Ҳамехоҳам шабе бошам дар оғӯшат,кунам бедор,

Туро бо бӯса аз хобат мани бечораи бемор.
Бигӯям қиссаи дарди дили ин нотавонамро,
Ки охир кай шавад ин дил, дили бедарду ғам,эй ёр.
Чу булбул нолаҳо дорам ба гӯши аҳду паймонат,
Набошад нолаи булбул, гул ҳам рӯзе шавад чун хор.
Чаро боре намепурсӣ, намегӯи чӣ ҳол дорам,
Қаландар гашта аз ишқат бигардам кучаю бозор.
Биё, фурсат ғаниматдону аз ҳолам бипурс боре,
Ки рӯзе меравам аз даҳр шави дар хоки поям зор.
Нишастам кӯчаи ғурбат тамоми умр дар кӯят,
Ту ҳам боре нишин чун ман ба болои сари девор.
Намехоҳам гули рӯят шавад паҷмурда он рӯзе,
Сарамро гар бубини ту кашол андар сари он дор.
Аниси Ёқубиён.

Комментарии

  • 25 сен 2016 14:42
    Салом! Чизе,ки худ аён аст ҳоҷат ба баёнаш чист.
  • 25 сен 2016 20:01
    Оличаноб
  • Комментарий удалён.
  • 25 сен 2016 20:12
    Чаро интур менависед дар хакикат ман дар ашори. Нихони хонда будам ман хато накардем бародар ва гаранг нестам
  • 25 сен 2016 20:20
    Агар тарс аз Худо дорен макунед харгиз дилозори.Ки озори дили мардум набошад расми инсони.Ба гуристон гузар карден бихонед ояти Куръони.Ки рузе мерасад бар зери хок хамаи мо  пинхонем.
  • 25 сен 2016 20:23
    Эй маро чӣ лозим аст,ки аз хоби шаб мондаву ба ин дарди пур аз ҷунун,ки аз овони кӯдаки дили маро макон кардааст ҳамболин бошам. Ман ба номи Аллоҳи бузургам,ки ин лутфро ба ман арзони додааст савганд мехурам,ки ҳама он чи,ки аз моли ман аст чун тифлакони аз дили пурдарди ман тавлид шудаанд.
     Шумо агар инсоф дошта бошед ҷои ин тӯҳмат якто аз китоби ман,ки музди ночизе нарх мондаам барои савобу дастгири бихаред.
  • 25 сен 2016 20:29
    Эй холиқи ман ту донои бубин,ки ту биноиву мо аъмо чӣ санги тӯҳмате бар сарам борон меоваранд. Ман ҳаволаашонро бар ту РАҲМХОРАМ мекунам:
        Гуфти: Аз Ҳофизи мо бӯи риё меояд,
        Офарин бар нафасат бод,ки хуш карди бӯй.
  • 25 сен 2016 20:34
    Хуш ба ҳолатон! Намедонам бародаред ё хоҳаред кифоя аст моро ғами дарди ҳазорон дилҳои дӯст,ки боз ранҷишу озори шумо бор шуд:
      Аҳволи ман мапурс,ки бо сад ҳазор дард,
      Мебоядам ба дарди дили дигарон расид.
                                       (Соиб)
  • 25 сен 2016 20:40

    Лоақал чашматон калон бикшоеду айнак аз чашми дилтон бардореду аниқ назар андозед,ки инҷо чӣ гуфтаем:

    Ҳамин дунё,ки дил бурдаст ба дилдодан намеарзад,

    Набошад рӯзи фардояш ба хушгуфтан намеарзад.

    Зи дунболаш кашол кардаст,ману боз чанд мани дигар,

    Зани сад шавҳаре гаштаст,ки бар дидан намеарзад.

    Накардаст ҳеҷ вафо ҳаргиз намехоҳад вафо кардан,

    Шаби қадру ғаниматро ба ҳайф кардан намеарзад.

    Гузашт рӯзҳо зи умри мо ба ғафлат аз паи молаш,

    Сад афсӯсо,ки ин молаш ба гӯр бурдан намеарзад.

    Ҳазорон мардҳоро кушт ҳанӯзам боз дар куштан,

    Ҷаҳони наркушу номард ба ҷонкандан намеарзад.

    Набуд гар тоаташро фарз дар ин вайрона ободӣ,

    Худо шоҳид,ки ин дунё ба ин будан намеарзад.

    Бихон панҷвақт намозатро Анис, дар хок мепурсанд,

    В-гарна зистанат ҳеҷ аст ба як мурдан намеарзад.
                                           Аниси Ёқубиён.
  • 25 сен 2016 20:44
    Бародар агар ман. Шуморо озор дода бошам узур мумкин хато кардам лок эчодиятонба мувафакият хохонам бигзор каламатон хамеша бурро ва суханатон пур аз мехру вафо бошад як бори дигар узур
  • 25 сен 2016 20:48
    Пеш аз гуфтор андеша бояд кард.
    Бехуд нагуфтаанд:
    Гар сухане бар сухане зам куни,
    Катрае аз хуни чигар кам куни.
    Мехнати пурмашаккати шоирро бо суханони пуч олудаи нобовари кардан ин аблахие беш нест.
  • 25 сен 2016 21:05
    Ман албатта мебахшам ба он хотир,ки дигар забонро аз гуфтани бӯҳтон нигаҳ доред:
        Забон дар даҳон чист эй хирадманд,
        Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
    Худованд танфиқу инсофи бандагетон бидиҳад бародари азизам:
        Банда ҳамон беҳ,ки зи тақсири хеш,
        Узр ба даргоҳи Худой оварад
        В-арна сазовори Худовандиаш,
        Ӯ натавонад,ки ба ҷой оварад.
                             (Ҳазрати Саъдӣ)
  • 25 сен 2016 21:42
    Бародар ман бухтон назадаам ман факат хатогиямро ислох кардам ки шумода малол расид боз як бори дигар узур
  • 25 сен 2016 21:57
    Ашори. Шуморо дар хакикат ман мутолиа накардаам агар мумкин бошад гап мезадед аз кучо дастрас кардан мумкин,
  • 26 сен 2016 11:00
    Дар ҳамон статусам назар намоед онҷо хабардор кардаам бародари азиз!