КАЛИМАҲОЕ, КИ БЕНАМОЗРО ВОДОРИ НАМОЗ ХОНӢ ХОҲАД КАРД!!

* Оё медонӣ, ки Аллоҳи зулҷалол аз бенамоз безор аст?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Намозро дидаву дониста тарк макун, зеро касе, ки намозро қасдан тарк мекунад, ба дурусти Аллоҳу пайғамбараш аз ӯ безоранд". Яъне ӯро дар Ислом аҳду амоне нест. * Оё медонӣ, ки Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бенамозро ҳукми ба куфр кардаанд?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Миёни шахс ва куфр тарки намоз аст" * Оё медонӣ, ки бенамоз дар қабристони мусалмонон дафн карда намешавад?!! * Оё медонӣ, ки бенамоз чи гуна дар қабраш азоб дода мешавад?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармудаанд: "Пас назди шахсе омадем, ки ба паҳлу зада буд ва болои сараш дигаре истода буд, ки дар дасташ санге дошт ва бо он ба сари ӯ мезад, ки сараш мекафид ва санг ғелон мешуд ва то сангро овардан сараш боз солим мегашт ва боз гашта монанди пешина ба сараш мезад. Пурсон шудам, ки: СубҳонАллоҳ, ин ду ки ҳастанд? Ҷибраил гуфт: Ӯ шахсест, ки аз намози фариза мехобад" * Оё медонӣ, ки рӯзи қиёмат ҳисоб аз намоз сар мешавад?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Якумин чизе, ки банда рӯзи қиёмат пурсида мешавад, намоз аст. Агар, ки некӯ бошад, тамоми амалаш накӯ хоҳад шуд ва агар, ки бад бошад, тамоми амалаш бад хоҳад шуд" * Оё медонӣ, ки бенамоз рӯзи қиёмат бо ҳамроҳии Фиръавн аст?!! Пайғамбар - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мефармоянд: "Касе, ки онро (намозро) бардавом барпо дорад, рӯзи қиёмат бар ӯ нур ва далел аст ва касе, ки онро бардавом нагузорад, ӯро рӯзи қиёмат на нурест ва на далел ва на наҷот ва рӯзи қиёмат ҳамроҳи Қорун ва Фиръавн ва Ҳомон ва Убай ибни Халаф хоҳад буд" * Оё медонӣ, ки бенамоз бо ҳамроҳи гунаҳкорон дар дӯзах андохта хоҳад шуд?!Аллоҳ таъоло
мефармояд: ((Ҳар кас даргири
аъмоли хеш
аст. Магар ононе, ки дар тарафи
рост хоҳанд
буд. Ки дар биҳиштҳо
мепурсанд. Аз
гунаҳкорон. Ки чи чиз шуморо
ба дӯзах даровард? Ҷавоб
медиҳанд, ки мо аз ҷумлаи
намозгузорон набудем)). * Оё
медонӣ, ки
Аллоҳ таъоло туро ба намоз
хондан амр
кардааст?!! Аллоҳ таъоло
мефармояд: ((Бар ба
ҷо овардани намозҳо ва ба
хусус намози
миёна (намози Аср) муҳофизат
кунед ва фурӯтанона барои
Аллоҳ ба по хезед)) * Оё
медонӣ, ки намоз охирин
васияти Пайғамбар -
саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам,
пеш аз
вафоташон буд?!! Пайғамбар -
саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам дар охирин
нафасҳои худ
фармуданд: "Намоз, намоз ва
зердастҳоятон" * Оё медонӣ, ки
намоз калиди ҳама некӯиҳост?!!
Ибни Қайими Ҷавзӣ - Аллоҳ
раҳматаш кунад
мегӯяд: Намоз: ҷалбкунандаи
ризқ,
ҳифзкунандаи саломатӣ,
дафъкунандаи зарар,
дуркунандаи бемориҳо,
қувватдиҳандаи дил,
сафедкунандаи рухсора,
хушнудкунандаи нафс, барандаи
танбалӣ, фаъолкунандаи
узвҳо, дарозкунандаи қувват,
сафобахши дил,
ғизобахши рӯҳ, ҷилобахши дил,
нигаҳдорандаи неъматҳо,
дуркунандаи
балоҳо, ҷалбкунандаи баракат,
дафъи шайтон
ва наздикӣ ба Ар-Раҳмон
(Аллоҳ) мебошад. ПАС АЗ ИН
ҲАМА ҲОЛО ҲАМ НАМОЗРО САР
НАКАРДАӢ?!!

Комментарии

  • Комментарий удалён.
  • 19 сен 2014 20:22
    Бале намоз калиди бихишт аст.
  • 19 сен 2014 22:34
    Ахсан бехтарин хуш бахолатон Олху Акбар
  • 14 ноя 2014 13:49
    Кллас брат
  • 27 фев 2015 21:37
    субхоналох хамааш рост
  • 7 авг 2017 21:35
    Алхамдулилох. саломат бошен бародарони ахли Ислом
  • 25 июл 2019 19:45
    чи хуш аст каломи АЛЛОХ бо мурури замон хамаи суханхо кухна шаванд, аммо каломи АЛЛОХ хамеша нав буду хаст аз даргахи ИЛОХИ ба хамаамон саломати ва имони солехро хохонам
  • 28 янв 2020 22:40
    Бале бародар ин суханхо дар хакки мост