Киссаи "Такдирхои шикаста ва ё шахри гунох".

Кисми охирин.
Зайнура боз ба бозори Сафийский рафт. Хангоми меватозакуни ногахон чашмаш ба духтаре фитод, ки акси зане дар даст байни мухочирон гашта пул мепурсид. У аз чояш хесту ба назди духтарак омад. Насибаро модар ногахони вафот мекунаду у доду фигон бардошта хамсояи русашро фарёд мекунад. Мурдаи модарашро гирифта ба морг мебаранд. Насиба бошад акси модар дар даст пул мепурсид, ки то чамъ карда тобути модарро ба ватан бубарад. Зайнура пули
охиринашро ба у дода дуо кард, ки чойи ин зани точик чаннат бошад. Сипас боз аз пайи меватозакуни шуд.
Имшаб хам хаста ба хона баргашту зуд хобаш бурд. Рузи дигар Раъно ба у гуфт, ки биё якчо кори халтура будааст, якчоя меравем. У рози шуд.Чавони точики миёнарав ба
сару либоси онхо бодиккат нигох карду сипас гуфт, ки дар фалон бинои
истикомати кори шабонаи тирезашуйи асту мархамат агар хоханд, шабаш 1000 рубли руси мебошад.Онхо чизеро пайхас накарда рози шуданд. Дилашон хеч бад намебурд, ки хамватанашон як чавони точик дидаву дониста онхоро
фиреб кунад. Соати гуфтаги ба хамон нишони омаданд. Аллакай назди бинои
истикоматии нимтайёр 10 нафар занону духтарони узбеку точик мунтазир
меистоданд.Марди озарие омада онхоро пешвоз гирифту ба даруни бино рохнамои кард. Гуфт, ки то омадани раис дар хонае нишинанд.
Гуфт, ки то омадани раис дар хонае нишаста интизор шаванд. Дари хучраро аз берун махкам карда баромад.Телефонхои мобилиашонро
аз дасташон чамъ карда гирифту гуфт, ки баъди кор хамаашро бармегардонад. Ин рафтори мард Зайнураро ба шубха оварда бошад хам, хомушона назорра
мекарду чизе намегуфт. Баъди тахминан 45 дакика марди озари бо як нафар марди пахлавончуссаи тоссари гурчинамое вориди хучра шуданд.Онхо харисона ба духтарони нисбатан чавонтару зеботар нигариста аз 12 нафар 7 нафарро интихоб карда ба дигар мавзеъ бурдани шуданд. Зайнура дод зада гуфт, ки у хомиладор асту
ба ягон чо намеравад. Чун диданд, ки Зайнура доду фарёд дорад,уро ба холашон гузошта Раъноро бо хамрохии шаш нафар чавонзанхои зебо бо худ
бурданд. Ба занхои бокимондаи синну солашон рафта дагалона муомила карда гуфтанд, ки то омадани онњо тирезахои рангкардаро тоза шуянд. Хамаи лавозимоти лозимаро барои шустани тирезахои нав таъмиркарда омода намуданд. Ин занхои мардикор то субх дам нагирифта 10 хучраро аз ранг тоза карда тирезахоро шустанд. Субхи солехон он 7 нафар чавонзанро гашта оварданд.Зайнура хайрон шуд, ки чаро Раъно бар зидди онхо мубориза набурд. Шояд дили худаш кашидааст ва шояд кайхо боз ба чунин халтурахо одат кардаааст,боз ки медонад.Аз чехраи яке ки лабонаш кафидаву
хуншор буд, пай бурдан душвор набуд,ки чи ходисаи мудхише бо эшон рух додааст. Зайнура дар берун охиста ба назди њамон духтараки узбек рафта сабаб пурсид. У бо алам гуфт, ки халтура дуруг аст. Ин кори хамватанони узбеку точике мебошад, ки ба ивази даллолиашон пули калон
гирифта духтарону занони мухочирро бо фиреб ба мардхои дигар миллат
бахонаи халтура мефурушанд. Яъне ки ба фохишаги онхоро мачбуран мебаранд.Ба занњои тирезашу 500 рубли руси доданду халос.Хангоми бозгашт ба онхо гуфтанд, ки агар чое
шикоят бубаранд, меёбанду харом мекушандашон. Боз илова карданд, ки ин
шахри криминалии Русия асту касе сабаби куштори касеро сурог намекунад. Махсусан ба Зайнура шунавониданд, ки хушёр бошад.Зайнура дар рох аз Раъно
пурсид, ки чаро у бо ин мард рафт.
-Э дугона сода будаи, ман аллакай ба ин корхо одат кардаам. Мачбур шудам.
-Чи мачбурият дорад? Охир ин корат нодуруст аст.
-Медонам, аммо илтимос дар хона назди дигар занхо дар ин бора гап назан. Агар апаи Розия фахмад, маро аз дар берун мекунад.
-Майлаш, аммо аз ту илтимос дигар ба ин рох нарав.
-Майлаш.
Зайнура шабона хис кард, ки кафи пойњояш сахт месузад. Аз бистар хесту ба балкон баромад. Дар торики дид, ки як нафар хамрохашон паст-паст гиря карда нишастааст.
-Ха чи шуд Обида-апа. Тинчими?
-Э нагу хохарчон, дилама гирифт шахри мардум, гариби, пулёби. Хамааш
ба дилам зад. Мурдан мехохам.
-Ин хел нагуед, увол аст. Кани накл кунед, чи шуд, каме дилатон кушода мешавад.
Обида дар магозае ба хайси хазинадор кор мекард. Забони русиро хуб медонад. Кораш
хуб, маошаш баланд. Аммо имруз дар касса камомади калон шуду айбро ба сари у бор карданд. Харчанд касам мехурд, ки ин кори у нест, касе бовараш намекард.Агар то пагох далели бегунохии у ёфт нашавад, уро ба махбас мекашанд.
Э апа, Худованд мехрубон аст. Иншоааллох, пагох сабаби ин камомади пулро меёбанду бегунохии шумо исбот мегардад. Гиря накунед.
-Кошки ку….вагарна ман худамро мекушам. Дар ватан панч фарзанди кучак дорам, ахволи онхо бе ман чи мешуда бошад?
-Апа, харгиз нияти бад накунед. Нияти нек ними давлат аст.
-Ох, дилам мекафад, охир соли гузашта хамин чо бо дасти худам мурдаи
духтари 17 солаамро шуста ба ватан бурда будам.
-Тавба, чи шуд?
-Шавхарам се сол кабл аз сактаи дил вафот карду ману шаш фарзандам танхо
мондем. Бародари шавхарам гуфт, ки хона танг асту мо баромада равем. Ман бо
хамрохии шаш кудак ба хонаи бародарам омадам. Аммо янгаам хуроки моро захр карда доимо таъна мекард, ки хакки кудакони уро хурда истодаам. Аз як чихат рост мегуфт, охир бародарам бо маоши омузгори оилааашро базур мехурониду мепушонид. Баъди бева шуда омадани ман ахволаш бадтар шуду
аммо хеч гох ба руйи ман чизе намегуфт. Ман ин шароитро дида ба хулосае омадам, ки ба Русия омада кор мекунам, чун маълумоти оли доштам, боварам омад, ки чойи кор меёбам. Як кори хато кардам,к и вакти омаданам бо худам ду духтари калониамро овардам.
Хоначаеро ичора гирифта ба коркоби даромадам. Бахт ба руям хандиду дар магоза хазинадор ба кор гирифтанд. Азбаски духтарчаи калониам Муниса забони русиро аз кудакиаш хуб медонисту харф мезад, дар заводи пеши хонаи ичораамон уро ба хайси барномасози компютери
ба кор гирифтанд. Маоши хуб мегирифт духтаракам. Ман ба кор овора аз дили духтарам боре бохабар нашудам. Ин духтари зебои ман дар чойи кор бо чавони точике шинос мешаваду байни онхо муносибатхои махрамона огоз мегардад. Ман бошам тамоман аз ин кор дарак надоштам. Вакте, ки ба чавон волидайнаш занг зада мегуянд, ки зудтар ба ватан биёяд, уро туйи домоди карданианд, чавон ба духтарам росташро гуфта хайрухуш мекунад. Руирост мегуяд, ки ба умеди у нашавад, чунки падару модар аллакай ба у духтари дигарро дар ватан ёфтаанд. Ин суханони чавон ба дили духтари ман сахт расида нияти худкуши мекунад. Он
руз хамир карду самбусахои гуштин пухт. Самбусахои гармро ба табаке печонида ба ман гуфт, ки очачон инро ба чойи коратон баред, боз гушна намонед. Ким чи хел асрорангез бо ман гап мезад. Аммо аз куљо медонистам, ки ин охирин дидор бо духтаракам аст. Ахамият додам, ки Мунисачон куртаи навашро пушида
муйњояшро шона зад. Ба хохараш чизе гуфт охиста. Ман бошам бепарво ба кор рахсипор гардидам. Хамон лахза у ба хохараш мегуяд, ки банде ёбад. Духтари дигарам хайрон мешавад,
ки бандро апааш чи кор мекунад. Муниса ба у дуг зада мегуяд, ки кори ту набошад.
Соати 6-и бегохи охиста аз хона мебарояд. Духтари дигарам аз думи апааш поида-поида меравад. Муниса ба даруни чангал рахсипор мегардад. Ресмони канабиро
гирифта ба дарахт мебарояд. Мунибачонам дод зада аз пасаш фарёд мекунад. Аммо аз торики тарсида пас мегардад. Муниса аллакай дар ин вакт ресмонро ба шохи дарахт баста онро ба гарданаш андохта буд. Муниба
вакте ,ки мебинад апааш дар ин хол аст, бозгашта меояду аз пойхои Муниса мекашад.Аммо Муниса як хик мегуяду чон медихад.Муниба гирёну нолон ба хона омада ба ман занг зада хабари худкушии Мунисачонро расонид. Гирёну харосида ба хона шитофтам. Хеч боварам намеомад, ки духтари боакли ман даст ба худкушї зада бошад.Гумон кардам, ки шояд духтаракам зинда аст. Ба беморхонаи мошини ёрии таъчили занг задам, аз он чо посух доданд, ки дар ин гуна фочеахо факат кормандони полисро фарёд кардан лозим аст. Бовар кунед, ман аз соати 11- шаб то 10- сахар дар таги дарахт ларзидаву хунук хурда назди часади овезони духтари љавонмаргам меистодам. Соати 10- субх мошини кормандони милиса омада сурати часадро сабт карда, чойу макони ходисаро кайд гирифтанд. Вакте, ки мошини боркаши морги Гатчина омад, доду гиреви ман ба фалак печид.
-Охир духтараки ман хамеша хунукхурак буд, чи хел уро ба яхдони хунук мебаранд. Обида-апа ин дам дигар токат накарда гирист. Зайнура тассалияш дод:
-Апачон, гиря накунед, худованд худаш мехрубон аст. Холо рузхои неку ширин хамаи моро дар пеш аст.
-Кошки ку…
Зайнура гашта ба чогахи хобаш даромаду ракам шумурд то тезтар хобаш барад.
Аммо гапхои Обида пеши руяш гамгину хотирпарешон фикр мекард, ки ин кадар дардро ин зани мехнаткаши точик аз сар гузаронидааст. Зайнура субх барваќттар бедор шуда рохи бозори Апрачкаро пеш гирифт. Як дугонааш гуфта буд, ки фалон хамватан ки бо исми Наим-хочи маъруф аст, барояш кор меёбад. Аммо бояд Зайнура ба у ба ивази миёнарави 2000 рубли руси чойпули дихад. Зайнура кофта-кофта ин мардро ёфт. Максадашро изхор кард. Мард бо бовари ба у гуфт, ки як чойи кор хаст, ки факат дар басти шабона занхои мухочирро мегиранд. Ин кор дар заводи туфлибарори мебошад. Зайнура хурсанд шуда ду хазор рублро бароварда ба у дод. Наим-хочи пулро гирифту гуфт, ки бегохи назди метрои Сенной биёяд. Зайнура ба хонаи ичора баргашта хуб хобашро
гирифту сипас бегохи хилъати кориашро гирифта ба назди метро омад. Мисли у боз 4 нафар
чавонзанхои тољики корчу Наим-хочиро интизор меистоданд. Наим-хочи онхоро ба як завод ки дуртар аз шахр буд, бурда чи тавр кор карданашонро фахмонда доду гуфт, ки маошашон шабаш 700 рубли руси аст. Зайнура бо дигар занхои мухочир то субх мехнат карда туфлихоро ба халтахо гузошта чо ба чо мекарданд. Се руз паси сар шуду онхо дар чустучуйи Наим-хочи шуданд. Аммо аз ин марди каллоб дараке набуд. Аз кормандони масъули завод нишонии ин хамватанашонро пурсон шуданд. Онхо низ худро мусичаи бегунох нишон дода гуфтанд, ки ин мардро тамоман намешиносанд. Зайнура лаънат мехонд ин хамватанро ки уро фиреб карда мехнаташро
истисмор кардааст. Ба замми ин ду хазор рубли русии бо хазор машаккат ёфтаашро бо ду дасти адаб бароварда ба у дод. Зайнура хайрон буд, ки ин марди найрангбозро аз кучо ёбад. Ба бозор рафт, он чо гуфтанд, ки ин мард хамин хел фиреб карда аз мухочирон пул мегирад ва боз чойи кору зисташро зуд иваз мекунад. Зайнура
дид, ки кофтукобаш натичае надод,аз паси ёфтани дигар кор шуд. Зайнура субх барвакттар бедор шуда рохи бозори Апрачкаро пеш гирифт.
Дар ошхонаи озорбойчонихо чойи кор ба хайси косашу ёфт. Як руза мехнаташ ба 600 рубли русси баробар буд. Бо дили гарм ба кор сар кард. Бегохи њама корњоро ба сомон расониду акнун ба хона рафтанї шуд, ки нолишу гиряи зане ба гушаш расид. Гашта ба хучраи ошпазхо даромад. Зани узбеке шикамашро дошта аз шиддати дард печу тоб мехурд. Вале хама саргарми кор ба у ахамияте намедоданд.
-Чи шуд апачон?
-Мемурам, ёри дихед.
-Шояд дарди курруда бошад. Хозир истед.
Зайнура ба рохбари ошхона рафта вазъи зани узбеки мухочирро фахмонид. Аммо раиси ошхона бо кахр даст афшонда гуфт, ки ин чо чойи касалбони нест, зудтар
занакро аз дар берун кунед. Зайнура ноилоч уро аз миёнаш капида ба берун баровард. Занаки руси рохгузареро боздошта кумак
пурсид. Зани рус ки зани некдил будааст, зуд бо телефони мобилиаш ба мошини ёрии таъиилї занг зад. Зани узбек
дод зада ба Зайнура гуфт, ки аз Тошканд асту дар ватан чор кудаки хурдсол дорад,
шавхараш ба мухочират омада зани дигар гирифтааст ва дигар уро нигох намекунад. Агар раваду у мурда монад, ба раками хохараш занг зада хабар дихад.
-Ин хел нагуед апа, сихат мешавед.
-Кошки…у дигар нафас кашида наметавонист.
То ба беморхонаи ёрии таъчили расидан куррудааш кафида зани гариб ба халокат расид. Зайнура уро ба огуш кашида фигон баровард. Гумон кард, ки худаш бо марг рубару шудааст.
Дилаш сахт тапида кариб ки бехуш шавад. Ба хешовандони зан занг зада хабари марги уро расонид. Шабона ба хонаи ичорааш расиду Розия дарро ба руяш кушода безобита шуда пурсид, ки кучои, хавотир карди.
-Э апачон, …нагуед…хаёл кардам ки мурдаму боз зинда шудам.
Розия баъди фахмидани марги зани узбеки мухочир гуфт:
Ман дар давоми ин солхои дар гариби буданам чунин ходисањоро зиёд дидаам.
Марг одамизодро хох дар бедори ва хох дар хоб пайгир аст. Худованд мехрубон
аст. Шаш мох пештар писари бародарамро ин чо фочеае рух доду аз 11 ум ошёнаи сохтмон омада ба замин афтода пора-пора шуд. Вакте ,ки чурахояш фаромада магзи сари пошхурдаи уро чамъ
мекарданд, директори бинои сохтмони омада дуг мезанад, ки уберите труп отсюда. Барои хамин Худованд худаш моро нигахбон шавад. Вагарна пеши
кудрати у мо як бечораем.
-Апачон ба дилам зад коркоби. Мабодо ки ин чо одам бе пули хонаи ичора монад,
холаш аз саги куча бадтар мешавад. Ман аз худо илтичо мекунам, ки маро дар ватанам кушад. Вагарна дар морги ин чо беному нишон месузонанд часадамро.
-Ин хел нияти бад накун. Хамааш хуб мешавад.
-Не, апа ман имруз баъди ба марги ин зан шохид шудан ба фикр омадам, ки гашта ба ватан мераваму хамон чо кам хам бошад, кор карда зиндаги кардан мегирам.
Нимта нон рохати чон аст охир.
-Рост мегуи. Ман хам насиб имсол мераваму дигар намеоям.
-Апа,рахмат барои некихоятон.
-Мо мисли апаву хохар шудем. Ба ту хоби хуш.
Зайнура пагохаш пулхои чамъкардаашро хисоб карду рафта пули чипта харид ба ватан. То ба ватан рафтанаш се руз вакт дошт. Дар ин се руз бекор намешинам, рафта дар ягон чой мева тоза мекунаму ягон сум пул кор мекунам. Аккалан барои хадя харидан мешавад ку. У ба якчанд бозорхо
рафта куттихои меваро аз пусидаги тоза карда, ба ивазаш дар ин се руз
1500 рубл љамъ кард. Шабона вакти парвози хавопаймо буд. Розияву дигар
занхои ичоранишин уро гуселкунон гиря мекарданд. Розия уро хохарвор ба огуш
кашида гуфт:
-Духтарчонам, панохат ба худо. Дар ин шахри гунох, ки медонад ман зинда мемонам ё не. Аммо агар ки зинда саломат ба ватан баргаштам, туро ба хонаи худам
мебарам. Мисли духтарам мешави.
-Рахмат, апачон.
Зайнура ба ватан баргашту аввал ба маркади модари рахматиаш рафта, кабри уро зиёрат кард. Бо хомушиаш гуё хама розу ниёзашро ба модар хикоят кард. Сипас ба хонаи як хеши дурашон рафта хохиш кард, ки барояш коре ёбанд. Хешашон гуфт, ки агар аз ухдаи хочагии дехкони барои, мана ба ту замин, кор кун.
-Чаро не? Дар Русия корхои вазнинтаринро ба анљом мерасондам. Замин одамизодро
мехуронаду мепушонад.
Хамин тавр Зайнура ба кори дехкони дода шуда зиндагии талхашро ба олами фаромуши гузошт. Мехнати халол уро ба шахре бурд, ки пур аз орзу асту пур аз набард"…
Аз нависандаи мисрахо: баъди хондани ин Киссаи талх чи фикр мекунед дар "комментария" нависед?
Азизон шумо низ киссаи зиндагии худро доред ва мехохед дигарон аз он сабак гиранду ин хаторо такрор накунанд, метавонед ба ин гурух ва админу модераторон рои кунед ё кисса кунед. Мо хатман онро руи когаз меорему ба хонандагон пешкаш мекунем.
Бо эхтироми самими Модератори гурух:
Байзоев Искандар.

Комментарии

Комментариев нет.