Муллоëри ҷон бе ту аҷаб хор шудам,

Дар банди хаëли ту, гирифтор шудам,
Рафтиву барору баракот бурди зи хон,
Ман бар табассуму хандаат зор шудам.
* * * *
Додар додаре хумори рӯят гирад,
Ханда ба гулӯ, ҳавас ба дил мемирад,
Дар додари қадбаланди хушрӯм ҷонум,
Апат зи ғами дурии ту мемирад.
***
Ҷонум ҷонуме, додари беозорам,
Додари раис, сахии хушгуфторам,
Дунëра ба як пой бигаштам, лекин,
Дигар нафаре мислат нашуд ғамхорам.
***
Муллоëри ҷон, ëри ту ëрам бошад,
Бемор шудам, даме ғамхорам бошад,
Мо бо дили зор туро ба ëд меорем,
Дар боғи Ирам Аллоҳ канорат бошад!
Лаҳни ширинат ба ëди ман, ҷони апа,
Қалби бе кинат ба ëди ман, ҷони апа.
Дунë пури додарай, вале дар дили ман,
Ҷоят дигарай, ëдат кардам, ҷони апа.
Гули Зард
шаҳри Душанбе.
05.10.2025,

Муллоëри ҷон бе ту аҷаб хор шудам, - 978064025850

Комментарии

  • 7 окт 03:03
    Илло лиллохи ва илло алайхи рожиун. Чояш бихишт бод.
    Шумо ба Ватан баргаштед?
  • 7 окт 07:41
    Ягонкаса хафа намекард
  • 8 окт 14:05
    Аллохи мехрубон рахмату маFФират кунад ако Мулоёра!!
  • 3 ноя 17:28
    Худо рахмату магфираташ кунад хонаи охиратшро чанатуль фирдавс насибаш кунад Омин ва рабуль оламин