ҲАМИН ДУНЁ АЗ ОНИ МОВУ ТУ НЕСТ...

Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест,
Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест.
Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.

Зану мардему ё пиру ҷавонем,
Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем.
Агар сад соли дигар зинда монем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.

Ҳазорон сарвату давлат бубинем,
Гурусна чун фақире дона чинем,
Ба охир мо ҳама зери заминем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.

Агар боши фалон ибни фалони,
Ки охир сар ба хоки тира мони,
Аё банда макун асло калони,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.

Ба давлат одаму соҳиби моли,
Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли,
Дар охир мерави ту дасти холи,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.

Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст,
Ба дунё ман-мани кардан хато аст,
Зи Ҳоким ин суханҳо як нидо аст,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҷаҳон аслан аз они мову ту нест!
ҲАМИН ДУНЁ АЗ ОНИ МОВУ ТУ НЕСТ...

Комментарии

  • 29 апр 15:53
    Фотография
  • 29 апр 15:59
    Андӯҳи дили худро танҳо ба Худо гӯед,
    Не ҷониби инсонҳо, бар сӯи само гӯед.
    Як гӯш шунид асрор, садҳои дигар огаҳ,
    З-ин рӯ зи сири ботин бар гӯши ҳаво гӯед.
    Чун хаста шудем аз ғам, аз торикиву мотам,
    Аз савти рубоби дил, аз созу наво гӯед.
    Ҷое, ки муҳаббат ҳаст, ишқ ҳасту рафоқат ҳаст,
    Аз кинаву бадхоҳӣ пайваста чаро гӯед?
    Бар таскини ғамдида чун марҳами дарди ӯ
    Бо нармиву ғамхорӣ як ҳарфи даво гӯед.
    Аз лаънату аз дашном суде нарасад, ёрон,
    Беҳ аст, ки Худо гӯед, беҳ аст, ки дуо гӯед...
  • 29 апр 16:01
    Ассалому алейкум
  • 29 апр 16:02
    Алейкум салом хубен.
  • 29 апр 16:04
    Алхамдулиллох хубам хдут сози
  • 29 апр 16:05
    Чи хол дори камнамои бади хаму ангурда богбон шданм дигар намегапи катим богбонокати гап намезани чи 🤣🤣
  • 29 апр 16:06
    Хамавакт хуб бошен иллохо Шукронаи Худои бузург манам хубам .
  • 29 апр 16:07
    Саломату сарбаланд доим бо чехраи хандону хушхол боши
  • 29 апр 16:10
    Рахмат Худованд аз шумо рози бошад.
  • 29 апр 16:11
    Илохо омин!.
    Обод бошен баракот биёбен
  • 29 апр 16:12
    Э нее богбон шуден хуб карден оо набудедку шумо .
  • 29 апр 18:30
    Бархез то аҳди амонат вафо кунем,
    Таққсирҳои рафта ба хидмат қазо кунем.
    Бе мағз буд сар, ки ниҳодем пеши халқ,
    Акнун фурӯтанӣ ба дари Кибриё кунем.
    Дорулфано кирои мараммат намекунад ,
    Биштоб то иморати дорулбақо кунем.
    Дорушшифоӣ тавба набастаст дар ҳанӯз,
    Ҳар дарди маъсият ба тадорук даво кунем.
    Рӯй аз Худо ба ҳар чӣ кунӣ ширки холи аст ,
    Тавҳиди маҳз к-аз ҳама рӯ дар Худо кунем.
  • 30 апр 11:04
    Зиндагии ин дунё нест,чуз бозиву бехудаги ,ки дилхо бо он саргарм мешаванд ва баданхо бози мекунанд .
    Ба сабабе ки дар он зебу зинатхо ва шахватхо ороста шудааст.
    Бад аз он зуд аз байн меравад .
    Ва зиндаги чахони охират,зиндагии ростин аст ,агар мушрикони ин дунёи фониро медонистанд хеч гох бар сарои абади тарчех намедоданд .29/64
  • 1 мая 01:57
    Эй дуст дар сафар ёри хуб бош,
    Ки ин роҳро ҳазорон хатар аст .
    З-ин умри кам дар ҳазар бош ,
    Ки бассо ин дунёро ҷангу ҷадал аст.
    Биё эй дуст бар ҷисми худ нанозем,
    Ки ба охир ин ҷисмҳо зери хок аст.
    Дар бандагии худ мусаллаҳ бошем
    Ки он охиратро иқоби сахт аст.