КУДАКИ

Як замон бо чехраи хандон будам
Як замон аз холи худ хайрон будам
Як замоне гумраху нодон будам
Кудаки бегам будам шодон будам

Медавидам кучаву паскучахо
Дор-дорак бозихо бо бачахо
Мехаросидам зи муру мурчахо
Кудаки бегам будам, хандон будам.

Дар замини бехтар аз тиллои дех
Дар сари куху бари сахрои дех
Дар лаби чуву лаби дарёи дех
Кудаки бегам будам, дехбон будам

Ёд орам гардиши гову гала
Мечаронидам бузу гусфанд рама
Месурудам зери лаб бо замзама
Кудаки бегам будам, дехкон будам

Буд чахони пур зи гавгову магал
Бозихо дар руи хоку хас, шагал
Хамчу гул зебо, ширинтар аз асал
Кудаки бегам будам хайрон будам

Аз паси Модар ба мехмони равон
Хамрахи Додо сари хирман давон
Кашмакаш бо хохарону додарон
Кудаки бегам будам, гирён будам

Дар миёни хору гулхои диёр
Гуш бар овози бул-булхои зор
Кай ба ёди тори кокулхои ёр
Кудаки бегам будам, нодон будам

Ман бинозам аз чахони кудаки
Хуш замоне буд замони кудаки
Ман бигуям бо забони кудаки
Хуш будам хандон будам шодон будам..
Зикруллозода Мунис
Июн2002 Владикино (Марфино)

Комментарии