НОМА БА ТУИ АЗИЗ

Мани мискин надорам дар, ки меҳонат кунам, рӯзе,
Бибӯсам хоки поятро ва бо лаҳни ҷигарсӯзе: -
Қудумат нури дида, тоҷи сар, боло гузар, гӯям,
Зи шодӣ дар фазои омаданҳоят зи нав рӯям.
Ту чун хуршед дар боронгариҳои ҳаëти ман,
Ту нӯшдоруи ҷонбахшойи аз баҳри наҷоти ман.
Биë ҷоно, ки ман ҳам бе ту танҳову гирифторам,
Миëни даҳ миллиард одамин аз бекасӣ хорам!
Надорам кулбае ҷоно, ки ғамхорат шавам шоме,
Бинозам нозҳоятро, шавам ëри гуландоме.
Дар оғӯши фароху оташи меҳрат фано гардам,
Бимирам то наëбад васли нотакрор фарҷоме.
Туро дар дури дуриҳо, аҷоиб ëд кардам ман,
Ба мисли модашери ташнае фарëд кардам ман,
Ки шояд шери ҷайëн бишнавад он навҳаи ҷонсӯз,
Ману ӯқëнусу соҳил, қуми ҷаҳл бод кардам ман.
Надорам боғчаву ҳавлӣ, надорам хонаи хилват,
Маро ишқи ту бас бошад ба ин дунëи пуриллат.
Ба ëдам лаҳзаҳои бо ту будан мерасанд доим,
Парешонам, ки бе ту мемирам дар оғӯши ғурбат .
Аë шоҳзодаи афсонаҳои кӯдакии ман,
Ту аз кӯҳи баланди меҳр зангам мезани гоҳо,
Садоят барқосо бигзарад аз мағзи ҷони ман,
Худовандо, насӯзонам, ҳалимо, Демпаноҳо!
Ту дар фикри дигар боши, ту бо аҳли башар боши,
Мани аз одамон хаста, ғами кӯчак ба сар дорам.
Маро ëди Ватан дар дил, ту бо аҳли назар боши,
Чӣ медони, ки то чӣ ҳад, расида ҳолу авҳолам!?
Гули Зарди Заъфаронӣ.
12 июли соли 2025,, ИМА.

НОМА БА ТУИ АЗИЗ - 978049235962

Комментарии