Хамўш астӣ, падар, дунё пареш аст, Дилам дар ҳасрати ту реш-реш аст. Падар, донӣ чӣ қадрат дўст дорам, Зи ту воло каси дигар надорам. Ту будӣ раҳнамоям, вой бар ман, Дигар танҳояму бе кўю ёрам. Аз ин хоке, ки дар зераш ту хобӣ, Гирифтам як кафе бо сўзу оҳе. Ба бар мегирамаш то зинда бошам, Ба абрўям ниҳам шому пагоҳӣ. Бихоб ором, рўҳат шод бошад, Зи ғамҳо рўҳи ту озод бошад. Худоям гўри ту пурнур созад, Ба пеши ҳавзи Кавсар ҷо-т бошад...
АХМЕД 08 КУРБОНОВ
Дамида сабза бар рўи мазорат, Ба наздат омадам баҳри зиёрат.