Салому сад салом, ай модари ман, Салом, ай модар, ай болу пари ман.

Бигуям рузи идатро муборак, Ҳумои бахти ман, тоҷи сари ман. Ту азбас ранҷҳо бурдӣ бароям, Гирифтӣ рост кардӣ дасту поям. Шудам чун марди роҳи зиндагонӣ, Суруди ишқу меҳрат месароям. Аё модар шавам қурбони руят, Шавам қурбони ҳар як тори муят. Бигуям таҳният сад бори дигар, Муборак бод ин рузи накуят.

Комментарии

Комментариев нет.