пас аз адои чанозаи модар хама
фарзандон муддате дар хонаи
волидайн буданд. Тибки васийяти
модар Ахмадчон он «бевазану»
ятимаконро пайдо карду хонаи
поёни деха бударо ба онхо хадя кард. У аз
магозаи худ орду равгану биринчу
шакар ва дигар махсулоти гизоиву
якчанд либосеро бурда ба хонаи
«нав»и он ятимакон дод. Он
хурсандие ки Ахмадчон мушохида кард хеч тасаввур хам надошт.
Кудакон либоси навро мепушиданду
уро ба огуш мегирифтанд ва аз сару
руяш буса мекарданд. Хангоме ки
онхо гизоихоро диданд якеи
кудакон пурсид:
- Модарчон! Акнун мо хуроки
гуштдор
мехурем? Биёед имруз як оши
гуштдор кунед. Охир аз рузе ки
падарама надидем ягон бор оши гуштдор накардед ку?
Ашки чашмони Ахмадчон беист чори
шуданд. Акнун у фахмид ки модари
мархумаш чи васийяти хубе карда
будаанд ба чои он маъракахое ки ба
мардуми «серу пур»-ро бояд медоданд. У ба худ нийят кард ки аз
ин пас хар чи зиёдтар аз ахволи ин
ятимакон хабар гирад.
Хамон шаб у дар хоб рахматии
модарашро дид ки дар Бихишт буду
хушу хурсанд ва дар тан либосхои зебое дошт. Модар хар замон
либосхои нав ба нав мепушиду дар
боги зебои пурмевае сайру гашт
мекард ва аз миёни он бог хавзхои
ширу асал чори буданд.

Комментарии