Зиндагӣ охир чаро чашми дилам тар мекуни,

Роҳи худ аз ман ҷудо ҳар лаҳза дигар мекуни.
Косаи қалби маро пур карда аз хуни ҷигар,
Ҷоми заррин пеши худ лабрези соғар мекуни.
Дода дар пушти мани бечора сад бори гарон,
Қомати худ чун алиф монанди ар-ар мекуни.
Бар сари ман сад бало оварда аз ин он тараф,
Лек сари поёни худ болои минбар мекуни.
Талх месозӣ забону коми ман чун мӯмиё,
Ду лаби шӯри худат пур қанду шаккар мекуни
Ҷомаи дарвеширо бар ман тамасхур мекуни,
Ҷомаи зардӯзиро хандида аз бар мекуни.
Ман зи ту қасти ҳама номардиҳоят мегирам,
Мерасад рузе, ки бар ман қасти бовар мекуни. Аниси Ёқубиён.

Комментарии

  • 9 июн 2015 23:08
    ​ Офарин азизонам! Сарбаланду шод бошед.
  • 9 июн 2015 23:18
    Офарин ба шумо андар набарди зиндаги.
  • 10 июн 2015 09:58
    Офарин мошоллох
  • 10 июн 2015 10:08
    супер классс класс зиндаги зиндаги
  • 10 июн 2015 11:49
    Зиндаги махсус бахри бандаги.
    зиндаги бе бандаги шармандаги.
  • 10 июн 2015 11:58
    Гуши сар бо чумла хайвон хам дамаст гуши дил махскси насли одамаст гуш бояд бишнавад инро бикунад фикри чони ширинро
  • 10 июн 2015 13:04
    Зиндагӣ охир чаро чашми дилам тар мекуни,
    Роҳи худ аз ман ҷудо ҳар лаҳза дигар
    мекуни...
    Бехтарин!
  • 11 июн 2015 06:05
    Дар чашми туст шуълаи тасвири зиндаги,
    Дар дасти туст санъати такдири зиндаги,
    Дар байни ин талотуму тасхири зиндаги,
    Ёдат ба хайр, гар маро ҳам ёд мекуни!
  • 1 июл 2015 23:17
    Зиндаги монанди дарё авч дорад мавч дорад.
    Гох бар кахраш дарорад гох бар сохил барорад.
    Гох чарх аст руи мавчаш бози дорад.
    Зиндаги монанди дарё авч дорад мавч дорад...
  • 2 июл 2015 05:52
    ЗИНДАГИ  ман бо ту рузе  , харбае сар мекунам ,
    Ман туро чун сарнавишти хеш  , дигар мекунам .....!..
  • 12 авг 2015 18:54
    ОФАРИН.
  • 13 сен 2015 17:55
    Сипос азизони дилу дида, Худо шуморо ғамхор аст!
  • 13 сен 2015 19:50
    Бароям дар баландихо тамошои чахон созам,Дили пурхасрате дорам гиребон порахо созам.Агар гуям забон сузад нагуям магзи чон сузад, Агар дар дилл нигох дорам тамоми устухон сузад.
  • 13 фев 2018 21:10
    Зиндагӣ, то кай диҳӣ дард?
    Гаштааст аз ту дилам сард.

    Қасдат ин бошад ки барвақт,
    Навбаҳорамро кунӣ зард.

    Мегирад доим гиребон,
    Ғуссат дар гармиву бард.

    Мебарӣ аз ман қарорам,
    Ҳастӣ чун дуздони шабгард.

    Дар биёбони балоят,
    Кас набошад мисли ман фард.

    Ҳар чӣ хоҳӣ кардаам ман,
    То напиндорӣ, ки кам кард.

    Ман вафодорам ту аммо,
    Бевафо ҳастиву номард.

    Чаҳ канӣ дар роҳи ман то
    Аз ҷаҳон созӣ маро тард.

    Тахтаи шаҳмоту нардӣ,
    Донаи шаҳмотаму нард.

    Зиндагӣ, дар домани ту,
    Қисматам шодӣ наовард.

    Мекунам бо ту муросо,
    Зиндагӣ аз азми худ гард!

    Суди ин ҷабру ҷафо чист?
    Зиндагӣ, шав соате мард!
  • 13 фев 2018 22:00
    Зиндаги оинаи бешу камест.
    Хар шабе дар осмон стора нест.