То гумон ояд, ки ҳаст ӯ худ касе ____________________ Мавлоно Дарёфти ҳикмат ва ба даст овардани маърифат амри осон нест. Барои расидан ба маърифат, одам бояд аз ҷону мол ва аз талхиву душвориҳои рӯзгор бигзарад. Мавлоно мефармояд: Баъзеҳо бе он ки заҳмат кашанд, бе он ки талхӣ ва сахтии рӯзгорро бичашанд, фақат суханони бузургон ва дарвешонро ҷамъ мекунанд ва гумон мебаранд, ки «касе» шудаанд. Аммо ин кор одамро на ҳаким мекунад ва на соҳибмаърифат. Балки баръакс, ба ӯ таваҳҳуми ё худ гумони доноӣ медиҳад. Ин таваҳҳум монеъи таҳсили дониш ва маърифати ҳақиқӣ мешавад. Чун шахс гумон мекунад, ки «аллакай медонад», пас дигар ҷустуҷӯ ва талош намекунад. #маснавӣ
Абдурашид Қаюмзод
Ҳарфи дарвешон бидуздида басе
То гумон ояд, ки ҳаст ӯ худ касе
____________________ Мавлоно
Дарёфти ҳикмат ва ба даст овардани маърифат амри осон нест. Барои расидан ба маърифат, одам бояд аз ҷону мол ва аз талхиву душвориҳои рӯзгор бигзарад. Мавлоно мефармояд: Баъзеҳо бе он ки заҳмат кашанд, бе он ки талхӣ ва сахтии рӯзгорро бичашанд, фақат суханони бузургон ва дарвешонро ҷамъ мекунанд ва гумон мебаранд, ки «касе» шудаанд.
Аммо ин кор одамро на ҳаким мекунад ва на соҳибмаърифат. Балки баръакс, ба ӯ таваҳҳуми ё худ гумони доноӣ медиҳад. Ин таваҳҳум монеъи таҳсили дониш ва маърифати ҳақиқӣ мешавад. Чун шахс гумон мекунад, ки «аллакай медонад», пас дигар ҷустуҷӯ ва талош намекунад.
#маснавӣ