БАРОИ МУХОЧИРОН Дар Русия , байни мардум зору хайрон, точикам.

Нест чои кору хобат - кучасарсон, точикам. Шахр рафтию ба ногах хуччатат пурсад касе. Хотири ошуфтаат гардад парешон, точикам. Аз сахар то шом мехнат мекуни мардонавор. Мондагиатро нафахми, оханинчон, точикам. Дар хама объектхо ашки чабинат рехти. Музди коратро надодандат, пушаймон, точикам. Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур. Хоби шабхоят парад бо ёди онон, точикам. Сар ба оташ мезани хох оташ асту хох об. Бо машакатхо биёби бурдаи нон, точикам. Тирамох вакти сафар ояд туро суи Ватан. Мепари бе болу пар бар Точикистон, точикам. Нести танхо бародар гам махур монанди ту. Ман яке аз мардикорони газалхон, точикам. Хам нагардад коматат аз кору бори зиндаги. Ай Худо, ояндаат гардад дурахшон, точикам. Рафта бар дархои хар як кордоре ноилоч. Мекуни кори варо бо нархи арзон, точикам. Гарчи монанди ту бошад узбаку турку хахол. Ту намеёби миёни чумла армон, точикам. Дар сарат фикри падар, модар, бародар, хонаат. Сарфи корат тую хам гахворабандон, точикам. Мехури ин чо ту танхо равгану тухму хлеб. То пули худро расони бар зимистон, точикам. Чун расиди бар Ватан бо маблаги русии худ. Курси русият шавад бар хок яксон, точикам. Ман намедонам, ту хам, охир намедонад хама. То ба кай бошем гарибу зору сарсон, точикам. Хонда ин шеъри ману ту хар касе дар сайтхо. Мешавад гах шоду хандон, гох хайрон, т очикам. Мо хама аз асли поки Рудакиву Хофизем. Зинда боши миллати шеъру сухандон, точикам!

Комментарии