10 РОХИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ДИЛИ МАРД

1. Ҳаргиз назди марди дилатон рашки худро
нишон Н'адиҳед, ӯ аз ин ҳаво мегирад ва
нисбататон Бепарво мегардад, зеро медонад,
ки шумо ӯро бениҳоят дӯст медоред. ҒА'йр аз
ин, гоҳо аз рашки шумо хаста низ мегардад.
Чӣ қадаре, ки худро нисбат ба вай
бетаваҷҷӯҳ гиред, ҳамон андоза ӯ шуморо
дӯст медораду меҳрубониро нисбататон
арзонӣ медорад.
2. Агар шумо дар кору зиндагӣ чанд зина аз
ҳамсаратон болоед, пас инро ҳар замон
ёдрас нашавед, чунки вай худро назди шумо
нороҳату таҳқиркарда ҳис мекунад, хуб
мешавад, агар дар ин мавзӯъ тамоман гап
назанед. Беҳтараш ӯро сутуни хонадонатон
хонда, иброз доред, ки бе ӯ зиндагӣ, ҳастӣ,
ҳаёт ва коратон ҳеҷ аст, маҳз бо шарофати
ҳамсаратон ба ин ҳама ноил гаштаед.
3. Бо каме мушкилӣ гаштаву баргашта ба
коргоҳи марди дилатон занг назанед, ин
амалатон хуб нест. Ғайр аз ин, вақте мард
банди кор асту мехоҳад нақшаҳояшро амалӣ
бигардонад, пас ӯро ба ташвиш овардану
андешаашро парешон кардан, кори оқилон
нест. Мардатон хоҳ банди кор бошад, хоҳ на,
аввал пурсед, ки имкони сӯҳбат кардан дорад
ё на? Агар вақт надорад, бахшиш пурсед ва
телефонро хомӯш кунед.
4. Ҳаргиз аз ӯ дар бораи маъшуқаҳои
пештарааш пурсон нашавед, зеро зинда
шудани хотираҳо ва дубора пайдо гаштани
муҳаббат нисбат ба арӯси собиқаш эҳтимол
дорад. Дар ин ҳол наметавонад шуморо дар
бистар розӣ кунад.Ғайр аз ин, ҳангоми
ёдоварӣ шудан, шояд собиқ дӯстдоштаашро
таъриф карда, ба ин васила хотири шуморо
ношод гардонад, пас ин кори хуб мешавад?
Албатта, не! Беҳтараш ба гузаштаи марди
дилатон кордор нашавед.
5. Бо мардҳо ҳамеша, ҳаракат кунед, ки
оромона сӯҳбат карда, беҳтарин суханонро
баҳраш гуфта бошед, мардон дӯст медоранд
занҳои оромтабиату камгап ва
ширингуфторро. Шарт нест, ки дар
ҳозирҷавобию зиракӣ, хушзеҳнӣ ва
суханпардозӣ бо мардҳо мусобиқа кунед.
Мардон чунин занҳоро дӯст намедоранд.
6. Ҳангоми ба бозор ё мағоза рафтан, ба
чизҳои қимматбаҳо, ки марди дилатон
имкони харидорӣ кардани онро надорад,
чашм надӯзед ва такрор ба такрор нагӯед, ки
кош аз ин медоштам. Беҳтараш нигоҳ карда
ба шароит моли даркориатонро харидорӣ
кунед, аз ин ҳам ҳамсаратон шод мегардаду
ҳам ба ӯ ҷабр намешавад. Беҳтараш ба вай
барои худ харидани ягон моли хубро тавсия
диҳед.
7. Либосе, ки шумо онро ба бар карда, ба
бистар, аниқтараш оғӯши мард медароед,
бояд шаҳватангез бошад, то мардатонро
каме ҳам бошад, бедор кунад. Агар фикр
мекунед, ки чунин амал кори фоҳишаҳо аст,
пас хато мекунед, зеро зан, новобаста аз
касбу кораш бояд дар бистар фоҳиша бошад,
албатта, барои марди дилаш. Мардҳо масҳро
(массаж) дӯст медоранд, ҳамеша ҳангоми
якҷо шудан ӯро масҳ карда, нисбаташ
ҳарфҳои пурмуҳаббат гӯед.
8. Агар лозим шавад, барои азизи дилатон
тӯҳфаҳои ғайриоддӣ тақдим намоед, тарзе
рафтор кунед, ки ӯ аз ин ҳайратӣ шавад.
Хонаи нимторик барои роз гуфтану мулоқоти
ошиқона хуб аст. Ҳаракат кунед, ки сутуни
хонадонатонро бо бӯсаҳои ширин аз хоб
бедор карда, дар пӯшидани либос кӯмакаш
намоед. Ин меҳри мардро (хоҳ шавҳаратон
бошад, хоҳ дӯстдошта) нисбат ба шумо
зиёдтар мегардонад.
9. Дар бистар ҳаргиз хомӯш наистед, ҳангоми
навозиш карданҳои мардатон нолишҳои
форам кунед, садои гӯшнавоз бароред, то ӯ
донад, ки аз кадом амалаш шумо ҳаловат
мебареду аз кадомаш не. Вақте шумо
хомӯшӣ пеша мекунед, ӯ намедонад чӣ кор
кунад, барои ҳамин, садои мафтункунанда
барореду марди дилатонро обу адо созед. Ин
ба мардон писанд аст.
10. Бо сару либос, имиҷ, оро донаду
истифодаи атри хушбӯй мардатонро ба
ҳайрат оваред. Аз атре истифода кунед, ки
бӯйи форам дошта бошад, на ин ки тезу
нафасгиркунанда. Дар бистар ҳеҷ гоҳ шарм
надоред. Нисбат ба пӯсти рӯятон ҳам
бетаваҷҷӯҳ набошед, ҳамеша худро зебо
нигоҳ доред, мардон дӯст медоранд занҳои
зеборо. Аз малҳамҳо истифода кунед, то
пӯстатон зери дасти марди хонадонатон
абрешимӣ намояд. Ба намуди зоҳирии
шавҳаратон ҳам таваҷҷӯҳ намоед. Бовар
кунонед, ки дар дунё ӯ марди зеботарин аст.
Таҳияи Бахтовар Назаров

Комментарии