Комментарии
- 3 ноя 18:11Комил Комил
- 4 ноя 02:35Parvina Мamadjonova

- 8 ноя 04:15Шохмурод ШарифовБеҳтарин
- 13 ноя 07:43Абдухаким МуминовАхсан Апа бисер дард доред ба фикрам сабр кунед Худо хохад хамааш нагз мешавад Поени шаби сиех сафед аст Иншооллох хамчун афсона мешавад Зик нашавед хает хамин аст
- Пт 06:14ВАНУШ ЗАЙНАЛПУРАпачон худовандо Шуморо дармон бахшад ва сихату саломат шавед.Шумо мисли гул зебоед.Худованд нигахбонатон бошад.-Варкаи Зайниддин!
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Гули Зард
Дили ман суфра нест, бачаи ҷон,
Ки кушоям ба рӯи тахтаи хон.
То бубини чӣ дард дорад ҷон,
Шунави нолаи ҷигарсузи он.
Гили ман то зувола гаштани дил,
Хамиртуруш, намаку об чашид,
Шуриву тезиҳои қисмати
ман,
Ягон зани дигари даҳр надид.
Шикаста рехтани зан осон,
Шикаста норехтан, кори гарон,
Ба ҷаҳон бе ҷаҳон будан, о ваҳ!
Ин қадар мушкил аст, бачаи ҷон.
Каминаро ягон ғами олам нагирифт,
Ғами ту гандапир кард маро,
Паси симхори панҷаҳои шигифт,
То қиёмат асир кард маро.
Бачаи паҳлавони зебоям,
Ба ғамат хонаи дил ороям.
Ҳаваси некномият дорам,
Бигузорам, ки даме осоям.
Қолабам мондаву дармон намонд,
Номаву рози маро даҳр нахонд.
Гуфт: - сад офарини ту, Гули Зард,
Хабаратро ба гӯшам бод расонд.
Ба таваллову зикру зора манам,
Қисматам зӯр ва бечора манам.
Ҳавасу орзуву нақша дигар,
Ҳама як сӯ, ба ғам овора манам...
***
Эзоҳ ба пошхурдаҳои боло.
Салом ай ДӮСТ!
Ё додар,
ё хоҳар
ва ё хешам.
Салом бадхоҳ.
ё нодидагир,
ё шахси бадкешам.
Бидон, ки назм не!
Наср аст,
Он чӣ хонди дар боло,
Ба амри ҲАҚ
чунин гашта,
Ки худ ҳайрон
бар хешам.
Бале, насри равон,
Чун чашмаи қалбам,
Ки мегиряд
ба сад оҳанг,
Ва ҳар ними нафас
дар оҳу воҳ,
Туғёну исён аст,
Вой бар ман.
Гули Зард - Зардова Гули Давлаталиевна
28.12. 2019 сол.
Шаҳри Турсунзода.
.