25 сен 2022

ТОҶИКОНА🇭🇺

Зар надоранд ҷайбҳоям,
ман Зарафшонзодаам.
Суғдиям,Рӯшониям оре Бадахшонзодаам.
Вахш аз рагҳои ман рақсида меояд бурун...
Аҳли Кӯлобам,Душанбеям ва Хатлонзодаам.
Дар Сарези синаам Варзоб туғён мезанад.
Ҳамчу Сир осудаам зеро,ки Раштонзодаам.
Аҳли Мастчоҳам, Самарқандам, Бухороям, Саразм.
Хоҷаи Аълоиям,аз Ашту Шайдонзодаам.
Конибодомам чу ҷоне медамад дар рӯҳи ман.
Айниям,Деваштичам ман Шаҳри(и)стон зодаам.
Истаравшан метапад чун набз дар умқи дилам.
Қалъаи кохи баландам, шоҳу султонзодаам.
Қалби ман Панҷшеру ҷонам Балху Хоразму Вахон...!
Бӯи ҷӯи мӯлиёнам, шаккаристонзодаам.
Ваҳдатиям якдилам аз Ванҷу Панҷам ҷони ман..
Регарам,аз Ховалингам аҳли имонзодаам.
Нури Роғун медамад дар рӯҳу ҷони Норакам.
Аз нажоди ахтаронам, моҳи кайҳонзодаам.
Язғуломӣ,Дар-дарӣ,Новию Кӯлобӣ магӯ!!
Ревадиям,ё зи Рукнободу Ёвонзодаам.
Панҷрӯдам,Рӯдакиям,
Сармадам ман хуби ман.
Якдилам,яктопарастам,
ман ки Ваҳёнзодаам....
Ҳеҷ кас моро ҷудо кардан набитвонад бидон!
Гарчи ман Яғнобиям ё Фалғару Фонзодаам...
Хоруғам дар дидаи Фархор ҷоям додаанд...
Аз Ҳисори шодмонам,тифли Шуғнонзодаам.
Помирам, оре ба душман сар намеорам фуруд...
Панҷакенти Бостонам,
ман куҳистонзодаам.
Гар туфанге нест дар дастам ба ҳифзат эй ватан.
Хомаам шамшер бошад, марди майдонзодаам.
Тир чун Ораш занам, шамшер чун Темурмалик.
Таърихам бикшову бингар оли Сосонзодаам...!
Чашмтанги нокаси рӯбаҳтабори рӯсияҳ....!
Гӯши ҳайвонат кушо бишнав,ки Инсонзодаам...!
Ман Самарқанде намебахшам Бухоро аз ман аст!
Бозпас хоҳам гирифт,зеро Хуросонзодаам.
Кӯр бодо чашми ман гар бахшамат хоки ватан...!
Ворухамро пос дорам гарчи Рӯшонзодаам......!
Лофи Искандар ва ё Чингизу Лангатро мазан!
Чашми тангат кӯр бодо,Оли Сомонзодаам.
Ҳарфи Суқротам мазан, Шаҳнома мебояд маро...
Ман давоми Рӯдакиям аҳли Девонзодаам.
Озарахшам,Лоиқам Бозор ё Меҳроварам.....
Саъдиям,Шерозиям ман ҳам Гулистонзодаам.
Аз диёри кӯчакам,фарзанди Ворӯи Шариф.
Аз рухи Мосоғару,Кафрӯду Зиндонзодаам.
Дар вуҷудам кинаву бухлу адоват нест,нест!!!
Мӯъминам,зебопарастам ман мусулмонзодаам.
Таъна бар Суғду Хуҷанду аҳли Ишкошим мазан!
Нохалаф!чашмат кушо ман Тоҷикистонзодаам.
🖌️ Неъматуллоҳ Акбар

Комментарии

Комментариев нет.