1 апр 2020

99 Номи Худованд

Аллоҳ – الله – Худои ягона ва офарандаи кулли мавҷудот.
Ар-Раҳмон – الرحمن – бахшоянда, меҳрубон бар махлуқот.
Ар-Раҳим – الرحیم – раҳмкунанда бар махлуқот
Ал-Малик – الملك – соҳибу фармонравои ҳамаи оламу махлуқот.
Ал-Қуддус – القدوس – муқаддас, холис аз костагиву гуноҳон.
Ас-Салом – السلام – сулҳу рифоҳу оромишдиҳанда бар махлуқот.
Ал-Муъмин – المؤمن – имондиҳанда ва эминдорандаи махлуқот.
Ал-Муҳаймин – المهيمن – нигаҳбону ҳомии махлуқот.
Ал-Азиз -العزيز – пуриқтидор, ғолибу чирадаст бар ҳама.
Ал-Ҷаббор – الجبار – мутеъкунанда, муқовиматнопазир.
Ал-Мутакаббир – المتكبر – бартар аз ҳама махлуқот.
Ал-Холиқ – الخالق – халқкунандаи тамоми мавҷудот.
Ал-Борӣ – الباری – офаридгор ва созандаи махлуқоту мавҷудот.
Ал-Мусаввир – المصور – шаклдиҳанда ва меъмори мавҷудот.
Ал-Ғаффор – الغفار – бахшанда ва омурзандаи гуноҳони махлуқот.
Ал-Қаҳҳор – القهار – ҳукмкунанда танҳо ба иродаи хеш.
Ал-Ваҳҳоб – الوهاب – хайру неъматдиҳанда бар махлуқот.
Ар-Раззоқ – الرزاق – тақсимкунандаи неъматҳои бар махлуқот.
Ал-Фаттоҳ – الفتاح – кушояндаи асрор ва мушкилоти махлуқот.
Ал-Ъалим – العليم – донандаи ҳама чиз.
Ал-Қобиз – القابض – кам ва маҳдудкунандаи ҳар чиро, ки хоҳад.
Ал-Босит – الباسط – зиёдкунандаи ҳар чизеро, ки хоҳад.
Ал-Хофиз – الخافض – залилкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад.
Ар-Рофеъ – الرافع – баландбардорандаи ҳар касеро, ки хоҳад.
Ал-Муиз – المعز – тақвият ва нусратдиҳандаи ҳар киро, ки хоҳад.
Ал-Музил – المذل – хору заифкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад.
Ас-Сомеъ – السميع – шунавандаи ҳама гуна сухани махфию ошкор.
Ал-Басир – البصير – бинандаи ҳама ошкору ниҳон.
Ал-Ҳакам – الحكم – довар ва ҳама ҳукм Ӯрост.
Ал-Адл – العدل – боадл ва адолат дар дасти Ӯст.
Ал-Латиф – اللطيف – соҳиби лутфи беандоза дар нисбати махлуқот.
Ал-Хабир – الخبير – бохабар аз ҳама ошкору ниҳон.
Ал-Ҳалим – الحليم – боҳилму нармдил дар нисбати махлуқот.
Ал-Азим – العظيم – бузург бениҳояту беандоза.
Ал-Ғафур – الغفور – афвкунандаи гуноҳон.
Аш-Шакур – الشكور – муташаккир нисбат ба бандагони мутеъ.
Ал-Ъалӣ – العلی – мутаол, беҳудуд баланду олӣ.
Ал-Кабир – الكبير- бузург ва чизе бо Ӯ баробар нест.
Ал-Ҳафиз – الحفيظ – муҳофизаткунандаи ҳамаи мавҷудот.
Ал-Муқит – المقيت – фароҳамсозандаи ҳастии махлуқот.
Ал-Ҳасиб – الحسيب – кифояткунанда барои бандагон.
Ал-Ҷалил – الجليل – шукӯҳманд ва бенуқсу бошаҳомат.
Ал-Карим – الكريم – саховатманде, ки дар карамаш коҳиш нест.
Ар-Рақиб – الرقيب – назораткунанда ба ҳоли махлуқот.
Ал-Муҷиб – المجيب – мушфиқу посухдиҳанда ба дархости бандагон.
Ал-Восеъ – الواسع – ҳамаро фарогирифта.
Ал-Ҳаким – الحكيم – донишмандтарин.
Ал-Вадуд – الودود – дӯстдори бандагони содиқи хеш.
Ал-Маҷид – المجيد – бошараф, бошукӯҳ, наҷиб.
Ал-Боис – الباعث – зиндакунанда дар рӯзи Қиёмат.
Аш-Шаҳид – الشهيد – шоҳиди аъмоли бандагон дар охират.
Ал-Ҳақ – الحق- ҳақ ва барқароркунандаи ҳақиқат.
Ал-Вакил – الوكيل – ваколатманд, оне, ки қобили эътимод аст.
Ал-Қавӣ – القوى – муқтадир, соҳиби иқтидори мутлақ.
Ал-Матин – المتين – устувор, барои тасмимаш ба василае бениёз.
Ал-Валӣ – الولى – дӯстдори бандагони бовафои худ.
Ал-Ҳамид – الحميد – лоиқи мадҳу ситоиш.
Ал-Муҳсӣ – المحصى – ҳисобдор, барои ҳама ҳад муқарраркунанда.
Ал-Мубдӣ – المبدئ – бунёдгузор, ҳамаро бо хиради худ офаранда.
Ал-Муъид – المعيد – баргардонандаи зиндаҳо ба мурдаҳо ва баръакс.
Ал-Муҳйӣ – المحيى – ҳаётбах ва зиндагардонанда баъд аз марг.
Ал-Мумит – المميت – миронандаи махлуқоташ баъди ҳаёт.
Ал-Ҳай – الحی – зинда, ҳамешаву ҷовид зинда.
Ал-Қаюм – القيوم – мустақил, новобаста аз касеву бениёз ба чизе.
Ал-Воҷид – الواجد – давлатманд, оне, ки ҳама дороӣ аз Ӯст.
Ал-Моҷид – الماجد – шукӯҳманд, соҳиби азамати бузург.
Ал-Воҳид – الواحد – якка, ягона, касе бо Ӯ баробар нест.
Ас-Самад – الصمد – абадӣ ва тағйирнопазир, мустақил.
Ал-Қодир – القادر – тавоно, қодир ба офаридану нобуд кардан.
Ал-Муқтадир – المقتدر – абарқудрат, касе иқтидори Ӯро надорад.
Ал-Муқаддим – المقدم – наздиккунандаи бандагони маҳбуби худ.
Ал-Муаххир – المؤخر – дуркунандаи бандагони бадкор аз хеш.
Ал-Аввал – الأول – ибтидокунандаи хилқат ва ҷовидонӣ.
Ал-Охир – الأخر – интиҳодиҳандаи хилқат ва ҷовидонӣ.
Аз-Зоҳир – الظاهر – ошкор, дар ҳама ҷо зоҳир.
Ал-Ботин – الباطن – махфӣ дар чашм, зоҳир бо нишонаҳояш.
Ал-Волӣ – الوالی – ҳоким, ҳукмфармои ҳама мавҷудот.
Ал-Мутаъолӣ – المتعالی – олитарин, болотар аз дарки махлуқ.
Ал-Барр – البر – накӯкору меҳрубон барои бандагони содиқ.
Ат-Таввоб – التواب – тавбапазири бандагони хеш.
Ал-Мунтақим – المنتقم – муҷозоткунанда, интиқомгир аз бадкорон.
Ал-Афув – العفو – авфкунандаи бандагон.
Ар-Рауф – الرؤوف – меҳрубон, дилсӯз.
Малику Мулк – مالك الملك – шаҳаншоҳи тамоми офаридагонаш.
Зулҷалоли Валикром – ذو الجلال والإكرام – соҳиби азамату илтифот.
Ал-Муқсит – المقسط – боадолат, дар ҳама кораш одил аст.
Ал-Ҷомеъ – الجامع – ҷамъкунандаи махлуқот барои подоши аъмол.
Ал-Ғанӣ – الغنی – доро, бениёз ва махлуқоташ ниёзманди Ӯ.
Ал-Муғнӣ – المغنی- ғанигардонанда касеро, ки хоҳад.
Ал-Монеъ – المانع – манъкунанда, боздоранда аз роҳи бад.
Аз-Зор – الضار – азбайнбаранда, нобудкунанда қабоили бадкорро.
Ан-Нофеъ – النافع – нафърасонанда касеро, ки хоҳад.
Ан-Нур – النور – равшанкунандаи роҳ барои бандагонаш.
Ал-Ҳодӣ – الهادی – ҳидояткунанда ба роҳи рост.
Ал-Бадеъ – البديع – офаринанда, мухтареъи офаридаҳояш.
Ал-Боқӣ – الباقی – абадӣ, ҷовид, фанонопазиранда, абадбоқӣ.
Ал-Ворис – الوارث – вориси ҳамаи офаридаҳояш.
Ар-Рашид – الرشيد – ба роҳи росту ҳақ баранда.
Ас-Сабур – الصبور – бурдбор, босабр, мӯҳлатдиҳанда!!!

Комментарии

Комментариев нет.