ОХИРЗАМОННОМА Носири Хусрав...

Ай азизон шуру ғавғо дар чахон хоҳад гирифт,
Ғуссааву ғам дар дили пиру ҷавон хоҳад гирифт.
Меҳр аз тоби залолат зардрӯ хоҳад шудан,
Беҳаеёи дар миёни мардумон хоҳад гирифт.
Даҳр аз дасти зани бадфеьл мегардад хароб,
Зан раҳи бозор боғайраш равон хоҳад гирифт.
Шарму номус аз халоиқ бартараф хоҳад шудан,
Шуру фитна ину он андар Ҷахон хоҳад гирифт.
Насли Якуби зи олам мунтакье хоҳад шудан,
То ба гардун нолаву оҳу фиғон хоҳад гирифт.
Душмани ҷони падар гардад писар аз баҳри мол,
Духтарон ҳам кинаҳо бо модарон хоҳад гирифт.
Чун зи ҳиҷрат нуҳсаду нуҳ солу нуҳ моҳ бигзарад,
Фош дар олам ҳама рози ниҳон хоҳад гирифт.
Подшоҳонро шавад адлу мурувват бартараф,
Хушкиву танги барои обу нон хоҳад гирифт.
Шоҳи Исмоил Хайдар мар варо хонанд ном,
Хоки пояш дар назар аҳли Ҷаҳон хоҳад гирифт.
Баьд аз у шохи кунад фарзанди у 50 сол,
Баьд аз у файзи раҳмат дар Ҷаҳон хоҳад гирифт.
Дар замин борони раҳмат чун биборад 5-и сол,
Даврию аз абри раҳмат дурфишон хоҳад гирифт.
Окибат туркон кунанд уро бо заҳри ғам ҳалок,
У дигар манзил суи Дорул-амон хоҳад гирифт.
Баста мегардад дари тавба ба амри Кирдигор,
Меҳнату усён бари пиру ҷавон хоҳад гирифт.
Лашкари Даҷҷол аз ҳар гуша сар хоҳад кашид,
Оташи ғам ҳам дар ину ҳам дар он хоҳад гирифт.
Мардуми тоҷир дигар бекор гардад рӯзу шаб,
Ҷангиу ғавғо дар миёни мардумон хоҳад гирифт.
Дор пинхон анҷуман аз хорививу носиби,
Ибни Маҳди чунки дар охирзамон хоҳад гирифт.
Бештар халқи Ҷаҳон резанд чун барги дарахт,
Навбахори олами олам хазон хоҳад гирифт.
Нҷавонон дар Ҷавонӣ аз Ватан берун раванд,
Ғуссаву ғам низ дар пиру Ҷавон хоҳад гирифт.
Моли Дуньё аст эй сайод устоди аҷал,
Ҷав ҷаве аз пешу пас дар корвон хоҳад гирифт.
Навҷавони сурхруй пайдо шавад бо сӣ ҳазор,
Кули олам аз карон то бекарон хоҳад гирифт.
Аз ҳади Балху Бухоро то Хуросону Ироқ,
Аз ҳади рум то ҳади Ҳиндустон хоҳад гирифт.
Аз Ҳади мағриб бурун ояд ба фармони Худо,
То ҳади Машриқ тамоми ин Ҷаҳон хоҳад гирифт.
Айсии Майрам фуруд ояд зи чархи чорумин,
Лашкари Даҷҷол бо теғу синон хоҳад гирифт.
Шохи Аббос Ибни Ҳайдар мар варо хонанд ном,
Аз паси у сурхру андар Ҷаҳон хоҳад гирифт.
Шуру ғавғо аз халоиқ бартараф хоҳад шудан,
Ҳар ки раст аз дасти у охир амон хоҳад гирифт.
Ҳар кас аз руи риё бигзашту руи у надид,
Баьд аз он ангушти ҳайрат дар даҳон хоҳад гирифт.
Ин ҳадис аз Мустафо кардам ривоятро баён,
У аз ин дам то дами охирзамон хоҳад гирифт.
Офтоб аз ҳади Мағриб боз гардад он замон,
Чарх дардам сел дар охирзамон хоҳад гирифт.
Гург хоҳад дод дигар гусфандонро чаро,
Гусфандонро ҳам назар Шери аен хоҳад гирифт.
Тавба кун аз аҳли исён то хаме ёби Имон,
Сад бало дар хонумони золимон хоҳад гирифт.
Соли айну шину қоф дар ғурраи моҳи Раҷаб,
Маҳдии охирзамон руи Ҷаҳон хоҳад гирифт.
НОСИРИ ХУСРАВ агар нодон надонад .гу надон,
Ахли дониш ин сухан дар гушу ҷон хоҳад гирифт!!!!!

Комментарии

Комментариев нет.