Ишқу сӯзи ин

ҷаҳон, пур
нолаву ғам будааст. Оҳу дарди
ошиқон, ин чашми пурнам
будааст. Ғамгусорон ғамзада,
ғамдор бошанд дар ҷаҳон.
Ранҷиши қалби касе, оре
гуноҳе будааст. Ҳеҷ
надонистам, азобу дарду оҳи
ошиқон. Оҳ кашидан, оҳ
гуфтан, оҳ сахте будааст. Оби
чашми ошиқон шуяд аламҳои
маро. Пуралам гаштан дар
олам, бас азобе будааст. Қалби
танҳоям бароят аз қафас
берун шавад. Дар қафас танҳо
нишастан, мисли зиндон
будааст. Кунҷи танҳоӣ
харобам мекунад, эй ошиқон!
Дуриву ранҷу фироқ душвору
сӯзон будааст. Ними шаб тано
ба ёдат мебарам дасти дуъо.
Шаб дуъо кардан бароям, боз
сахтар будааст. Ашки чашмам
ҳар замоне қатра- қатра
мечакад. Дарди чашмони
хунолуд, бе табобат будааст

Комментарии

Комментариев нет.